Тоҷикистонро гиперинфлятсия дар пеш аст?

107

Вақте интизорӣ ва умед ба хуб шудани вазъи иқтисодӣ дар Русияро дорем…

Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2018  маоши коргарон ва нафақаи мардуми бознишастаро аз 15 то 20 дарсад афзоиш дод. Бо ин иқдом ҳукумат мехоҳад дар замони авҷи таварруми сомонӣ  тавони хариди мардумро таъмин кунад. Дар ҳоле, ки бар асоси таҳлилҳои Сандуқи байналмилалии пул (МВФ) болоравии мизони таварруми сомонӣ ва афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон боиси афзоиши фақр дар мамлакат шудааст.

Ба ҳамин делел Сандуқи байналмилалии пул шумораи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро дубора тасниф кардааст. Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон қарзи берунии кишвар 2 миллиарду 284 миллион долларро ташкил медиҳад, ки баробар ба 39,4 дарсади ҳаҷми маҳсулоти нохолиси дохиди (ВВП) кишвар аст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми қарзҳои берунӣ, ки давлат тазмини пардохти онҳоро додааст, 23,3 миллион доллар мебошад. Аммо миқдори қарзҳои берунӣ, ки корхонаву ширкатҳо доранд ва давлат тазмини пардохти онро надодааст, ҳудуди 31,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад барои иҷрои чанд барномаи дигар то соли 2019 ҳудуди як миллиард, дақиқан 967 миллион доллари изофӣ қарз бигирад.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон танҳо аз Сандуқи байналмилалии пул дар соли 2018 ба 108  миллион доллар баробар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон барои коҳиши мизони қарзи берун дар соли 2018 на як миллиард, балки 165 миллион доллар ихтисос додааст.

Арқоми пешниҳодкардаи Сандуқи байналмилаии пул дар бораи қарзи берунии Тоҷикистон аз маълумоти ироакардаи ҳукумати кишвар фарқ мекунад. Бино ба иттилои Сандуқи байналмилалии пул қарзи берунии Тоҷикистон 3 миллиарду 700 миллион долларро ташкил медиҳад, ки баробар ба 61,4 дарсади ҳаҷми маҳсулоти нохолиси дохилии Тоҷикистон (ВВП) аст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ 2 миллиарду 900 миллион доллар қарзи берунӣ ва 770 миллион қарзи дохилиро ташкил медиҳад.

Профессор Нина Андропова аз кафедраи робитаҳои байналмилалии иқтисодии РУДН далели аслии камбизоатии мардуми Тоҷикистон ва заъифии иқтисодии мамлакатро дар коҳиши воридоти маблағ аз хориҷи кишвар арзёбӣ мекунад.

Ба назари коршиносони дигар низ ҳукумат бояд ба умеди маблағи воридотии муҳоҷирини корӣ нашуда, бо бунёди корхонаҳои тавлидӣ муҳоҷирони кориро дар дохили кишвар ба кор таъмин кунад. Ба ақидаи ҳамин коршиносон, то замоне, ки корхонаҳои тавлиди маҳсулот дар Тоҷикистон сохта ва фаъол нашаванд, иқтисоди ҷумҳурӣ сол то сол заифтар ва мизони таварруми сомонӣ боло мераваду мардум бенавотар хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, агар интизорӣ ва умед ба хуб шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия ва дигар кишварҳо, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон ҳузур доранд, то 5-6 соли дигар идома пайдо кунад, дар он сурат ҷумҳуриро гиперинфлиятсия дар пеш аст. Дар ин сурат, ҳукумат наметавонад бо 15-20 дарсад боло бурдани ҳуқуқи моҳонаи коргарон пеши роҳи таварруми сомониро бигирад.

Воқеан, ин бори аввал нест, ки коршиносон дар ин маврид ҳушдор медиҳанд. Ба назари коршиносон беш аз 25 сол аст, ки мизони савдои берунии Тоҷикистон манфӣ боқӣ монда, маҳсулоти содиротӣ бамаротиб кам шудааст. Барои мисол Тоҷикистон ҳамасоли ҳудуди 3 миллиард доллар маҳсулоти мухталифи ниёзи мардумро ворид мекунад. Дар муқобил мизони содироти Тоҷикистон ба хориҷа ҳудуди 700 миллион доллар аст. Ҳудуди 2 миллиард доллар хароҷот нисбат ба даромади ҳамасола дорем, ки боиси боло рафтани қиммати арзҳои хориҷӣ ба ивази сомонӣ шудааст.

Таври маълум, иқтисод ҳисоби дақиқ мехоҳаду рушди он иҷрои барномаҳои судманд. Дар чанд соли охир мо шоҳиди пешниҳоди барномаҳои муфид ва судманди иқтисодӣ барои рушди иқтисод набудем. Тоҷикистон як кишвари аграрист. Рушди иқтисод ҳамасола ба умеди кори деҳқон асту деҳқон ба умеди гаронтар фурӯхтани маҳсулоташ.

Адами барномарезиҳои дақиқу судманд ба он мусоидат кардааст, ки як сол қиммати пиёзу картошка боло мераваду соли дигар арзиши як тарбузу харбуза ба 50-сомонӣ баробар мешавад.

 Зулфиқори Исмоилиён,

шореҳи масоили иқтисодӣ