“Нигоҳи нав” –и донишҷӯёни Қурғонтеппа

121

Маълум мешавад, ки мо дар бораи донишҷӯёни факултаҳои журналистии Тоҷикистон на ҳама чизро медонем

“Журналистикаи тоҷик ҳанӯз умедҳои кашфношуда дорад!»

Ин хулосаи умумии мо дарҳол пас аз мулоқот бо донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи ба номи Носири Хисрав пайдо шуд.

Сафар ба маркази маъмурии Хатлон ва дидору мулоқот бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии  шаҳри Қурғонтеппа аслан дар доираи барномаҳои махсуси созмони ҷамъиятии “Хома”, ки ба 15 –умин солгарди таъсисаш иртибот мегиранд, сурат гирифт.

Дертар ин иқдомро Раёсати Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон ҳам бо хушнудӣ пазируфтанду бо мо пайвастанд. Узви Раёсати Шӯро Иршод Сулаймонӣ, ки ҳамзамон  сардабири нашрияи “Озодагон” аст, Раҷаб Мирзо ба сифати муҳаррири бахши “Дата журналистика”-и “Хома” ва узви Раёсати Шӯрои ВАО, Субҳон Ҷалилов – директори барномаҳои радиои “Ватан” аз ин сафари хушҳолкунанда бо дидгоҳи мусбат баргаштанд.

Декани факултаи филологияи тоҷики ДДҚ Илҳом Қодирӣ дар ибтидои суҳбат бо донишҷӯёни сершумор аз вохӯриҳои пешини доирнамудаашон бо журналистони саршинос ва созмонҳои матраҳи журналистӣ мисолҳо овард ва гуфт дар оянда низ аз ин таҷриба ҳадафмандона истифода мебаранд, чун натиҷаи ин иқдомҳо дар фаъолиятҳои хеле таъсиргузори донишҷӯёнашон ҷамъбаст шудааст.

Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон ва роҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” дар бораи нақшу ҷойгоҳи ниҳодҳои зери роҳбариаш ба донишҷӯён маълумот дод. Субҳон Ҷалилов аз махсусиятҳои фаъолияти журналистӣ дар радио, хоса “Ватан” нақл кард. Иршод Сулаймонӣ дар мисоли “Озодагон” мавқеву мақоми журналистикаи матбуотиро шарҳ дод. Раҷаб Мирзо аз тамоилҳои нави журналистикаи ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба журналистикаи ватанӣ гуфт.

Вале саволҳои зиёди донишҷӯён доираи суҳбатро фарохтар мекард ва аз шавқу шӯр, амбитсияҳои мусбати онҳо дарак медод. Дертар, вақте аз утоқҳои дарсиву таҷрибавии донишҷӯён дидан кардем, ба дурустӣ маълум шуд, ки талошу пурсишҳои онҳо бе замина набудааст: “Нигоҳи нав” – нашрияи девории донишҷӯён, ки аз ибтидои пайдоиш то шумораи ахираш дар деворҳои факулта овезонанд, маълум мекард, ки онҳо аз шумора то шумораи дигар чигуна рушд меёбанд. “Хорпуштакзодагон” – маҷаллаи ҳаҷвии девории онҳо исбот мекард, ки ба ҳуқуқи муаллифӣ эҳтиром қоиланд ва дар фаъолиятҳояшон асардуздиро роҳ намедиҳанд. “Як рӯзнома” – нашрияи маҳфили рӯзноманигорони ҷавони донишҷӯёни ин донишгоҳ баёнгари он буд, ки дар интихоби ному дизайни нашрия “ман”-и худро мехоҳанд дошта бошанд. Бо ин ки шаби пеш аз сафари мо бархе донишҷӯён хоб накардаву барномаи хоси телевизионии худро дар студия омода кардаанд, нишон доданд, ки дар роҳи душвори журналистӣ устуворанд. Утоқҳои хеле зебо муҷаҳҳазнамудаи шӯъба бо василаҳои усулии касбӣ, аз он мегуфтанд, ки мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Дилором Маҳкамова ва устоди ин кафедра Носирҷон Маъмурзода барои шогирдон омодаанд ҳама тавонмандиҳои хурдро масраф намоянд. Муҳаббати самимонаи шогирдон ба устодон маънии онро дошт, ки донишҷӯён заҳмати устодони худро ҳамеша қадр хоҳанд кард….

Дар ҷараёни суҳбати хеле муфассал чандин мавзӯъҳо ҳамчун лоиҳаҳои ҳамкорӣ баррасӣ гаштанд ва интизор меравад дар соли пешорӯ аз ҳисоби ин донишҷӯён номҳои нав дар журналистикаи Тоҷикистон пайдо шаванд.