АГАР МАЪЮБОН АРОБАЧАРО ХУДАШОН ХАРИД НАМОЯНД, ҲУКУМАТ МАБЛАҒАШРО БА ОНҲО БАРМЕГАРДОНАД

722

Мавзӯи бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин намудани маълулон дар ҷомеаи Тоҷикистон яке аз масъалаҳои баҳсбарангез дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад. Надоштани имкон барои харидории онҳо, аз куҷо ва чӣ гуна дастрас шудани ин аробачаҳо, ба талаботи маъюбон мувофиқ набудани ин асбобҳо аз баҳсҳоест, ки доим тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Пешопеши иду ҷашнҳо, хоса идҳои мазҳабӣ, баъзан хабарҳое паҳн мешаванд, ки ягон сарпараст ё созмони хайрия ба гуруҳи маъюбон аробачаҳо туҳфа намудаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ иқдомоти ҷамъ намудани маблағ барои харидории аробачаҳо сурат мегиранд.

Ҳамаи ин ҳолатҳо саволеро ба миён меоранд, ки дар ҳақиқат таъмин намудани ин гуна асбоб барои маъюбон аслан ба уҳдаи кист?

Фирӯз Ҳамроев, роҳбари ташкилоти ҷамъяти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” мегӯяд, ҷамъияти онҳо зиёда аз 1300 нафар аъзо дошта, барояшон мушкили аслӣ ин норасоии аробачаҳост.

Ба гуфтаи ӯ чанде қабл ин ҷамъият бо ташаббуси як барномаи амрикоӣ озмуни рақс дар аробачаи маъюбӣ миёни духтарон ташкил кард, ки дар ин озмун шаш нафар ғолиб омаданд: “Дар ин гурӯҳи рақсӣ ба ҷузъ шаш нафар боз ду духтари иловагӣ дорем. Вале мушкилии мо ин аст, ки аробача барои рақс надорем. Ҳамагӣ шаш аробача дорем, ки боз бо ин аробачаҳо гурӯҳи дигар баскетбол бозӣ мекунанд, намедонем чикор кунем. Муроҷиат кардем, дастгирӣ намешавад”.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки аз 3 декабри соли 2011, таҳти рақами 604 ба имзо расидааст, таъмини воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маъюбон аз тарафи мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ба таври ройгон ва бо тартиби дар ҳамин санад муқарраргардида амалӣ мегардад.
Барои дастрас намудани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба мақомоти маҳалии ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-Ариза
-Нусхаи шиноснома
-Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб
-Хулосаи саломатии ҷои истиқомати маъюб.

Бар асоси ин санад воситаҳои тавонбахшӣ фурӯхта намешавад. Агар маъюб воситаи техникии тавонбахширо аз ҳисоби маблағҳои худ дастрас карда бошад, арзиши он б андозаи на зиёдтар аз 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷот аз ҷониби мақоми ваколатдор ҷуброн карда мешавад.

Ба ин қоидаҳо ҷадвали “Мӯҳлати истифодабарии воситаҳои техникии тавонбахшӣ, протезҳо ва маҳсулоти протезию ортопедӣ” замима шудааст.
Шаҳзода Сулонбоева, роҳбари гурӯҳи рақсии ташкилоти “Имконият” зимни суҳбат гуфт, “мо ҳамин шаш аробачаро ба ин тарафу он тараф мебарем. Духтарҳо бояд ҳаррӯз тамрин кунанд, азбаски аробача ба гурӯҳи варзишгарон намерасад, ин аробачаҳоро бачаҳо барои тамрини баскетбол мебаранд”.

Дар ҳамин ҳол Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, “то вақте муроҷиат нашавад, мо намедонем кӣ ниёз ба аробача дорад. Агар муроҷиат кунанд, албатта таъмин мекунем. Ба таври мисол мо Ассотсиатсияи варзишгарони маъюб ва Федератсияи варзиши маъюбон дорем ва ин нафарон дар бораи ташкили гурӯҳи баскетбол муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, ки толор барои тамрин дошта, аробачаҳои варзишӣ надоранд”.

Ҳамчунин ба гуфтаи Қурбонов, аввали соли 2017 Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” барои ташкили гурӯҳи рақсӣ ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат карда буд ва вазорат тавассути ҷалби шарикони рушд шаш аробача ба онҳо додааст.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 40-50 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Иттифоқи иттиҳодияи маъбон, нобиноён, кару гунгҳо, Иттифоқи чернобелчиён, Асотсатсияи волидайни кӯдакони маъюб ва ғайраҳо ҳастанд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ кор мебаранд.

Мижгона Ҳалимова