КОЭФФИСЕНТИ 3

170

Чаро арзиши истифодаи об дар пойтахт ба назари сокинон қариб 4 маротиба боло рафт?

Хабари боло рафтани арзиши истифодаи об сокинони пойтахтро сахт нигарон кардаву онҳо мегӯянд, ки наздики чор маротиб боло рафтани нархи об “беинсофист”.
Дар ҳамин ҳол, масъулини КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» сабаби боло рафтани арзиши обро дар паст будани таруфаҳои корхона арзёбӣ карда, ба ин назаранд, ки дар ин вазъ корхона наметавонад хизматрасониҳои худро анҷом диҳад.
Инфографикаи нархнома

Фирдавс Ҷабборзода, муовини директори КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» зимни суҳбат бо мо гуфт, воқеан пас аз баланд шудани арзиши об ва насби обҳисобкунакҳо дар манзилҳои истиқоматӣ, сокинон изҳори норозигӣ мекунанд, вале насби обҳисобкунаҳо ин ба фоидаи муштариён мебошад: «Ҳоло мо миёни сокинони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мардум моро қабул карда истодаанд».
Сабабҳои боло бурдани қиммати обро Ҷабборзода дар беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини беҳтари аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи партовҳо, амалӣ намудани тадбирҳои барномаҳои таъмир ва азнавсозии шабакаҳо, таъмини шаффофият ва танзими муносибатҳо дар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, беҳтаргардонии фаъолияти молиявии иқтисодӣ арзёбӣ кард:
– Корхонаи мо худмаблағгузор буда, аз ягон дотатсия ё аз ҳисоби буҷа имтиёзе надорем. Мо корхонае ҳастем, ки худамон обро истеҳсол карда, фурӯхта, маоши кормандон ва андоз месупорем. Ва аҳолии шаҳри Душанберо низ бо об таъмин мекунем. Барои вазъияти молиявии корхонаро доштан, ҳукумат ба хулоса омад, ки аҳолиро пурра бо обҳисобкунак таъмин кунад.
Ҳамчунин, тибқи гуфтаҳои Дилшод Қурбонов, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе 70 фоизи қубурҳое, ки КВД “Обу корези Душанбе” бояд иваз кунад, маротибаи дуюм аст, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст. Яке аз сабабҳои садама дар қубурҳо ин сари вақт иваз накардани онҳо мебошад. Сабабҳои сари вақт иваз накардани қубурҳо ба он вобаста аст, ки корхона хароҷоташро намепӯшонад:
– Ҳамасола аз даромадҳои корхона 13 фисадаш барои таъмини қубурҳо равона мешаванд. Ҳарчанд аз Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати шаҳр низ барои таъмини қубурҳо маблағ медиҳад, вале тибқи таҳлилҳои мо, давоми ду-се соли охир ҳамагӣ 9 фисади қубурҳо иваз шудаанду халос, зеро боз ҳам маблағҳо намерасанд.
ИНФОГРАФИКАИ ДАРОМАДУ ХАРОҶОТ ВА ҚАРЗИ КВД “Обу корези Душанбе” дар назди бонкҳои хориҷӣ

