ҚАҲҲОРЗОДА: “АГАР ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ МЕКАРДАМ, ШОЯД МАРО ДИГАР ХЕЛ МЕФАҲМИДАНД”

672

15 феврал нишасти матбуотии вазорати молия баргузор гардид. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук пеш аз ин нишаст ба унвонии вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор саволҳое пешниҳод шуда буд.Бахши “Дата-Журналистика”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” тасмим гирифт, ки ҳамаи суол ва посухҳои нишасти хабарии вазорати молияро дар шакли матн ва садо ба мухтабони худ пешкаш намояд. Ҳамчунин, то куҷо қонеъ будан ё набудани хабарнигорон аз посухҳои вазир дар поёни онҳо оварда мешавад.
Зимнан, чун дар нишасти матбуотӣ журналистон аз фосила гирифтани бахши матбуотии вазорат шикоят карданд, ҷаноби Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ба онҳо супориш дод, то ба ҳамаи саволҳо посух дода шавад. Биноан, “Дата – журналистика” саволҳоеро ҳам ба унвонии бахши матбуотии вазорат расман пешниҳод менамояд, ки аз тариқи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод шудаанд ва дар ҷараёни нишасти хабарӣ посухи худро наёфтаанд.
Посух ба онҳоро ҳам интизор хоҳем буд.

“СОЗМОНҲОИ МОЛИЯВӢ БАРОИ ПӮШОНИДАНИ КАСРИ БУҶЕТИ ТОҶИКИСТОН МАБЛАҒ МЕДИҲАНД!”
Далер Мерганов, “Садои мардум”: Солҳои пеш ташкилотҳои байналмилалӣ барои пӯшонидани касри буҷет маблағ ҷудо мекарданд, оё то ҳол пас аз вазир таъин шудани Шумо ин таҷриба ҳаст?
Қаҳҳорзода: Дар ВАО чанд мақолаҳо чоп шуд, ки гӯё созмонҳои молиявӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷет дигар маблағҳо намедиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола барои рӯпӯш кардани касри буҷети давлатӣ, мо як маблағи муайянро ба нақша мегирем, ки ин танҳо таҷрибаи Тоҷикистон нест, дар дигар давлатҳо низ ҳаст. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2018 доираи 400 млн сомонӣ аз созмонҳои ҳамкор ҷалб кунем. 100 млн сомониро аз Иттиҳоди Аврупо ҷалб намудем. Ин раванд то як андозае алоқамандӣ дошт бо барномаҳои ҳамкории мо бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёи Рушд.
Тоҷикистон давоми чанд соли охир бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкорӣ дорад. Соли 2019 Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёи Рушд бо назардошти он ки 100 фисади маблағҳое, ки ба Тоҷикистон дода мешуданду ин маблағҳо пурра грантӣ ҳастанд, ин созмонҳо бо назардошти ҳамин омил барои дастгирии буҷетҳо маблағ ҷудо накарданд. Вале ин қарори ниҳоии онҳо нест, ин танҳо барои як соли молиявӣ буд. Ҳамкориҳои мо ҳанӯз идома дорад, мо аллакай як барномаи дигарро барои як давраи миёнамуҳлат аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастрас кардем ва мутахассисони мо сари ин барнома кор карда истодаанд. Шуморо бовар мекунонам, ки ҳамкориҳои мо дарозмуддат аст ва мо бо ин бонкҳо созишномаҳои қарзиву грантӣ дорем, ки муҳлати баъзе аз онҳо то 20 сол аст. Ҳамкориҳои мо танҳо барои як соли молиявӣ ё буҷет маҳдуд намешаванд.
Мо дар назди ташкилотҳои молиявӣ, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорем, тамоми уҳдадориҳои худро вобаста ба хизматрасонии қарзӣ пурра иҷро намудем. Дар соли 2018, набуд ҳолатҳое, ки дар муҳлати муқарраргадида уҳдадориҳоро анҷом надода бошем.
Суол: Таҳияи санад вобаста ба зиёд кардани хизматрасониҳои ғайринақдӣ то кадом андоза иҷро шуда истодааст?
Қаҳҳорзода: Ин яке аз вазифаҳои асосии вазорати молия буда, мо бисёр ҳавасманд ҳастем, ки иқтисодиёти ғайрирасмӣ бо пешниҳоди имтиёзҳои иловагӣ барои кам кардани нишондиҳанда, корбарӣ карданӣ ҳастем. Як санад аз ҷониби Бонки миллӣ пешниҳод шуд ва мо бо Бонки миллӣ вазифадор ҳастем, ки то 1-уми апрел пешниҳодҳои мушаххасро вобаста ба бештар ҷорӣ намудани хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар низоми амалиётҳои молиявии кишвар роҳандозӣ намоем. Ин ҳуҷҷат ҳатман мешавад, зеро мо дар ин ҷода корҳои ҷиддиро анҷом дода истодаем, ҳуҷҷат, ки омода шуд, тариқи ВАО ба маълумоти шумо мерасонем.


