ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНД МЕТАВОНАД БА МОДАРАШ ДАРОМАДИ МОЛӢ БИЁРАД?

1032

Дар замони шӯравӣ мегуфтанд, ки модарони тоҷик ва Осиёи Миёна барои он зиёд таваллуд мекунанд, ки аз ин ҳисоб даромади зиёди оилавӣ пайдо мекунанд

Созмони “Наҷоти кӯдакон” ё худ «Save The Children» ҳар чанд сол таҳқиқоте анҷом медиҳад, ки “Роҳати модару кӯдак дар кишварҳои олам” ном дошта, дар он аз рӯи чанд меъёр, аз ҷумла вазъи иҷтимоии модарон, масоили вобаста ба фавти модар, имконияти кӯдаконе, ки то сини 5-солагӣ зинда мемонанд, ба зарфияти мамлакатҳо баҳо дода мешавад. Бар асоси татқиқоти ин созмон, ки миёни 178 кишвар гузаронида шудааст, аз кишварҳои пасошӯравӣ мақоми нисбатан беҳтарро Беларус,  Русия ва Украина доранд, ки мутаносибан дар ҷойҳои 25,  56 ва 69  ҷой гирифтаанд.

Мақоми охирини ин таҳқиқотро Сомалӣ касб намудаву дар мақоми 178 меистад. Тоҷикистон миёни ин кишварҳо ҷои 127-умро ишғол кардааст.

Яке аз нуктаҳои муҳими ин таҳқиқоти “Save The Children” ба он равона шудааст, ки ҳукумати кишварҳо барои модару кӯдаки навзоди ӯ ва то синни 1-1, 5 солагӣ расидани тифл кадом шароитҳоро муҳайё мекунанд. Зимнан, кӯмакпулии ихтисосдодаи ҳукуматҳо барои модару кӯдак дар ин таҳқиқот ҷойгоҳи муҳимро касб мекунад.

Дар замони шӯравӣ ба модарони тоҷик ва халқҳои дигари Осиёи Миёна баъзан таъна ҳам мезаданд, ки аксари вақт барои гирифтани “12 сӯма” – пуле, ки давлат барои нигоҳубини кӯдак ба модар таи як сол медод, зиёд таваллуд мекунанд. Воқеан, он замон ин маблағ пули каме набуд.

Ҳоло ҳам дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки барои тавлиди фарзанд ва нигоҳубини он барои волидон маблағҳои ҳангуфт ихтисос медиҳанд ва ба онҳо шароити олӣ фароҳам меоранд. Лутфан ба инфографикаи мо таваҷҷуҳ намоед:

Аммо, агар ба суроғи кишварҳои ба мо наздик равем, бар асоси маълумоти чопшуда Тоҷикистон миёни чаҳор мамлакати Осиёи Миёна ва Қазоқистон аз ҳама кӯмакпулии кам барои модару кӯдак медодааст.

Тибқи қавонини Тоҷикистон корфармо барои таваллуди кӯдак ба модаре, ки кор мекунад, 100 фисади маошашро як дафъа дода, иловатан ҳар моҳ 50-сомонӣ пардохт мекунад.  Барои таваллуди  аввал, дуюм ва кӯдакони минбаъда ин меъёр аз ҳам фарқ дорад, ки онро дар инфографикаи поин дида метавонед.

Вале барои як кӯдак дар як сол чиқадар маблағ лозим асту маблағи додаи давлат ба чӣ чизҳо мерасад, ин ҷо бубинед!

Кам будани дастгириҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумат барои нигоҳубини кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд модару кӯдак таи солҳои охир ба мушкилоти зиёди ҳалталаб  рӯ ба рӯанд. Хоса бо он ки модари тоҷик то ҳанӯз серфарзанд аст, масъалаи асосӣ муносибат бо  ӯст. Аз ҷумла, модарон барои сайругашт баровардани тифл, ки хеле муҳим аст, вақт намеёбанд, дар ҳолати бемории фарзанд ба духтур саривақт муроҷиат намекунанд, ба тифли навзод шири модар намедиҳанд, ё кам медиҳанд. Ҳарчанд масъулин иддао доранд, ки маъракаҳои зиёди баргузоркардаи онҳо моҳияти синамаконӣ ба тифли навзодро бештар ва ҳамин тавр тамоили беморшавиву маргу мири модару кӯдакро кам кардаанд, аммо татқиқоти тиббӣ – демографӣ дар соли 2017 муайян кардааст, танҳо 32 фоизи модари тоҷик ба фарзандони худ шири модар медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки як таҳқиқоти мо дар мисоли ду кӯдаки як модар – Умарҷон ва Сокина нишон дод, ки ҳам хароҷоти молиявӣ ва ҳам хавфи ба бемориҳо дучор шудани кӯдаконе, ки шири модар мехӯранд, бамаротиб камтар аст.

Санавбар Раҳматуллоева, сармутахассиси Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аслан модарони тоҷик ба фарзанди аввали худ таваҷҷуҳи бештар намуда, ба кӯдакони 2-юм ва 3-юмашон камтар аҳамият медиҳанд. Зимнан, масъалаи риоя намудани фосилаи таваллуд бисёр муҳим аст.

Ба гуфтаи ин мутахассис модарон бояд то сини 2-солагӣ бо фарзандони худ зиёдтар машғул шаванд, зеро тамоми ҳуҷайраҳои маънавӣ дар кӯдак дар ин сину сол инкишоф меёбанд: “Мо чигуна бо кӯдак то 2-солагӣ муносибат кунем, аз ҳамин вобастагӣ дорад, ки дар оянда дар мактаб аълхон мешавад, ё бадхон. Модарон мегӯянд кӯдак то 2-солагӣ ҳеҷ чизро намефаҳмад, вале чунин нест. Ҳар чизе, ки мо мегӯем, новобаста аз чандвақта будани  кӯдак ӯ ҳамаро мефаҳмад ва дар майнаи сараш сабт мекунад”.

Коршиносон мегӯянд дар баробари пешрафту тараққиёти ҳар як давлат мушкилие вобаста ба модару кӯдак вуҷуд дорад ва ин раванд бояд аз ҷониби давлат сармоягузорӣ шавад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон бо бемории нуқсони модарзодии дил таваллуд шудани кӯдакон масъалаи хеле муҳим аст, ки шумораи онҳо аз 4 то 5,5 ҳазорро дар бар мегирад.

Санавбар Раҳматуллоева мегӯяд, ки мушкилиҳои модару кӯдакро танҳо ба уҳдаи ҳукумат ҳам гузоштан имкон надорад. Роҳҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки ин масоилро имкони ҳал кардан дорад. Тавре ӯ аз як минтақаи Тоҷикистон мисол меорад:

Муаллиф: Мижгона Ҳалимова