“Ҷайби холӣ” – и Тоҷикистон

286

Бақияпулӣ дар буҷаи мамлакат чӣ маъно дорад ва он чаро ҳамасола меафзояд?

Таври маълум, буҷаи ҳар давлат аз ду бахши асосӣ- дахл ва харҷ иборат аст. Бахши дахл ё даромад бояд аз бахши харҷ бештар бошад. Бештар будани бахши даромад аз харҷ баёнгари пешрафти иқтисод ва беҳтар шудани зиндагии мардум аст. Ба ин далел, ҳукумат метавонад ҳамасола ҳаҷми буҷаро афзоиш диҳад.

Дар Тоҷикистон низ мо шоҳиди афзоиши ҳамасолаи буҷа ҳастем. Ин дар ҳолест, ки ҳар сол ҳукумат дар бахши афзоиши даромади буҷа бо мушкил рӯ ба рӯст ва буҷаи кишвар бо касри 5-10 дарсадӣ тасвиб мешавад. Албатта тасвиби буҷа бо касри 10 дарсадӣ ва аз ин бештар, дар бисёре аз кишварҳо таҷриба мешавад. Вале кишварҳое ба ин иқдом даст мезананд, ки афзун кардани бахши даромад ба буҷаро аз ҳисоби ба истифода додани корхонаҳои нави тавлидӣ ва навъҳои нави хизматрасонӣ таъмин мекунанд.

Тоҷикистон аз чунин имкон бархӯрдор нест. Сарчашмаҳои асосии даромади буҷаи давлат аз андоз, воридоти гумрукӣ ва ҷаримаҳо иборат аст. Гуфта мешавад беш аз 85 дарсади бахши даромади буҷа аз манбаъҳои зикршуда таъмин мегардад. Мақомоти ҳукумат ҳамасола барои таъмини бахши даромади буҷа дар талоши афзоиши андоз ва навъҳои ҷаримаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, танҳо чунин бархӯрди ҳукумат ба муфлисшавии корхонаҳои хурду бузург, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тоҷирони инфиродӣ ва ниҳоят ба афзоиши фақру бекории мардум мусоидат менамояд, на пешрафт.

Ахиран, ба далели зиёд шудани андоз садҳо тоҷирони инфиродӣ варшикаста шуданд. Бобохон Баротзода, мудири Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нишасти ахири матбуотии идораи худ омори бештар нигаронкунандаеро ба хабарнигорон пешниҳод кард. Вай гуфт, беш аз 88 ҳазор ширкату корхонаҳое, ки ҳанӯз ду соли пеш фаъол буданд, ҳоло танҳо ҳудуди 32 ҳазораш амал мекунад. Сабаби аслӣ дар муфлисшавии корхонаҳо аст, ки аз набудани муштарӣ ва андозбандии сангин ба чунин ҳол омадаанд.

Масалан дар соли равон ҳудуди 3000 соҳибкорони инфиродӣ низ фаъолияти худро қатъ намуданд.

Президент Раҳмон зимни сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳо аз он ки корхонаҳо ба зудӣ аз фаъолият бозмемонанд, борҳо изҳори нигаронӣ намудааст. Аз ҷумла дар сафари ахири худ ба вилояти Суғд изҳор намуд: “Бо вуҷуди он, ки соли 2017 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 62 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шудааст, вале шумораи умумии онҳо, ки соли 2016 ба 622 расида буд, ба ҳолати 1-уми июни соли 2018 25 корхона кам гардида, 12,5 фоизи корхонаҳо фаъолият накардаанд ва дар 21 фоизи онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кам шудааст. Илова бар ин, 168 корхона фаъолияти худро бо зарари молиявӣ ва 82 корхона бо натиҷаи сифр ҷамъбаст кардааст”.

Зимни мулоқоти худ бо фаъолони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён бошад, ҳанӯз августи соли 2017 дар ин бора бо таассуф суҳбат намуд:

“…таъкид месозам, ки бақияи қарзи андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфта, ҳоло беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ ва иҷро нашудани нақша оид ба дастгирии бахшҳои иҷтимоӣ мегардад. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро бо соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд”.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ноҳияи Шаҳритус барои пешрафти саноат, аз ҷумла дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ,коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дӯзандагиву ҳунарҳои дастӣ шароиту имкониятҳои хуб дорад, “вале соли гузашта суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия нисбат ба соли 2015 ҳамагӣ 0,7 фоиз ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1,5 фоизро ташкил кардааст. Дар се соли охир ҳамагӣ 5 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ таъсис дода шуда, ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 22 расидааст, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия хеле кам мебошад. Аз шумораи зикршуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 12 корхона фаъолият кардааст, ки чунин вазъро ҳаргиз қонеъкунанда ҳисобидан мумкин нест…Илова бар ин, фаъолияти самараноки коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардида, соли гузашта ва шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ аз 21 корхонаи саноатӣ 10 корхона фаъолият накардааст”.

