МОДАРОНИ ХОНАШИН: ҲУКУМАТ БА МО ҲАМ “ҲАҚҚИ ШИРИ МОДАР” ДИҲАД!

63

Новобаста аз он ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои ҳомилагии занон ва таваллуди кӯдак меъёр муқаррар шудааст, аммо гуфта мешавад то охир равшан нест, ки аз ин имтиёз кадом қишри занон метавонанд бархӯрдор бошанд.

Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин баҳс чандин маротиб пеш омад, ки чаро на ҳамаи занон метавонд аз ин кӯмакпулиҳо барҳравар шаванд?

Ҳуқуқдонҳо навиштанд, ки бар асоси қонун ва чанд қарори амалкунанда, танҳо заноне ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзҳоро доранд, ки дар идораву хорхонаҳо фаъолият мекунанду андози иҷтимоӣ месупоранд. Баҳсҳое низ пеш омад, ки дар ин сурат ҳуқуқи занони хонашин поймол мегардад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз занони хонашин зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки хуб мешуд ҳукумат барои онҳо низ пас аз таваллуди фарзанд кӯмакпулие муқаррар намояд.
Аммо занҳои коргар, ки ин имтиёзҳоро дарёфт кардаанд, мегӯянд тавассути он хеле мушкилоти худро ҳал намуданд. Хосият Сабзалиева, омӯзгори шаҳри Ваҳдат, мегӯяд аз рӯи ҳисоби маоши доштааш барои таваллуди фарзанди аввал наздики 7000 сомонӣ аз ҷониби давлат кӯмак гирифтааст:

– Муҳосиби мактаб барои 148-рӯз ҳисоб карда, маблағро ба ман пардохт карданд. Инчунин ба ман гуфтанд, ки бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи кӯдак барои нигоҳубини тифл то синни 1,5-солагӣ, ҳар моҳ 50 сомонӣ гирифта метавонам.
Табиб Соро Шодиева низ мегӯяд, ин намуди кӯмакро дастрас кардааст:
– Қаблан ин кӯмакпулиҳо хеле кам буданд, ҳоло бошад бештар шудааст. Ҳарчанд барои нигоҳубини кӯдак кам мебошад.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Ҳакимзода, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа танҳо дар як ҳолат кӯмакпулиҳо аз зан бозпас гирифта мешавад, ки агар зан барои таваллуди кӯдак ва барқароркунии саломатиаш варақаи корношоямӣ давоми 70-рӯз гирифта бошад.
– Вале ӯ пас аз 25-рӯзи таваллуд бо хоҳиши худаш ба кор барояд, аз кӯмакпулие, ки барои 70-рӯзи пас аз таваллуд гирифта буд, бояд маблағи 45-рӯзи боқимондаро баргардонад.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон кӯмакҳои якмаротиба ба занон, пас аз таваллуди фарзанд ва бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи тифл дар ҳаҷми барои фарзанди якум 150-сомонӣ, фарзанди дуввум 100-сомонӣ ва фарзанди сеюм 50-сомонӣ муайян шудааст.
Инчунин ин гурӯҳи занон ҳуқуқ доранд, барои нигоҳубини атфоли худ то синни 1,5-солагӣ, ба корхона муроҷиат карда, ҳар моҳ 50 сомонӣ дастрас кунанд.