Хулосаи Далер Мерганов: “ҷавобҳо қонеъкунанда буданд”!

“КӮШИШ МЕКУНЕМ ҲУҚУҚИ СОҲИБОНИ САҲМИЯҲОИ “САНГТӮДА” ПОМОЛ НАШАВАД”
Пайрав Чоршанбиев, “Азия Плюс”: Чанд сол қабл аз ҷониби вазорати молия лоиҳаи қарор дар мавриди ба таври инфиродӣ иҷозат додан барои ковиши метал ва сангҳои қимматбаҳо таҳия шуда буд. Тақдири ин санад чӣ шуд?
Қаҳҳорзода: Воқеан ин лоиҳа вуҷуд дорад ва то ҳол мавриди баррасии вазорату идораҳост. Мо боварӣ дорем, ки ин лоиҳа рӯзҳои наздик ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад ва кӯшиш мекунем, ки соли ҷорӣ ин ҳуҷҷат қабул гардад.
Суол: Савол вобаста ба хариди саҳмияҳои Сангтӯда. Ин раванд чӣ гуна ба роҳ монда мешавад, зеро саҳмдороне ҳастанд, ки мегӯянд, ки намехоҳанд саҳмияҳои худро, ки 20-сол қабл бо 10 доллар харидорӣ карда буданд, фурӯшанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар қатори дигар саҳмдорони ин ҷамъият фоида гиранд. Ин масъала чӣ гуна мешавад?
Қаҳҳорзода: Аввалан, ин ҷамъият дигар вуҷуд надорад, барҳам дода шудааст ва 97 000 қоғазҳои қимматнок феълан дар дасти шаҳрвандони кишвар мебошанд. Ҳукумати кишвар қарор қабул кард, ки ин қоғазҳои қимматнокро бозхарид намояд ва ин кор дар давоми як сол анҷом дода намешавад. Мо як гурӯҳи кории идоравӣ таъсис додаем, ки ҳамаи раванди харид кардани саҳмияҳоро баррасӣ намояд, то ҳуқуқҳои саҳмиядорон помол нашавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо интишор кардани чунин қоғазҳои қимматнок имконият дорад, ки онҳоро бозхарид намояд.
Суол: Дар буҷети имсола маблағҳо барои баланд кардани маошу идрорпулӣ ва нафақа пешниҳод шудааст, ё не?
Қаҳҳорзода: Дастур аст, ки мо ҳамасола барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош намоем ва ҳоло таҳияи лоиҳаи буҷети кишвар барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои он барои ду соли дигар давом дорад. Дар ин самт комиссияи байни идоравӣ амал карда истодааст.


Хулосаи Пайрав Чоршанбиев: “Посухҳо қонеъкунанда набуд”!

“БАРОИ РУШДИ ДЕҲОТ АЗ ҶОНИБИ БУҶЕТ ВА ДОНОРҲО МАБЛАҒ ҶУДО МЕШАВАД”
Бунафша Раҳмонова, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”: Дар самти рушди деҳот ва ҳунармандӣ чӣ қадар созишномаҳои грантӣ ба имзо расидааст ва чӣ қадари онҳо барои ҳунармандии занони деҳот равона гаштааст?
Қаҳҳорзода: Бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи ду тарҳ кор карда истодаем, ки яке аз он 30 млн доллар буда, қисмати асосиаш ба самти рушди сайёҳӣ мебошад. Лоиҳаи дигар вилоятҳои Хатлону Бадахшон, яъне маҳдудаи “Роҳи абрешим”-ро дар бар гирифта, ҳаҷми он 58 млн доллар аст ва як қисмати он барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ равона шуда, қисмати дигараш барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона мешавад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бошад, 2 млн сомонӣ барои дастгирии занон маблағҳо пешбинӣ мешаванд.


Хулосаи Бунафша Раҳмонова: “Посух қонеъкунанда буд”!

“ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ АЗИМ ТАВАССУТИ ИДОРАКУНИИ КОРПОРАТИВӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД”
Сарвинози Руҳулло, “Радиои Озодӣ”: Беш аз 80 фисади саҳмияҳои “Агроинвестбонк” дар дасти вазорати молия ас. Тақдири ин бонк дар оянда чӣ мешавад? Муфлис эълон мешавад, ё барқаро? Агар барқарор карданӣ бошед, аз маблағи буҷа мешавад, ё сармоягузори хориҷӣ мекобед?
Қаҳҳорзода: Зиёда аз 87 фоизи дар дасти давлат аст, мо сари ин масъала кор карда истодаем. Воқеан, уҳдадориҳои бонк хеле зиёд аст, роҳҳои ҳалли ин масъала вуҷуд дорад ва то рӯзи 20-уми феврал муҳлат дорем, ки вобаста ба фаъолияти минбаъдаи “Агроинвестбонк” таклифҳои мушаххасро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунем. Айни ҳол мо сари ин масъала бо тамоми воҳидҳои сохторӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ кор карда истодаем.
Суол: Президенти кишвар дар ҷаласаи ахир супориш дод, ки вазорати молия масъалаи қарздории ширкатҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла “Тоҷик-эйр”, “Барқи тоҷик” ва “Талко”-ро баррасӣ кунад, барои ҳаллии мушкилии қарзи онҳо стратегияе рӯи даст доред?
Қаҳҳорзода: Баъд аз таъин шуданам ба мансаб, дастур додем, ки вобаста ба тақдири корхонаҳои азими давлатӣ талош намоем. Зеро дар доираи санади амалкунанда як қатор талаботҳо вобаста ба шумораи коргарон, ҳаҷми амалиётҳои молӣ, баъзе нишондиҳандаҳое ҳастанд, ки тамоми корхонаҳо ба ин муқаррарот бояд мутобиқ бошанд. Мо гурӯҳи корӣ дорем барои боз як бори дигар бознигарӣ кардани муқаррарот нисбат ба корхонаҳои азими давлатӣ. Воқеан ҳолати молиявии “Тоҷик-эйр” ва дигар корхонаҳое, ки қайд кардаед, мушкилӣ доранд. Стратегияи махсус надорем, вале шурӯъ аз соли гузашта вобаста ба танзим даровардани “Қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ”, минбаъд фаъолияти ин корхонаҳо зери назорати қатъӣ тавассути идоракунии коорпоративӣ ба роҳ монда мешавад. Ман фикр мекунам, марҳила ба марҳила уҳдадориҳое, ки онҳо дар назди буҷет ва қарздориҳое, ки дар назди андоз дошта бошанд, ҳалли худро пайдо мекунанд.
Суол: Ҳукумат мегӯяд барои беҳдошти аҳолӣ қонун дар бораи танзимро қабул кард. Оё барои нигаҳдории беҳдошти буҷаи давлат ягон танзим ҳаст? Агар бошад, ҷашну маросимҳои Истиқлолият, Наврӯз, иди харбуза ва ғайра аз кадом ҳисоб гузаронида мешаванд?
Қаҳҳорзода: Танҳо барои чорабиниҳое, ки ягон озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ё дастгириҳо пешбинӣ шуда бошанд, маблағҳои махсус барои амалӣ намудани онҳо ҳаст, баъзе аз онҳо пардохт мешаванд. Вале он чизҳое, ки Шумо гуфтед, иди харбуза ва дигар соҳавӣ буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар субектҳои хоҷагидорӣ, ки мехоҳанд дастранҷи худро намоиш диҳанд, ин ҳам барои эҳё кардани ин ё он соҳа мебошад. Масалан, “Иди харбуза” замина фароҳам овард барои парвариши дигар навъи харбуза ва содирот кардани он ба дигар кишварҳо.


Хулосаи Сарвинози Руҳулло: “Ҷавобҳо қонеъкунанда набуд!”

