Мактаби журналистии Рашт ҳам фаъол шуд

62

Машғулиятҳои дар доираи лоиҳаи “Имконоти нав дар фазои итиллотӣ”, ки дар навоҳии минтақаи Рашт 23 ноябр шурӯъ гардида буданд анҷом ёфтанд.

Ба шунавандагони “Мактаби журналистӣ”, ки давоми 10 рӯз дар ин минтақаи ватанамон баргузор шуд, устодони муваффақе чун Иззатманд Саломов, Худоёр Бархонов ва Маҳрам Холов дарсҳои назариву амалӣ оид ба рисолати касби журналистӣ, кор бо дастгоҳҳои касбӣ, навиштани матнҳои хабариву гузориш, навъҳои мусоҳиба барои телевизион, радио ва рӯзнома, истифода аз фановариҳои ҷадид ва унсурҳои чандрасонаиро таълим доданд.

Авлавияти бештар ба журналистикаи телевизионӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ дода шуда буд, ки барои пайдоиши шабакаи телевизионии минтақавӣ дар Рашт созгор хоҳад омад.

Дар доираи барномаи мактаби журналистӣ сохтани блог дар платформаи www.blogger.com низ ба иштирокчиён омӯзонида шуд.

Маҳсули эҷодии иштирокчиён дар рӯзи охири машғулиятҳо муаррифӣ гардид (барномаҳои телевизионии ахбори шогирдон замима мегардад) ва ба онҳо сертификати хатми “Мактаби журналистӣ” супурда шуд.

Интизор меравад дар ибтидои соли 2018 мактабҳои журналистии “Хома” дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳам фаъол гарданд.