ВАЗОРАТИ МОЛИЯ: ДАР ТОҶИКИСТОН МУШКИЛИ ҚАРЗИ МАОШ НЕСТ!

880

Аммо чаро шикоятҳо барои нагирифтани маош ҳамоно кам намешавад?

Мавзӯи саривақт маош нагирифтани муаллимон, табибон ва махсусан кормандони соҳаи алоқаи кишвар чанд вақти охир дар расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ зуд – зуд мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳарчанд масъулини Вазорати молияи кишвар мегӯянд дар ин замина мушкиле вуҷуд надорад, аммо дар бархе навоҳии мамлакат кормандони бахшҳои номбаршуда ҳамоно шикоят доранд, ки маоши худро саривақт гирифта наметавонанд.

Ба дархости мо, ки моҳе пеш ба Вазорати молия равон кардем, бо дермонӣ чунин посух доданд:

“Дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ пурра пардохт карда шуда, қарздорӣ вуҷуд надорад”.

Масъулини вазорати молия танҳо аз ду шаҳр – Турсунзода ва Ваҳдат ном бурдаанд, ки аз музди меҳнат ва ҳиссаҷудокунӣ ба андозаи иҷтимоӣ қарздоранд. Ҳамчунин дар ин ниҳод зикр карданд, ки маблағҳои воридгардида ба буҷет, дар мадди аввал барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда равона мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ омӯзгорони шаҳри Ваҳдат ва табибони ноҳияи Восеъ аввали моҳи сентябр ба мо шикоят аз нагирифтани маоши моҳи август ва сентябрашон карда буданд. Масъулини вазорати молия дар посух ба мо гуфтанд, ки ҷиҳати бартараф намудани қарздории музди меҳнат дар шаҳри Ваҳдат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар вазорати маориф ва илм низ мегӯянд қаблан шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода бо мушкили нагирифтани маош рубарӯ баданд, аммо ҳоло ин ҳама бартараф гардид.

Маълумоти бештарро метавонед дар инфографикаи зер пайдо кунед:

 

Ҳарчанд чандин кормандони Хадамоти алоқа аз нагирифтани маош дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд, вале Мирзо Раҳимов, сармуҳосиби Хадамоти алоқа мегӯяд, дар идораи онҳо ин мушкил аслан вуҷуд надорад. Аммо ӯ зикр мекунад, ки шояд ин сару садо ба кормандони стансияҳои истифодабарандагони телефонҳои шаҳрӣ дахл дорад:

  • Таври маълум, солҳои охир мардум аз телефонҳои шаҳриву хонагӣ хеле кам истифода мебаранд. Дар замина кормандони Тоҷиктелеком ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Ба иттилои Раҳимов, агар қаблан 10 ҳазор истифодабарандаи телефонҳои шаҳрӣ ва 100 нафар коргар дар ин соҳа буд, ҳоло бошад ба ҷои 100 нафар 10 нафар кор мекунаду халос:

Ҳозир қарзҳои пешина мондааст ва ин қарзи буҷа мебошад, кормандони “Тоҷиктелеком” кор карда, қарзҳоро ҷамъ карда истодаанд. Онҳо ягон даромади дигар надоранд. Чӣ қадаре қарзҳои пешинаро ҷамъ мекунанд, аз ҳамон ҳисоб маошашонро мегиранд.