Суолу ҷавоби вазири молия бо хабарнигорон

63

Санаи 2-уми август нишасти матбуотии Вазорати молия баргузор гардид. Бори дуввум аст, ки бахши “Дата-Журналистика”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” тасмим мегирад суол ва посухҳои нишасти хабарии Вазорати молияро дар шакли матн ва садо ба хонандагони худ пешкаш намояд:

Далер Мерганов, “Садои мардум”, Суол: Дар нишасти қаблӣ мавриди пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон дар бораи насби постерминалҳо ибрози андеша карда будед, Шумо гуфта метавонед, ки соҳибкорони мо кай умедвор шуда метавонанд, ки ин ташаббус дастгирӣ меёбад?
Суоли дигар: “Телефонҳои боварие, ки Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз кард, чаро Вазорати молия ин корро намекунад?
Посухи Қаҳҳорзода:

Саиди Ҳайдат “Маркази татқиқоти журналистӣ”, Суол: Дар расонаҳо оиди корхонаи ангишти “Назарайлоқ”, ки ба дигар кишвар фурӯхта, зиёда аз 100 млн маблағҳо дӯздида шудааст, навиштанд, назари Шумо?
Суоли дигар: “Фикри Шумо оиди сол аз сол дар як вазъи ногувор қарор гирифтани соҳибкорон?”
Суоли дигар: Дар шаҳри Ваҳдат чандин сол аст, ки нақшабандӣ намешавад, чунки дар гузашта дар ин минтақа чандин корхонаи саноатии бузург фаъолият мекарданд ва ин корхонаҳо имрӯз аз фаъолият бозмондаанд, чӣ бояд кард?
Посухи Қаҳҳорзода:

Ташрифулло Саъдуллоев, “Ҷумҳурият”, Суол: Таҳияи нави Кодекси андоз дар оянда барои сари вақт таъмин кардани даромадҳои буҷетӣ чӣ аҳамият дорад? Ва чӣ масъалаҳое буданд, ки ба таҳияи нави Кодекс водор карданд?
Суоли дигар: Имрӯз ду лоиҳаи бузург дар мавриди соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба маблағгузориҳои сабз ҳаст, аммо аз ҳисоботҳо бар меояд, ки азхудкунии маблағҳо хеле кам ба назар мерасад, Вазорати молия дар давоми шаш моҳ чӣ корҳои назоратиро анҷом додааст?
Посухи Қаҳҳорзода:

Маҳмуд Айёзов, Радиои “Садои Душанбе”, Суол: Дар мавриди маблағгузорӣ дар соҳаи иқтисодӣ каме равшанӣ меандохтед?
Суоли дигар: Оиди дастрас набудани китобҳои тозанашр мегуфтед, зеро аксари китобҳое, ки ҳастанд аз даврони Шӯравӣ монда, ҳатто то 60 фисадашон бо забони русӣ мебошанд. Вақте мардумро бо китобхонӣ ҷалб мекунем, вале мебинем, ки китоб нест, пас дар оянда дар буҷети ҷумҳурӣ ва маҳалӣ дар ин соҳа маблаӯгузорӣ мешавад ё не?
Суоли дигар: Фикри Шумо оиди маблағгузорӣ дар соҳаи беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин?
Посухи Қаҳҳорзода:

Садоқат Абдуразоққова, “Халқ Овозӣ”, Суол: Маблағҳое, ки ҳамчун субсидия аз тарафи Вазорати молия гирифта мешаванд, аз ин маблағҳо андоз супорида мешавад ё не?
Посухи Қаҳҳорзода:

Алишер Зарифӣ, “Радиои Озодӣ”, Суол: Қарзи Тоҷикистон, бештар ба кадом кишвар рост меояд?
Суоли дигар: Дар мавриди кони ангишти “Назарайлоқ” равшанӣ меандохтед?
Суоли дигар: Оё ҳузури Чин дар ҳама бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон ҷои хавотирӣ надорад? Сармояи Чин дар Тоҷикистон чӣ қадарро ташкил медиҳад?
Суоли дигар: Оё ягон гуфтание ба расонаҳо надоред?
Суоли дигар: Дар Тоҷикистон чанд миллионер ва миллиардер ҳаст?
Посухи Қаҳҳорзода:

Шоистаи Аҳмад, “Радиои Тоҷикистон”, Суол: Андешаи Шумо дар мавриди бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва суғурта?
Посухи Қаҳҳорзода:
\

Ҷамила Ҳусейнова, “СССР”, Суол: Тибқи оморҳои охир аз ҳаҷми 14 миллион сомонӣ ё аз ин зиёд пули миллии ба муомилот баровардаи Бонки миллии Тоҷикистон, беш аз 70 фоизи он берун аз суратҳисобҳои бонкӣ дар гардиш аст ва ин боиси шикаста шудани аксарияти ташкилотҳои молӣ шудааст, назари Шумо дар ин бора чист?
Посухи Қаҳҳорзода:

Бег Раҳмонӣ, Суол: Намешавад бо ин панҷ ҷойнишине, ки доред таҳлили Тоҷикистонро аз назари минтақа бигиранд?
Суоли дигар: 92 ҳазор нафар кӯмакгиранда нисбати соли гузашта бештар шуда истодааст ё кам ?
Посухи Қаҳҳорзода:

Ибодулло Тоҳиров, “Минбари халқ”, Суол: Аз рӯи таҳлилҳои вазорат саҳми бахши хусусӣ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ чӣ гуна аст?
Суоли дигар: Ҳарчанд дар мавриди ҳукумати электорӣ зиёд гуфта мешавад, вале дар ин соҳа ягон пешравиҳои ҷиддӣ ба назар намерасад, оё Вазорати молия барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ маблағ ҷудо мекунад ё не?
Суоли дигар: Дар самти ҷалби сармояҳои хориҷӣ, ба кадом муваффақиятҳо ноил гардидед ва бештари маблағҳо ба кадом соҳа равона шудааст?
Посухи Қаҳҳорзода:

Пайрав Чоршанбеев, “Азия Плюс”, Суол: Корҳои сохтуомнии НБО Роғун, ки ҳоло рафта истодааст, аз ҳисоби пудратчии хориҷӣ аст ё аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон? Баъдан Шумо гуфтед, ки дар нимсолаи аввал 1,8 миллиард сомонӣ дар корҳои сохтумонии НБО Роғун маблағгузорӣ гардид, ин маблағҳои буҷетӣ буд ё аз дигар ҳисоб ва дар нимсоли дуюм чӣ қадар маблағ сарф хоҳад гардид?
Посухи Қаҳҳорзода: