БОЗОРИ КУШОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ 164 КИШВАР

161

Кишвари мо бояд воридшавиаш ба Созмони ҷахонии савдоро ҳамчун платформа барои васеъ намудани бозор ва беҳтар сохтани вазъи иқтисодии худ истифода намояд

Ҳанӯз 10 декабри соли 2012 дар Женева Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пазируфта шуд ва моҳи марти соли 2013 пас аз тасдиқи Созишнома дар парлумони кишвар, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он гардид. Ҳамин тавр, Тоҷикистон 159-умин давлати дунё ва дуюмин кишвари Осиёи Миёна буд, ки узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шуд. Пештар аз мо Қирғизистон узвияти ин созмонро соҳиб гардид.

 

СУС чист?

Раванди шомилшавии Тоҷикистон ба СУС

Йован Йекич, сармушовир оид ба масъалаҳои СУС/ дар лоиҳаи  USAID  оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва ҷойҳои кории дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ӯ дар дар раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо чун мушовири асосӣ аз ҷониби Тоҷикистон ширкат варзид ва ҳоло низ фаъолияташ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ин масъала марбут аст. Ҷаноби Йекич зимни суҳбат бо мо қайд намуд, ки раванди шомилшавии Тоҷикистон 11 сол идома ёфт ва дар ин муддат Тоҷикистон мебоист қонунгузории худро, ки ба савдо алоқаманд аст, тағйир дода, ба талаботи СУС ва ҳамаи созишномаҳои дигар мувофиқат мекард.

“Корҳои зиёде амалӣ гардид. Бисёр чиз тағйир ёфт. Масалан қоидаҳое, ки сертификатсияи ҳатмии маҳсулот мансубанд. Вақте мо корро оғоз намудем, қариб тамоми маҳсулот мавриди сертификатсияи ҳатмӣ қарор мегирифтанд, аз ҷумла реге, ки аз дарёи Душанбе мегирифтанд. Агар ба феҳристи гумрукӣ нигоҳ кунед, қариб 10 ҳазор номгӯи маҳсулот вуҷуд дошт, ки барои онҳо бояд Тоҷикстандарт сертификат медод. Дар натиҷаи тағйири қонун каме бештар аз 2 ҳазор номгӯи маҳсулот боқӣ монд, ки воқеан бояд аз сертификатсия гузаранд. Агар қонунгузории ҳозир ва 8-10 соли пешинро аз назар гузаронед, мебинед, ки фарқ хеле бузург аст. Алабатта қабули қонун дигар ва он чӣ гуна татбиқ мешавад, дигар аст. Вале алҳол қонунгузории Тоҷикистон пурра мувофиқи қоидаҳои СУС мебошад”- фикр дорад Йован Йекич.

Тоҷикистон аз узвият ба СУС чӣ гирифт?

Йован Йекич дар бораи махсусиятҳои аъзои СУС низ суҳбат намуд:

СУС созмоне нест, ки ягон маблағ ё имтиёз тақсим кунад. Вале он платформа ва маҷмӯи имкониятҳоро фароҳам меорад, ки онҳоро истифода бурда, метавон вазъият дар кишварро беҳтар намуд. Ин манфиатҳо метавонанд сиёсӣ бошанд, зеро нигоҳ ба ин кишвар тағйир меёбад. Ҳоло 164 кишвар аъзои СУС мебошанд, қисмати аксари давлатҳои дунё ва боз 20 кишвар дар равнди шомилшавӣ қарор доранд. Дар чунин доира қарор надоштан воқеан қобили шарҳ нест. Ғайр аз ин СУС платформае мебошад, ки дар он масъалаҳои муҳими иқтисодӣ муҳокима мегардад, ки қарори дар натиҷаи он қабулшударо ҳамаи аъзои СУС ба амал татбиқ менамоянд.

Уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон иҷро кард ва накард….