“ТЕЪДОДИ ОНҲОЕ, КИ БАРОИ МАБЛАҒ БА ХОРИҶИ КИШВАР МЕРАВАНД, КОҲИШ МЕЁБАНД”
Шоистаи Аҳмад, Радиои Тоҷикистон: Дар мавриди пешниҳод кардани имтиёҳои андозиву гумрукӣ фикри худро мегуфтед?
Қаҳҳорзода: Садҳо млн доллар аз Тоҷикистон ба беруни кишвар содир мешаванд, мо ҳавасмандии зиёд дорем, ки бо пешниҳод кардани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ бояд истеҳсоли маҳсулотро дар дохили кишвар ба роҳ монем. Баъдан манбаҳои нави андозбандиро дар дохили кишвар пайдо кунем. Боварӣ дорем, ки бо пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, мо имконият фароҳам меоварем, ки манбаҳои андозбандӣ дар дохили кишвар пайдо шавад. Сол то сол шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои пайдо кардани маблағ ё ҷои кор мераванд, кам гашта, кӯшиш кунем, ки онҳо дар дохили кишвар кор пайдо кунанд.
Суол: Кадом омилҳо таъсиррасони бозори қоғазҳои қимматнок буда метавонад?
Қаҳҳорзода: Шумораи зиёди ҷамъиятҳои саҳҳомие дорем, ки мутаассифона дар ин самт тартиботро анҷом намедиҳанд. Рӯзҳои наздик бо ҳамкории Бонки Аврупо, таҷдид ва рушд як барномаи корӣ дорем, ки тамоми таҳлилҳои ин самт баррасӣ карда мешаванд.
Суол: Оё дар ягон минтақа буҷетҳои маҳаллӣ иҷро нагаштаанд?
Қаҳҳорзода: Буҷетҳо дар сатҳи 102 фоиз иҷро шуданд ва шаш шаҳру ноҳия натавонистанд иҷрои андози худро таъмин кунанд. Омилҳои иҷро нашудан, дар лоиҳаи буҷети соли 2020 ба инобат гирифта мешавад.
Суол: Маблағҳо барои ҷашни 30-солагии Истиқлолият, маблағҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ чӣ гуна равона мешаванд?
Қаҳҳорзода: Қариб ҳар як аъзои ҳукумати кишвар муваззаф шудаанд дар баъзе шаҳру ноҳияҳо. Мақсад ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуруст дар сатҳи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳал, истифодаи воқеиятҳои имконияти мавҷуда ва сафарбар намудани имкониятҳои моливу зеҳнӣ барои таъмини рушди як ноҳия, расидан ба ҳадафҳои дар назардошта то соли 2021 мебошад. Ҳатман, ки ин саҳми соҳибкорон аст, дар бисёр шаҳру навоҳӣ лоиҳаҳо бо ҳамкории соҳибкорон ба анҷом расидааст. Агар аз ҷониби вазорату идораҳо маблағҳо истифода шаванд, ин маблағҳои махсуси ташкилоти давлатӣ ҳастанд, ки қонунгузорӣ барои ин маҳдудиятро пешбинӣ накардааст. Ман низ масъули ин иқдом дар ноҳияи Восеъ ҳастам, ҳар куҷое намеравем, ҳастанд нафароне, ки барои амалӣ кардани тарҳҳои соҳаи иҷтимоӣ ҳавасмандии хеле зиёд доранд. Бо ҳамкории онҳо тарҳҳои зиёдеро рӯи кор дорем, ки то анҷом ё баъди муҳлат, амалӣ карда мешаванд.


Хулосаи Шоистаи Аҳмад: “Посухҳо қонеъкунанда буданд”.

Исмоил Қурбонов, хабаргузории “Авесто”: Барои сохтумони НБО Роғун чӣ қадар маблағ аз буҷа ва чӣ қадар аз хориҷ сарф мешавад?
Қаҳҳорзода: Соли 2018 доираи 4,7 млрд сомонӣ маблағгузорӣ кардем, ки зиёда аз 3 млрд аз буҷети давлатӣ ва як қисмати дигар аз ҳисоби хориҷиён буд, ки бо ҳамин мақсад ҷалб шуда пардохт шуд. Имсол дар буҷети соли 2019 доираи 2,1 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ кардаем ва вобаста ба иҷрои воқеии буҷети давлатӣ барои соли 2019 маблағгузории ин иншоот идома дода мешавад. Мо ҳанӯз ҳам бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ барои дарёфти иловагӣ барои сохтмони иншооти азим гуфтугӯ дорем.


