OPENDATA: маълумоти дастрас чаро заруранд ва он чӣ маъно дорад?

115

Солҳои охир мафҳуми “маълумоти дастрас” зиёд истифода мегардад: дар бисёрии кишварҳои пешрафта пойгоҳҳои интернетии ҳамном таъсис ёфтанд, Мактаби маълумоти дастрас ба вуҷуд омад…

Чӣ зарурат барои ин пеш омад ва ин мафҳум чиро ифода мекунад?

Шарҳи “Маълумоти дастрас”

Пеш аз ҳама ин мафҳум ба он маъност, ки маълумоти моҳияти иҷтимоидошта мавриди истифодаи озоду бемонеа қарор мегирад.

Махсусиятҳои маълумоти дастрас аз инҳо иборатанд:

• Дастрас — бидуни монеагӣ, дар шакли роҳат барои ҳар истифодабаранда пешниҳод гардад, хоса аз тариқи интернет

• Боз – барои паҳнсозӣ кушодаанд, аз ҷумла барои ҳамоҳангӣ бо маълумоти дигар

• Маҳдудият надоранд – метавонанд барои истифода ва шаклдиҳӣ аз ҷониби дилхоҳ одам ё созмон ва бо кадом ҳадафе набошад, бидуни монеагӣ мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, маълумоти дастрас имкон надорад бо ишораҳои “танҳо барои истифодаи ғайритиҷоратӣ” ё “фақат барои шиносоӣ” паҳн гарданд.

Дар ин маврид сухан пеш аз ҳама аз маълумоте меравад, ки хусусияти идорӣ доранд. Мисол, маълумот дар бораи нуфус ва сохтори аҳолӣ, оид ба фаъолияти ягон созмон, асноди меъёрӣ ва ғайраҳо.

Набояд фаромӯш кард, ки аз тариқи ин гуна маълумот корҳои муҳиме анҷом гирифтаанд. Масалан, дар асоси ин консепсия лоиҳаи русиягии “Ҳукумати кушода” ба вуҷуд омад.

Яъне дар ниҳоят ин маълумот маҷмӯан тамоми арқомро фаро мегиранд, аз ҷумла, тамоми маҳсулоти ин ё он ширкати тиҷоратиро оид ба намудҳои мухталифи маҳсулоти мавриди истифодаи корхона, маълумоти истифоданамудаи ширкати мобилӣ ва маълумоти ба ин монанд.

Вале бояд ба назар гирифт, ки дар амал татбиқ намудани ин раванд қоидаҳои ба худ хос дорад. Вагарна ҳар маълумотро кушодан имкон дорад, аммо онҳоро хондан осон нест.

Open Data – ҳамчун формати техникӣ

Иштибоҳ мебуд, агар чунин тасаввуроте ҳосил шавад, ки бо гузоштани ин ё он маълумот ба дастрасии озод дар интернет, кор тамом! Бояд ба назар гирифт, ки маълумоти дастрас ин танҳо бастаи маълумот дар интернет нест, балки маънову мафҳуми техникиро ҳам ифода мекунад. Барои он ки ин маълумот дастрас маънидод шавад, мебояд ба забони хоси техникӣ ифода ёбад ва онро на инсон, балки машина, яъне компютер ҳисоб карда тавонад.

Ин хусусияти муҳими маълумоти дастрасро фаъолияти муштарак меноманд. Маълумоти дастрас аз рӯи забон ва сохтори худ бояд он гуна муташаккил бошанд, ки ҳар каси дилхоҳ онҳоро мавриди истифода қарор дода тавонад. Фарзи мисол, дар ин ҳолат алгоритми содае барои муқоисаи зичии аҳолии Русия ва ИМА навишта мешавад, дар ҳоле, ки ин маълумот дар ду пойгоҳи интернетии мухталиф ҷой гирифтаанд. Алгоритм ин маълумотро бе ҳузури инсон ҳисоб ва истифода карда метавонад.

Ҳамин тавр, маълумоти дастрас ин на танҳо пахши як маълумот, балки равандест, ки бидуни мушкил маълумот ҷамъоварӣ гашта, паҳн карда мешавад. Сохтан ва такмили забони ягона ва василаҳои кори роҳат бо анбуҳи маълумоти дастрас, асли фаъолияти таҳқиқотии мутахасиссон хоҳад буд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2012 бо ибтикори “асосгузори интернет” Тим Бернерс-Ли Институти маълумоти дастрас (Open Data Institute, ODI) ба вуҷуд омад ва феълан ҳамаи талошу иқдомҳои ҳаммонандро сарҷамъ намуда, назорат мекунад. Дар Русия созмони «Инфокултура» ҷузъи иртиботии ин барномаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва бо ташаббуси онҳо Мактаби маълумоти дастрас ташкил гардид.

