ДАР ТОҶИКИСТОН ФАРОГИРИИ ХОНАНДАГОН БА МАКТАБ 99,9% БУДААСТ

122

Вале хонандагон шикоят доранд, ки фарзандонашон дар синфхонаҳои аз 30 то 40 нафар пур таҳсил мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши мактабҳо хабар дода, мегӯянд акнун дар мамлакат мушкили синфхонаву макотиб ҷо надорад, ки волидон шикояти дигарро ба миён мегузоранд.

Хуршед Фозилов, сокини шаҳри Панҷакент зимни суҳбат бо мо гуфт, ки барои фарзандаш дар синфи русии мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-и шаҳри Панҷакет ҷо наёфтааст:

  • Ба ман гуфтанд, ки то 50 нафар довталаб дар ин синф пайдо шудаасту ҷо надоранд. Ҳамчунин ин мушкил дар синфҳои тоҷикии ин мактаб низ ба назар мерасад. Аз он ки дар синфи русӣ ҷо набуд, ҳуҷҷатҳои духтарамро ба синфи тоҷикии ҳамин мактаб супоридам, ки он ҷо ҳам гуфтанд, аллакай 40 нафар хонандаро қабул кардаанд.

Хуршед мегӯяд барои қабул шудани фарзанди ӯ ва дигар довталабон дар ин синфҳо роҳбарияти мактаб пеши онҳо шарти хос гузоштаанд: “ БАРОИ ФАРЗАНДАТ МИЗУ КУРСӢ БИЁР!”

Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вуҷуди ин мушкилро инкор намекунанд, аммо мегӯянд  он ба чанд омил бастагӣ дорад. Аз ҷумла, тамоили афзоиши хонандаҳо сол ба сол, ки аз афзоиши нуфуси аҳолии мамлакат бармеояд.  Онҳо, аз ҷумла аз зиёдшавии ҳамасолаи синфҳои як ба мактаб мисол меоранд, ки масалан имсол назар ба соли гузашта 5000 нафар бештар будааст.

Эҳсон Хушвахтов, сухангӯи ин ниҳод мегӯяд, дар қиёс ба вилоятҳо зиёдшавии хонандагон, махсусан дар вилояти Хатлон, дар миёнаи шаҳру новоҳии тобеи кишвар бошад, зиёдтар дар ноҳияи Рӯдакӣ раванди афзоиши хонандагон ба назар мерасад.

Бо ин вуҷуд, масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯянд, дар умум фарогирӣ ба муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 99,9%- ро ташкил медиҳад ва ин гувоҳи он аст, ки дар ҷумҳурӣ норасоии мактаб нест: “Танҳо дар он шаҳру навоҳӣ, ки дар давоми 1 ё 2 сол деҳаҳои нав бунёд мешаванд, барои як давраи муайян баъзан норасоии мактаб ба назар мерасад”- мегӯяд Эҳсон Хушвахтов.

Гуфта мешавад, дар сурати афзоиши теъдоди хонандаҳо ва норасоии синф барои таҳсил мушкили дигар – низоми таълим дар 3 баст пайдо мешавад. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муассисаҳое, ки аз рӯйи 3 баст таҳсил менамоянд, дар нақшаи иншооти сохташавандаи соҳаи маориф ворид шуда, сохтмони онҳо то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ анҷом мегирад. Масъулини вазорат мутмаинанд, ки ин мушкил то таҷлили ин ҷашн роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро барои сохтмони мактабу синфхонаҳо на танҳо маблағҳои буҷаи давлатӣ, балки соҳибкорон низ масраф мешавад. Ҳамчунин дар бархе ноҳияҳо мардум ба тариқи ҳашар дар сохтмони мактабу синфхона ба ҳукуматҳои маҳаллӣ дасти кӯмак дароз мекунанд.

Аммо то замоне, ки масъулин ваъда медиҳанд мушкилро ба пуррагӣ ҳал мекунанд, ба гуфтаи волидон фарзандони онҳо дар синфхонаҳои аз 30 то 40 нафар хонанда пур таҳсил хоҳанд кард, ки ин ба донишомӯзии онҳо бетаъсир намемонад. Ҳарчанд Вазорати маориф ва илм меъёри мушаххас муқаррар намудааст, ки тибқи он дар як синфхона набояд аз 25 нафар бештар таҳсил намояд.

Эҳсон Хушбахтов, сухангӯи ин ниҳод, дар суҳбат бо мо гуфт дар ин гуна ҳолатҳо, бештари маврид ҳукуматҳои маҳаллӣ гунаҳкоранд, чун маҳз онҳо маблағгузори сохтмони мактабу синфхонаҳоро анҷом додаанд, мушкилоташонро пинҳон менамоянд ва баъзан вақт чанд синфро барҳам медиҳанд, ки ҳолати афзоиши хонандагон дар як синф пайдо мешавад. Ӯ аз ҷумла, аз як матлаби нашршуда дар ҳафтаномаи “СССР” мисол овард, ки дар он падару модарони панҷакентӣ аз вуҷуди чунин мушкил шикоят доштанд. “Вақте ба шӯъбаи маорифи шаҳр муроҷиат кардем, посух доданд, ки ин ҳолат дар паи барҳам додани як синф ба миён омадааст. Аммо чун маблағгузори ин сохтмон мақомоти маҳаллист, мо аксари вақт таъсир расонида наметавонем”.

Мижгона Ҳалимова, махсус барои “Дата – журналистика”