Хулосаи Исмоил Қурбонов, “Қаноатмандам”.
Искандар Маҳмадалиев, нашрияи “Халқ овозӣ”: Дар мавриди фарсуда гаштани пулҳои сомонӣ чӣ чораҳо андешида мешавад?
Қаҳҳорзода: Дар ин маврид набояд ман посух гӯям, ин кори бевоситаи Бонки миллӣ мебошад. Вале аз таҷриба мегӯям, ки кормандони хазинадории бонк ҳамеша барои ба муомилот баровардани пулҳое, ки фарсуда нестанд, корбарӣ мекунанд. Пулҳое, ки фарсуда шудаанд, аз муомилот гирифта шуда, таввасути нуқтаҳои фурӯши асъор ва бонкҳо ба осонӣ иваз карда мешаванд. Бонки милӣ ва дигар бонкҳои тиҷоратии кишвар сари ин масъала кор карда истодаанд.


Хулосаи Искандар Маҳмадалиев: “Посух қаноатбахш гирифтам”.

“ТАИ ЯК СОЛИ РОҲБАРИИ МАН ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ САБТ НАШУДААНД”
Шамсулло Фозилов, нашрияи “Фараж”: Ахиран Агентии хизмати давлатӣ гуфт, ки дар сохторҳои маҳаллии вазорати молия хизматчиёни давлатӣ дар як вазифа солҳои тулонӣ фаъолият мекунанд, ки ин хилофи қонунгузорӣ мебошад. Оё чунин ҳолат ошкор шудааст?
Қаҳҳорзода: Тақрибан як сол аст, ки ман дар вазифа ҳастам, ҳақ надорам ноомӯхта коргареро аз вазифа озод кунам. Қонунгузорӣ ҷойивазкунии кормандонро пешбинӣ кардааст ва роҳбарият бояд дар давоми панҷ сол ҷойивазкунӣ ба роҳ монад. Бозомӯзии фаъолияти кормандон дар моҳи феврал анҷом дода мешавад. Нафароне, ки солҳои зиёд кор кардаанд, вобаста ба натиҷаи фаъолияташон дар минтақаҳо ҷойивазкунӣ мешавад. Агар мо дар 10-11 моҳ кормандонамонро иваз кунем, шояд мардум бо тарзи дигар фаҳманд. Агар ман ин корро мекардам, шояд мегуфтанд, ки бо омадани вазир, ҳамаро аз кор гирифта, наздикони худашро ба кор овард.
Суол: Агентии зидди фасод гуфт, дар қатори дигар вазорату идораҳо, дар вазорати молия низ ҳафт ҳолати ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор кардааст…
Қаҳҳорзода: Дар давоми фаъолияти як солаи ман як ҳолати даст доштани роҳбари як ташкилоти хурди қарздиҳӣ ба ин ҳолат роҳ додааст ва он ҳам ба вазорати молия алоқамандӣ надорад.


Хулосаи Шамсулло Фозилов, “посухҳо қонеъкунанда набуд, чунки вазир бо тарзи дипломатӣ аз посухҳо канор рафт”.

“БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШИ МОЛИЯВИИ МАРДУМРО БОЯД АЗ МАКТАБҲО ШУРӮЪ НАМУД”
Мижгона Ҳалимова, хабарнигори мустаъқил: То ҷое медонем, дониши молиявии аҳолӣ паст мебошад. Вазорати молия дар ин самт чӣ корҳо карда истодааст?
Қаҳҳорзода: Дар ин маврид як ролик омода шуда буд, вале намедонам он нашр шуд ё не, вале ин масъалае ҳаст, ки талоши ҳамагониро мехоҳад. Дар дигар кишварҳо бо назардошти он ки гардиши пули нақди кам аст, агарчӣ маҳдуд нест, аллакай як таҷриба шудааст. Яъне дар менталитети мардум ҳаст ва онҳо медонанд, ки бо корт пардохт кардан осонтар аст, аз ин рӯ аз кортҳо зиёд истифода мебаранд. Мо бояд сари ин масъала, ҷиддӣ фикр кунем, аз ҷумла намояндагони вазорати молия. Мо қадамҳои аввалинро вобаста ба қоғазҳои қимматнок монда истодаем, зеро дар дигар кишварҳо мардум амонат намегузоранд, вале бештари маблағҳои худро барои хариди қоғазҳои қимматноки натанҳо давлатӣ, барои қоғазҳои қимматноки ширкатҳои бонуфуз, ки даромади хуб доранд, саҳм гузоранд.
Фикр мекунам барои баланд бардоштани дониши молиявӣ, агар мо аз мактабҳо шуруъ кунем, ба манфиати кор аст. Тафаккур, маданияти истифодабарии маблағҳо аз мактабҳо шурӯъ шавад, хуб мебуд.


Хулосаи Мижгона Ҳалимова, “посух қонеъкунанда буд”.

