Хома ширкаткунандагони як лоиҳаро ба тренинги ҷамъбастӣ даъват мекунад

0
729

Созмони ҷамъиятии Хома барои иштирокчиёни лоиҳаи Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ тренинги ҷамъбастӣ таҳти унвони  Визуаликунонии маълумот барои ҷалби шаҳрвандон баргузор мекунад. Қаор аст дар доираи он иштирокчиён боз ҳам амиқтар усулҳои визуаликунонии босифат ва дурусти масоили вобаста ба буҷа ва молияи давлатиро омӯхта, воситаҳои гуногунро ба монанди OpenSpending.org, OpenRefine, RAW, plot.ly, quadrigram.com, QGIS, Tableau, Adobe Illustrator ва ғайра истифода кунанд.

Мураббиён аз Тоҷикистон ва Русия ба ширкаткунандагон тарзи дастрас намудани иттилоро аз сарчашмаҳои кушода, таҳрири он, ҷобаҷокунӣ ва визуаликунонии интерактивии маълумотро меомӯзонанд. Тренер аз Русия, муҳаррири судияи инфографикии Аагентии Иттилоотии Байналмилалии «Россия сегодня» Александр Богачев дар тренинг мисолҳои беҳтаринро оид ба визуаликунонии нишондиҳандаҳои бюджетӣ намоиш медиҳад ва дар сохтани харитаҳои интерактивӣ тариқи CartoDB ва Геокодинг ба иштирокчиён кӯмак мекунад. Нишон медиҳад, ки чи тавр барои маълумотҳои картографикӣ аз воситаҳои QGIS ва Tableau, инчунин дигар сервисҳои харитасозӣ истифода бояд кард.

Ин тренинг аз 24 то 28-уми октябр баргузор мешавад.

Маълумоти бештарро аз  сомонаи www.khoma.tj  ё тариқи телефони  227 34 78 дастрас карда метаовнед.

Источник: http://www.tojnews.org/