gototopgototop
Мутобики Созишномаи Женева-2006 Точикистон дар баробари дигар кишвархои олам бояд то мохи июни соли 2015 ба пахши раќами гузарад. То имрўз барои амали гардидани ин хадаф чи тадбирхое андешида шудаааст? Таќдири телевизионхои мустаќили махаллй чи мешавад ва чаро чойгохи онхо то ханўз мушаххас нест? Мушкилоти гузариш ба тарзи нави пахши барномахоро чи гуна метавон хал кард? Корхои фахмондадихии чараёни навро чи тавр бехтар намудан имкон дорад, то муштариён имкони ќабули мавчи раќамии телевизионхро дошта бошанд? Баъди гузариш ба пахши раќами дастрасии ахолй ба манбаъхои алтернативии ахбор махдуд намегардад? Ин мавзўъхо хадафи асосии баргузории конференсияи чумхуриявиест, ки дар он намояндагони хукумат, порлумон, маќомоти давлатии танзимкунандаи сохаи телевизион ва радио, чомеаи шахрвандй, шабакахои хукуматй ва ѓайрихукуматии телевизионй ва коршиносони мустаќили соха иштирок намуда, оид ба шаффофият ва воќеияти чараёни гузариш ба пахши раќами бахс мекунанд. Дар баробари мутахассисони дохилй коршиносони байналмилалй аз Федератсияи Россия ва Ќазоќистон оид ба бурду бохти љараёни гузариш ба пахши раќамї ва таљрибаи кишварњои худ наќл мекунанд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассосиатсияи истехсолкунандагон ва пахнкунандагони маводи радиотелевизионй ва мусоидати молиявии  Институти Чомеаи Кушода-Бунёди мадад дар Точикистон гузаронида мешавад.
Замон: 27 ВА 28 МАРТИ СОЛИ 2013, СОАТИ 09.00
Макон: мехмонсарои «Гулистон-тур»
Ассосиатсияи истехсолкунандагон ва пахнкунандагони маводи радиотелевизионй соли 2011 таъсис ёфта, хадафаш хифзи манофеи ташкилоти мустаќили радиотелевизионй ва продакшн-студияхо мебошад.
Телефонхо барои маълумоти иловагй: 919323402, 919229236
Мутасаддиён: Зинатулло Исмоилов ва Мирзо Тоњиров