“БАРОИ БЕЗАРАР КАРДАНИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ АЗ БУҶЕТИ КИШВАР 750 000 СОМОНӢ ҶУДО МЕШАВАД”

Ташрифулло Саъдуллоев, нашрияи “Ҷумҳурият”: Баъзан дар шаҳру ноҳияҳо барои пешпардохти андозҳо корҳои тарғиботӣ бурда мешавад. Оё ин ба таъмини даромади буҷети давлатӣ хатар надорад?
Қаҳҳорзода: Доир ба хатар ва таъсири он ба буҷет шояд ҷиддияте набошад. Ҳавасмандем, ки ҳамаи он пардохтҳое, ки амалӣ мешаванд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар анҷом дода шавад.


Хулосаи Ташрифулло Саъдуллоев: “Нисбати дигар роҳбарони вазорату идораҳо посухи вазири молия қонеъкунанда буд”.
Шодмон Ятим, радиои “Озодӣ”: Барои ба сатҳи кишварҳои ИДМ баробар кардани маоши кормандони буҷавӣ чӣ тадбирҳо меандешед?
Қаҳҳорзода: Тамоми иқдомҳои мо ба он равона шудааст, ки нафароне, ки дар хизмати давлатӣ ҳастанд ва нафақа мегиранд, маоши арзанда гиранд. Дар масъалаи баробар кардан, мо нақша надорем, зеро дар тамоми дунё музди меҳнат дар як сатҳ нест. Маош ба рушди иқтисод ва имкониятҳои кишвар вобаста аст.


Хулосаи Шодмон Ятим: “ҷавоб қонеъкунанда набуд!”
Маҳмуд Айёзов, радиои “Садои Душанбе”: Тибқи маълумотҳо барои безарар гардонидани як фурӯзонак 51 дирам сарф мешавад. Азбаски маблағҳо нест, онҳо солиёни дароз нигоҳ дошта мешаванд ва барои ҳавасмандгардонии мардум низ як миқдор маблағ ҷудо мешуд, мутаассифона ин кор амалӣ нашуда, то ҳол ҳалли худро наёфтааст…
Қаҳҳорзода: Барои безарар кардани фурӯзонакҳо аз ҳисоби буҷет 750 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ мешавад, ки аслан ин бояд аз ҷониби молияҳои шаҳру навоҳӣ пешбинӣ шавад. Дуруст аст, ки барои ҷамъоварии онҳо дигар имкониятҳо низ истифода гарданд. Мо суолҳои Шуморо навишта гирифтем ва сари ин кор мекунем.
Суол: Дар асоси Кодекси замини Тоҷикистон 75-85 фисади андози замин барои беҳдошти замин бахшида мешавад. Мутаассифона дар мақомоти маҳал ин чиз истифода намешавад. Манбаи ягона аз ҳисоби замин аст ва рӯз то рӯз ҳолати истифодабарии замин хеле бад шуда истодаааст. Яъне сатҳи мелиоративӣ, заҳбуру заҳкашҳо, обҳои зери заминӣ зиёд мешаванд. Дар ин маврид нақшаҳои ояндаи вазорат чӣ мебошад?
Қаҳҳорзода: Дар масъалаи беҳдошти замин лоиҳаи сармоягузорӣ ҳаст, мо ҳамасола аз буҷети давлатӣ ба Агентии беҳдошти замин зиёда аз 14 млн сомонӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин маблағҳо пешбинӣ мешавад. Агар дар буҷети соли 2018 барои дастгирии Агенти беҳдошти замин 50 млн сомонӣ пешбинӣ карда бошем, дар буҷети соли 2019 бошад 60 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Мо корбарӣ карда истодаем, ки барои баъзе шаҳру навоҳӣ, ки техникаҳои замони шӯравиро истифода мебаранд, маблағҳои иловагӣ ҷалб кунем. Ин мансуб аст ба ноҳияи Зафаробод, Ашт, Восеъ, Панҷ ва Ҷиликул ин ҷойҳое ҳастанд, ки тавассути истифодаи мошин обрасонӣ карда мешаванд. Мо бо Бонки ҷаҳонӣ як тарҳе дорем, ки 6-7 ноҳияи вилояти Хатлонро дар бар мегирад, ки яке самтҳояш барои беҳдошти замин равона мешавад. Маблағҳо зиёд ҳастанд, агар камбудӣ ҳаст, корбарӣ хоҳад шуд.


Хулосаи Маҳмуд Айёзов: “посухҳо қонеъкунанда буданд.”