Муроҷиатномаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

136

Мутаассифона вақтҳои охир тамоиле дар Воситаҳои ахбори оммаи кишвар рӯшантар ба назар мерасад, ки он ба нашр ва пахши бе ишора ба манбаи аввал дар матолиби журналистон дахл мекунад.  Шояд дар гузашта низ ин масъала вуҷуд дошт, аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ  ва ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайвастани ВАО, ки  дастрасӣ ба онҳоро бештар мегардонад, ин мавзӯъ ҷиддитар баррасӣ хоҳад шуд. Пеш аз ҳама, набояд аз мадди назар дур гирифт, ки асардуздӣ помолкунии рӯирости ҳам ахлоқ ва ҳам қонун буда, дар чорчӯбаи қонунгузории бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон муҷозоти сангин дорад.

Ҳоло дар бисёрии кишварҳо маҳз аз тариқи вайрон кардани ин банди қонунгузорӣ журналистон ва ВАО баҳсҳои судиро бохта, ҷаримаву товонҳои калонро пардохт менамоянд.  Баъзе аз ВАО бо ҳамин сабаб дар садади қатъи фаъолият қарор доранд. Бархе аз журналистон ва роҳбарони ВАО дар мамолики гуногун маҳз бо ҳамин ҷурм шарманда гашта, тарки журналистика намудаанд, ё аз мақоми роҳбарикунанда истеъфо додаанд.

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ин гуна ҳолатҳоро қатъиян маҳкум карда, вазифаи худ медонад, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо масъаларо пешорӯи ҳамкасбони худ қарор бидиҳад ва аз онҳо хоҳишу дархост намояд, ки аз ин амали нангину шармовар, ки бархӯрди ҳуқуқиро ҳам дар пай дорад, парҳез намоянд.

Қобили зикр аст, ки аввалин муроҷиат ба Раёсати навинтихоби Шӯрои ВАО маҳз масъалаи асардуздӣ гардид, ки ба истифодаи акси як расона аз ҷониби ҳамкасбони дигар бидуни ишора ба манбаи аввал, дахл мекунад. Зимнан, чун ин мушкил хос танҳо ба як ё ду расона набуда, мутаассифона анқариб хусусияти ҳамагонӣ касб кардааст, Шӯрои ВАО тасмим гирифт, як бори дигар ба ҳамкасбон банди  14-и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ва талаботи он: Асардуздӣ (плагиат).  Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад” –ро ёдовар шавад ва низ зикр намояд, ки тибқи қонунгузории мамлакат барои ин амал ҷазои ҳуқуқӣ ҳам пешбинӣ гардидааст.

Мо бовар дорем, ҳамкасбони мо то ҳадди бархӯрди ҳуқуқӣ масъалаҳоро набурда, минбаъд зимни истифода аз заҳмати ҳампешагонашон ба онҳо эҳтиромро қоил хоҳанд буд.

Раёсати Шӯрои ВАО,

18. 12.2017