6 майи соли 2015 Тоҷикистон Созишнома оид ба соддакунии расмиёти савдоро тасдиқ намуд. Ин нахустин созишномаи бисёрҷонибаи савдо мебошад, ки дар доираи СУС қабул гардид. Гуфта мешавад Тоҷикистон аллакай онро мавриди татбиқ қарор дода, дар заминаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо Кумита оид соддакунии расмиёти савдо таъсис дод, ки феълан фаъолият дорад. Ҳадафи ин созишнома аз гардиши нисбатан самараноки молҳо бо кам кардани хароҷот иборат аст. Ғайр аз ин, тибқи хабарҳо Ҳукумати Тоҷикистон пас аз шомилшавӣ ба СУС дарҳол Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро қабул намуд. Дар он тамоми номгӯи уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст, аз ҷумла гузаронидани ислоҳотҳо бо муҳлати муайяншуда ва идораҳои масъул зикр гардидааст.

Собиқ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо бо СУС Саидраҳмон Назризода зимни мусоҳибаи худ дар қароргоҳи СУС оид ба иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон чунин изҳор намудааст:

Видео (манбаъ: http://www.wto.tj/ru/press-centr/video/207/)

Вале ба назари бархе аз коршиносон Тоҷикистон то ҳанӯз уҳдадориҳои худро, ки дар “Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо” зикр шудаанд, иҷро накардааст. Ҳол он ки он бояд то соли 2015 амалӣ мегардид. Аз ҷумла уҳдадориҳо оид ба бекор намудани боҷи гумрукӣ барои тайёраҳои гражданӣ ва тасдиқ намудани Конвенсияи Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсионӣ (ITU) ва дар заминаи он баррасӣ намудани масъалаи азнавсозии сохтори Хадамоти алоқа ва Кумитаи телевизион ва радио, инчунин гузаронидани ташхиси техникӣ-иқтисодӣ ва дар сурати мувофиқат сохтани оҷонсии ягона оид ба телекоммуникатсия ва пахш то ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтаанд.

Агар Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад…

Саволе, ки гоҳҳо дар маҳфилҳои таҳлилгарон пайдо мешавад, ба масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёст. Душанбеи расмӣ то имрӯз дар ин мавзӯъ мавқеи қотеонаи худро нагуфтааст ва танҳо ишора мекунад, ки “ин масъала дар ҳоли омӯзиш аст”.

Бо ин вуҷуд, дар сурати пайвастан ба ин иттиҳод, ки аз он бештар ба сифати як созмони сиёсиву идеологии Кремл ном мебаранд, оё дар сиёсатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва талаботи СУС чизе тағйир меёбад?

Ин суоли нисбатан душвор аст. Ва он бештар ҷанбаи сиёсӣ дорад, Дарвоқеъ, агар Тоҷикистон бихоҳад узви ин Иттиҳод шавад, суоле ба миён меояд, ки ҳуқуқи аъзои дигари СУС, ки дар ҳамаи ин созишномаҳо зикр шудааст, чӣ мешавад? Махсусан, ки дар байни аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё савдои бидуни боҷу хироҷ ҷорӣ хоҳад шуд ва кишвар нисбат ба дигарон дорои мавқеи судмандтар хоҳад гашт. Дар он сурат Тоҷикистнро лозим меояд, ки ин манфиатро бо дигарон низ тақсим кунад.   Арзиши он хеле гарон хоҳад буд! Суоле ҳам пайдо мешавад, ки Тоҷикистон ин маблағро пайдо мекунад? Тоҷикистон барои ҷуброн намудани аъзои дигари СУС маблағ надорад ва ба фикрам ин яке аз нуктаҳои асосии гуфтушунидҳо хоҳад шуд. Ба ҳар сурат, ин масъала доимо мавриди муҳокима қарор мегирад, вале то ҳанӯз қарори ниҳоӣ нест, мегӯяд Йован Йекич.

Таҷрибаи кишварҳои дигар пас аз вуруд ба СУС

Йован Йекич тавсия медиҳад, ки Тоҷикистон бояд ҳарчӣ бештар Созмони Умумиҷаҳонии Савдороро чун платформа барои васеъ намудани бозор ва беҳтар сохтани вазъи иқтисодӣ истифода барад. Ба гуфтаи ӯ барои тиҷорати Тоҷикистон бозори 164 кишвар кушода аст ва бояд аз ин имконияти хуб истифода бурд.

Атохон Ғаниев