Созмони “Хома” дар Осиёи Миёна ин кӯшишро дорад, ки Тоҷикистонро дар минтақа аввалин шуда, ба ин барнома ворид намояд.

ПАНҶ СИТОРАИ ТИМ БЕРНЕРС ЛИ

Барои лоиҳаҳое, ки дар асоси маълумоти дастрас созмон меёбанд, стандарти ягона вуҷуд надоранд, чун ин лоиҳаҳо дар замон ва фановариҳои мухталиф шакл гирифтаанд. Аммо тақсимбандии аз ҳама машҳури ин лоиҳаҳо ҳамон модели панҷситорадори пешниҳодкардаи Тим Бернерс Ли ба ҳисоб меравад. линк

Вобаста ба истифодаи фарохи он чизҳое, ки маълумоти дастрасашон меноманд, мафҳуми “Давлати боз” пайдо шудааст, ки онҳоро мавриди истифода қарор медиҳад. Зери мафҳуми “Давлати боз” системакунонӣ ва ба консепсияи ягона ворид кардани лоиҳаҳо, аснод ва ташаббусҳои вобаста ба ошкор кардани маълумот ва иртибот бо шаҳрвандон, фаҳмида мешавад. Ҳамзамон ин равандҳо ҳатман бояд бо вуҷуд доштани доктрина ва қоидаҳои оммавие ҳамроҳ бошанд, ки талаботи шаффофияти давлатро муқаррар мекунанд ва барои мақомоти давлатӣ тақозои мавҷударо фароҳам меоранд.

Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, созмон додани пойгоҳҳои давлатии маълумоти дастрас муассиртар аст.

Пойгоҳи маълумоти дастрас ин манбаи иттилоотии махсусгардонидашудаест, ки дар он ҳамаи маълумоти кушодаи ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври марказонидашуда озодона нашр ва паҳн мегардад. Бисёрии кишварҳои дунё аллакай пойгоҳҳои маълумоти дастраси худро ташкил намудаанд. Аз ҷумла:

Пойгоҳи маълумоти дастраси Австрия – data.wien.gv.at

Пойгоҳи маълумоти дастраси Фаронса – data.gouv.fr

Пойгоҳи маълумоти дастраси UNDP (идораи Барномаи рушди СММ) – data.undp.org

Пойгоҳи маълумоти дастраси ИМА – data.gov

Пойгоҳи маълумоти дастраси Британияи Кабир — data.gov.uk

Пойгоҳи маълумоти дастраси Австралия — data.gov.au

Пойгоҳи маълумоти дастраси Канада — data.gc.ca

ИСТИФОДАБАРАНДАИ АСОСИИ МАЪЛУМОТИ ДАСТРАС КИСТ?

Барномасозон ва таҳиягарон:

Ин гуруҳи одамон, ки дониши махсуси вобаста ба коркарди маълумотро доранд, маълумоти мазкурро дар барномаҳои худ (масалан, маълумотномаи тақсимоти маъмурӣ – ҳудудӣ) истифода мебаранд, ё ба дигарон ҳангоми таҳлили ин аснод кӯмак мерасонанд. Дар бисёрии мамлакатҳо вобаста ба таҳияи замима дар асоси маълумоти дастрас озмунҳо баргузор мешавад.

Ниҳодҳои давлатӣ:

Маълумоти дастрас барои ҷалби шаҳрвандон ва сохторҳои тиҷоратӣ ҳангоми таҳияи маҳсулоти нав, ки маблағҳои давлатиро сарфа мекунанд, имконият фароҳам меорад.

Намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ:

Маълумоти дастраси нашркардаи давлат метавонад воситаи пайдо кардани фоида гардад.

Воситаҳои ахбори омма:

Журналистон имкон доранд на танҳо ба воситаи сухан, ҳамчунин тавассути василаҳои сохторӣ ва таҳлил маълумотро ба хоҳишмандон пешниҳод намоянд. Акнун як графика ё схемаи дуруст таҳияшуда метавонад ҷои чанд саҳифа маълумоти матниро соҳиб бошад. Ҳоло тамоил ё сохтори махсусе бо номи дата –  журналистика пайдо шудааст ва вобаста ба он озмунҳои мухталиф баргузор мегардад.

Шаҳрвандон:

Шаҳрвандон метавонанд барномаҳои таҳияшуда дар асоси маълумоти дастрасро мисли сокинони Лондон барои роҳати шахсӣ истифода баранд.

Созмонҳои иҷтимоӣ:

Ба онҳо маълумоти дастрас имкон фароҳам меорад, ки аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ назорат намоянд. Фарзи мисол ба воситаи маълумоти дастрас харитаи муҳити зисти Аврупо таҳия гардид.

МАЪЛУМОТИ ДАСТРАС ЧАРО МУҲИМАНД?