Сабаби пурра ба системаи обҳисобкунак нагузаштани сокинони пойтахтро масъулин дар нодуруст нишон додани шумораи истиқоматкунандагон арзёбӣ мекунанд:
– Дар як хона 6 нафар истиқомат карда, обро истифода мебаранду расман 3 ё 4 нафар сабт шуда, маблағи сабтшударо пардохт мекунанду халос-мегӯяд муовини директори КВД “Обу корези Душанбе”.
Гуфта мешавад вақте дар хонаҳои шаҳр ҳисобкунак насб гардид, маълум шуд, ки корхона зиён дидааст. Аз ин рӯ, арзиши як куб обро аз 63 ба 78 дирам боло бурда, коэффисенти 3 барои дастгирии КВД “Обу корези Душанбе” аз тарафи шаҳрдорӣ роҳандозӣ шудааст.
– Қабл аз боло бурдани арзиши об мо бо кормандони Хадамоти зидиинҳисорӣ мо 800 хонаро гашта дидем, ки дар як хонаи 5-6 нафар зиндагӣ карда, то 17 куб об истифода мебаранду барои як куб об ҳамагӣ 63 дирам пардохт мекарданд, ки ин ба зарари корхона оварда расонид-гуфт Фирдавс Ҷабборзода.
Дар мавриди насби ҳисобкунакҳои обӣ Шаҳноз Комилзода, блогнависи тоҷик мегӯяд, дар манзили истиқоматиаш тоза ҳисобкунаки обӣ насб кардаанд ва ҳоло намедонад, ки пас як моҳ чӣ қадар маблағ пардохт хоҳад кард. Бо ин вуҷуд, арзиши нав таъиншудаи обро ӯ хеле зиёд меҳисобад:
– Барои кишваре, ки дар саргаҳи об қарор дорад, аз 63 дирам ба 2 сомониву 34 дирам қиммат кардани об розӣ нестам. Мо аз об истифода барем ё не, дар мо об зиёд мебошад. Агар мо дар кишварҳои Африқо зиндагӣ мекардему як куб обро 2 сомониву 34 дирам мекарданд, хуб, аммо аз он ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунему об дар мо фаровон аст, баланд бардоштани ин миқдор маблағ, хеле қиммат мебошад.
Ба гуфтаи Ҷабборзода барои хонаҳое, ки сарикасӣ маблағи обро пардохт мекарданд, қиммати об 25 фисад нисбати соли қаблӣ боло рафт. Ӯ мегӯяд, вақте харҷу пардохти хонаҳои обҳисобкнакдоштаро бо хонаҳое, ки обҳисобкунак надоранд, муқоиса кардаанд, як навъ беадолатӣ дидаанд ва ба хулосае меоянд, ки бояд ҳисобро баробар кард:
– Вақте шаҳрванд бо корхонаи об шартнома мекунад, маҷбур аст, ки маблағро супорад. Масалан оилаҳое ҳастанд, ки ҳамаашон ба Русия рафта, пас аз як сол бармегарданд. Агар сари кас 8 сомониву 41 дирам пардохт кунанд, як маблағи калон мешавад. Аммо агар обҳисобкунакҳо дошта бошанд, пас аз баргаштан маблағро тибқи ҳисобкунак пардохт мекунанд.
Дилшод Қурбонов, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе аз се бахш иборат мебошад. Ин ҳам пурра бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин кардани аҳолӣ, ҳар сол на камтар аз 5 фоизи қубурҳо иваз карда шавад ва минбаъд гирифтани қарзҳои фоиздори хориҷӣ кам гардад.
Ба гуфтаи Қурбонов, боло бурдани арзиши об бар асоси Қонун “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ” ва Қонун “Дар бораи инҳисороти табиӣ”, ки гуфта мешавад нархи мол ва кору хизматрасоние, ки корхона истеҳсол менамояд, бояд хароҷоти ба истеҳсоли он сарфшударо пурра пӯшонад, фаъолияти безарараии он ва маблағгузориро аз ҳисоби даромадҳои худиаш таъмин намояд:
– Дар сурати пурра бо обҳисобкунак таъмин шудани аҳолии пойтахт, даромади КВД “Обу корези Душанбе” аз 3 то 5 маротиба кам мешавад. Ба хотире, ки даромади корхона қисман хароҷотҳояшро пӯшонад, мо коэффисиенти 3-ро татбиқ кардем. Вале ин коэффисиенти татбиқнамудаи мо аз меъёр зиёд набуда, бо ҳисоби сарикасӣ баробар мешавад.
Масалан, хонаҳое, ки бе обҳисобкунак ҳастанду 6 нафар зиндагӣ мекунанд, дар як моҳ 50 сомониву 46 дирамро ташкил медиҳад. (6х8с41д=50с 46 д)
Агар ҳамин 6 нафарро дар як моҳ бо обҳисобкунам гирем, 42 сомониву 12 дирамро ташкил медиҳад. (78х3=2с34д)
Ба гуфтаи Қурбонов хадамот ва корхонаи об аз пеши худ нархро таъин накардааст:
“Ҳисоботҳои молиявии КВД “Обукорези шаҳри Душанбе”-ро таҳлил карда, дидем, то 31 августи соли 2018 даромади яксолаи корхона, ки аз ҳисоби 40 фисад аҳолӣ, ки обҳисобкунак доштанд, ҳамагӣ 3 млн сомониро ташкил медиҳад. Боқимонда об сарикасӣ ҳисоб шуда, бар зарари корхона мебошад”.
ИНФОГРАФИКАИ ИСТЕҲСОЛ ВА ТАЛАФОТИ ОБИ КВД

То 15-уми октбяр ва баъди он
Бо ҳамин, масъулин сабаби аслии боло рафтани нархи обро ба қиммат шудани нархи нерӯи барқ, фарсуда будани қубурҳо, паст будани вазъияти молиявии корхона ва баргардонидани қарзи Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, эҳтимол то ду соли оянда арзиши об дар кишвар аз ин боло намеравад.
Хотиррасон мешавем, ки Президент Раҳмон зимни мулоқоти худ бо фаъолони пойтахт дар моҳи феврали соли 2017 аз ҳолати таъмини об дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд:
“Дар самти беҳтар гардонидани таъминоти аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 600 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки то имрӯз се лоиҳа ба маблағи 360 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба маблағи 240 миллион сомонӣ идома дорад ва муҳлати анҷоми он моҳи сентябри соли 2018 муқаррар шудааст. Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки таъминоти шаҳр бо оби тоза масъалаи муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.Вале мувофиқи таҳлили коршиносон масъалаи бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе эҳтимол баъди амалӣ шудани лоиҳаи мазкур низ ҳалли худро намеёбад. Аз ин рӯ, роҳбарону масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки доир ба масъалаи истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ, ки ҳоло масрафи он дар шаҳри Душанбе аз меъёр хеле зиёд аст, назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшида шаванд”.
Бо таъминот ва пардохти ҳаққи истифодаи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонед аз инфографикаи мо ошноӣ пайдо намоед: