ДАР ТОҶИКИСТОН 600 КОН ТАҲҚИҚ ШУДА, САРМОЯГУЗОРОНРО ИНТИЗОРАНД

626

Мақомоти Тоҷикистон мутмаинанд, ки бахши коркарди захираҳои табиии кишвар ба иқтисоди мамлакат таъсири зуду мусбате расонида метавонад ва шаффофият дар ин бахш таваҷҷуҳро ба ин соҳа афзудааст.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар конфронс оид ба дуввумин ҳисоботи миллии  Шӯрои ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) дар Тоҷикистон ва рушди ҳисоботи минтақавӣ изҳор намуд, ки бо назардошти захираҳои мавҷудаи захираҳои табиӣ ва наздикшавии он ба бозори истеъмолии бузурги Чин, Қазоқистон, Русия ва Ҳиндустон, рушди соҳаи саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон дурнамои хуб дорад:

  • Дар кишвар беш аз 600 захираи маъданҳои фоиданок таҳқиқ карда шуд ва ҷустуҷӯи фаъоли геологӣ барои муайян кардани захираҳои нафту газ давом дорад. Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, як қатор соҳаҳо бомуваффақият рушд меёбанд ва аз ҷониби ширкатҳои бузурги байналмилаливу сармоягузорон барои захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд мушоҳида мешавад, – гуфт ӯ.

Хайрулло Асозода, вакили Маҷлиси намояндагон низ, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, доир ба асосҳои ҳуқуқӣ ва низоми молиявии соҳаи истихроҷ, ислоҳот, такмили қонунгузории Тоҷикистон, амалигардонии стратегия ва барномаҳое, ки бахши истихроҷро танзим менамоянд, тавсиф намуд.  Ба гуфтаи ӯ танзим ва идоракунии бахши истихроҷи куҳӣ аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ мутобиқи ваколатҳои онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ мегардад. Ӯ мегӯяд, ки бахши мазкурро дар Тоҷикистон чандин вазорату кумита ва идораҳо зери назорат дошта, масъулият ба дӯш гирифтаанд ва бо пешниҳоди онҳо Маҷлиси намояндагон ба як қатор қонунҳои кишвар дигаргуниҳо ворид намуд:

  • Дар солҳои 2015 – 2018 бо мақсади деоффшоркунонӣ, роҳ надодан ба сарпечӣ аз пардохти андозҳо ва пешниҳоди ҳавасмадиҳои иловагӣ дар Кодекси андози ҶТ тағйироти зерин ворид карда шуд: “Мутобиқи тағйироти ба қисми 1 моддаи 225 КА ҶТ воридгардида Ҳукумати Тоҷикистон метавонад муҳлати муқарраргардидаи пардохти бонуси обунавиро тағйир диҳад. Ин тағйирот имкон медиҳад муҳлати пардохти бонуси обунавӣ тамдид карда шавад. Меъёри андоз аз фоида барои истеҳсолкунандагон аз 15% то 14% ва барои фаъолияти дигар аз 25% то 24% паст карда шуд.

Хотиррасон мешавем, ки нишасти мазкур дар доираи лоиҳаи таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) сурат гирифт. ТШСИ ин стандарти ҷаҳонӣ буда, барои шаффофият дар соҳаҳои саноати истихроҷи нафту газ ва куҳканӣ мусоидат менамояд. Ташаббуси мазкур аз се ҷузъи асосӣ иборат аст: кӯшиши манфиат гирифтани ҳамаи ҷонибҳо аз истихроҷи захираҳои табиӣ; иттифоқи ҳукумат, ширкатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ; стандарти интишори маълумоти пардохти ширкатҳо ва ифшои маълумоти ҳукуматӣ оид ба ворид шудани маблағҳо.

Ҳамин тавр, ТШСИ  такмили идораро дар кишварҳои аз канданиҳои фоиданок бой тавассути нашри маълумоти пардохти ширкатҳо ва даромади ҳукумат аз истихроҷи нафту газ дастгирӣ менамояд.

Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси мазкурро моҳи июни соли 2011 шурӯъ кард ва ахиран моҳи августи соли 2011, 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иқдоми мазкур дастгирӣ намуда, Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд»-ро таъсис доданд.

Дар нишасти мазкур, ки 16 октябр сурат гирифт, ба ғайр аз масъулини вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон, ҳамчунин меҳмонон аз Украина, Муғулистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва теъдоди зиёди хабарнигорон ширкат доштанд.

Мижгона Ҳалимова,

махсус барои сомонаи “Дата – журналистика”