Маълумоти дастрас дар Тоҷикистон, хоса маълумоте, ки ба ниҳодҳои давлатӣ марбутанд, метавон гуфт масъалаи нокушода аст. Ба одамон, агар зарурате пеш ояд, бояд маълумотҳоро аз чанд манбаъ ҷамъоварӣ намоянд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи дастуру асноди қабулшуда бисёрии маълумотҳо хусусияти оммавӣ доранд, яъне бояд барои истифодаи озод гузошта шаванд.

Чаро ин бисёр муҳим аст?

Бисёр соҳаҳое вуҷуд доранд, ки барояшон маълумоти дастрас метавонад манфиатовар бошад. Дар баъзе ҳолатҳо таҷрибаи истифода аз онҳо вуҷуд дорад. Барои ҷомеа ва худи ҳукумат ҳам маълумоти дастрас хеле коромад хоҳад буд.

Дар айни замон, гуфтан хеле душвор аст, ки дар оянда маълумоти дастрас дар кадом шакл ва кай зарурат пайдо мекунанд. Идеяҳои нав аксари вақт дар ҳолатҳои ғайримунтазира пайдо мешаванд, ки ин махсусияти инноватсия аст.

Бовуҷуд, аллакай тахмин задан мумкин аст, ки маълумоти дастрас имрӯз ва оянда дар кадом самтҳо барои давлат ва ҳукумат коромад хоҳанд буд. Аз ҷумла, барои:

–      Шаффофият ва назорати ҷамъиятӣ;

–      Иштироки шаҳрвандон дар идораи давлат;

–      Худҳимоят;

–      Пайдоиши маҳсулот ва хизматрасониҳои беҳтару нави хусусӣ;

–      Инноватсия;

–      Манфиати зиёд дар хизматрасониҳои давлатӣ;

–      Муассирии бештари хизматрасониҳои давлатӣ;

Муҳимияти маълумоти дастрас дар иқтисод

Бархе таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки танҳо дар мамолики аврупоӣ арзиши бозории маълумоти дастрас даҳҳо миллиард доларро ташкил мекунад. Истеҳсолот ва ширкатҳое пайдо шудаанд, ки маълумоти дастрасро истифода мебаранд.

Масалан, кӯдакистони husetsweb.dk барои баланд бардоштани самаранокии энергетикии хона, банақшагирии молиявӣ ва пайдо намудани сохтмончиҳое, ки ин корҳоро ба анҷом мерасонанд, аз маълумоти дастрас истифода мебаранд. Он маълумоти инвентаризатсиявӣ, асноди вобаста ба субсидияҳои ҳукуматӣ, ҳамчунин рӯйхати ширкатҳои маҳаллиро фаро мегирад.

Таҳиягарони Google Translate ба ин восита сифати хизматрасониро беҳтар карда, алгоритми тарҷумаро барои ҳуҷҷастҳои зиёди Иттиҳоди Аврупо, ки бо забонҳои тамоми кишварҳои узв тарҷума мешаванд, мавриди истифода қарор медиҳад.

Маълумоти дастрас барои ҳукуматҳо низ бисёр манфиатоваранд. Ба ин васила метавонанд Коэфитсенти кори фоиданок (ККФ) –ро афзоиш диҳанд. Масалан, вазорати маорифи Ҳолланд ҳамаи матолиби омӯзишии худро дар шакли онлайн барои истифодаи такрорӣ гузоштааст. Дар натиҷа, ба масъулини вазорат муроҷиат намудан бо саволҳо бамаротиб коҳиш ёфт, хароҷот ҳам кам шуд. Вақте саволе боқӣ мемонад, масъулин беҳтар медонанд, ки ба он посух гӯянд, чун барои одами даркорӣ аз ҷои дигар пайдо карданаш душвор нест.

Яъне маълумоти дастрас ҳукуматро самараноктар мекунад, ки ин барои коҳиш додани хароҷот мусоидат хоҳад намуд.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин имкон дорад лоиҳаҳои маълумоти дастрасро амалӣ намуд, агар маълумоти тибқи қонунгузорӣ оммавии ниҳодҳои давлатиро ба маълумоти кушода табдил намоянд. Барои ин танҳо зарур аст, ки ин маълумотҳоро воқеан ҳам бе ягон монеагузорӣ (бархӯрдҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ, технологӣ ва ғ) ба истифодаи такрорӣ вогузошт. Зеро ҳар як намуди монеа одамонро водор менамояд, ки вақт ва зарфияти зиёдашонро барои пайдо намудани ин ё он маълумот масраф кунанд.

Аз ҷониби дигар, айни замон созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои мутамаддин Тоҷикистонро барои шаффофияти бештар, талаботи қонунии ҳуқуқи одамон барои маълумоти муҳим ва пахшу паҳн намудани маълумот даъват менамоянд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар ин замина бархе иқдомҳоро пиёда менамояд, вале гуфтан душвор аст, ки ҳоло вазъият барои шаффофияти комил мусоид бошад.