Дар робита, президент ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин, дигар сохтору мақомоти дахлдор дастур дод, ки “ҷиҳати ислоҳи чунин вазъ, яъне ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2016 низ расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Озодӣ” иттилоъ дода буданд, ки дар нуҳмоҳаи ҳамон сол 160 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо сабабҳои мухталиф аз фаъолият мондаанд. Паёмади бӯрҳони иқтисодӣ, камбуди харидор ва норасоии ашёи хом барои коркард, аз сабабҳои аслии аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мавзӯи зинда кардани кори ширкату корхонаҳои истеҳсолии аз давраи шӯравӣ боқимонда чанде пеш мавриди нигаронии шаҳрдори Душанбе шуд. Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе аз “ғайримақсаднок истифода шудани корхонаҳои саноатӣ”, ки қаблан хусусӣ шудаанд, ибрози нигаронӣ кард ва аз соҳибмулкони ин корхонаҳо хост, ки нақшаи ба иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳоро пешниҳод кунанд.

Раиси шаҳр гуфтааст, ки дар сурати пешниҳод нашудани чунин як нақша, дар нисбати чунин корхонадорон “тадбир андешида шавад”. Маълум нест, ки ин чӣ тадбир аст, вале бархе коршиносон мегӯянд, агар соҳибони ин корхонаҳо имкони зинда кардани фаъолияти истеҳсолиро медоштанд, ҳатман ин корро мекарданд.

Аз сӯи дигар, созмонҳои молии байналмилалӣ – Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар канори баррасии мушкилоти фасодкорӣ ба Тоҷикистон тавсияҳо додаанд, ки ҳукумат ба ислоҳот дар соҳаҳои андоз, бонкҳо ва алоқа иқдом кунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон бояд дар фикри ислоҳи вазъ дар ҳамин се бахш шаванд, вагарна паёмадҳои бӯҳрон дар ин бахшҳо ва таъсири он рӯи мардум метавонад мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла коҳиши даромад, афсурдагӣ ва поинравии эътимод ба ҳукуматро ба бор орад.

Ин ҳама сару садо дар ҳолест, ки бахше аз корхонаҳои хурду бузург тавони пардохти андозро аз даст медиҳанд. Барои мисол, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО), ШСХК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Тоҷиктелеком” ва ғайра аз чанд сол ба ин сӯ аз пардохти андоз ба давлат қарздоранд. Бинобар ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ қарзи андозии “Барқи тоҷик” 101 миллион сомонӣ, “Талко” – 24 миллион сомонӣ ва “Тоҷиктелеком” 35 миллион сомониро дар соли 2018 ташкил медиҳад.

Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамасола афзоиши қарзҳои андозӣ аз сӯи корхонаҳои бузург изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки қарзҳои андозӣ дар ин корхонаҳо дар соли равон 315 млн сомониро ташкил медиҳад ва баробар ба 0,5% -и ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин маънои онро дорад, ки бақияпулиҳо имкон дорад дар соли 2019 аз 1 миллиард сомонӣ убур кунад ва ҳудудан 3 дарсади ҳаҷми ММД -и Тоҷикистонро ташкил намояд.

Ин қарзи корхонаҳоро дар буҷаи давлат таҳлилгарон кисса ё “ҷайби холӣ” меноманд. Ҳукумат ҳамасола ба умед аст, ки ин қарзро аз корхонаҳо меситонад ва ба ин далел қарзи ин корхонаҳоро ба бахши даромади буҷаи соли оянда ворид намуда, “бақияпулӣ” меноманд, ки сол аз сол рӯ ба афзоиш аст. Барои мисол, соли 2017 замоне, ки порлумони Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли 2018-ро баррасӣ ва тасвиб кард, ҳаҷми бақияпулӣ ё “киссаи холии” бахши даромади буҷа 800 миллион сомониро ташкил медод. Ба буҷаи соли 2018 ворид кардани бақияпулиҳо дар санади тасвиби буҷа аз сӯи парлумон низ инъикос ёфтааст:

 “Бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2018 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад”

Ҳамакнун то поёни соли 2018 ҳамагӣ се моҳи дигар боқӣ мондааст, аммо қарзи корхонаҳо аз андоз, ки бақияпулӣ ном дорад, то ҳанӯз ситонда нашудааст. Ҳатто эҳтимол меравад ин қарзҳо бештар низ шуда бошанд.

Пас пурсида мешавад, ки чаро ҳукумат ҳамасола ин пули набударо дар буҷа ворид месозад?

Ба назари коршиносони ватанӣ ҳукумат сахт умедвор аст, ки имсол қарзи корхонаҳоро меситонад ва ба ин далел ин қарзҳоро ба бахши даромади буҷа ворид месозад. Аммо ба ақидаи бархе дигар коршиносон ҳукумат талош мекунад, ки бо ин роҳ ба мардум ва ташкилотҳои сармоягузори хориҷӣ нишон диҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва сол аз сол вазъи мардум хуб мешавад. Аммо мусаллам аст, ки созмонҳои сармоягузори хориҷӣ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари моро аз масъулини ҳукумат бештар медонанд ва ба ин арқоми ироакардаи ҳукумат чандон эътимод надоранд.

Зулфиқори Исмоилиён,

шореҳи иқтисодӣ