Продолжаем изучение экономических вопросов и их освещение

128

Общественная Организация «Хома» при поддержке Института «Открытое общество» Фонд Содействия Таджикистан и Департамента международного развития Великобритании (DFID) в Таджикистане продолжает реализацию проекта «Поддержка реформ государственных финансов в Таджикистане».

В рамках данного проекта с 4 по 8 апреля 2016 года его участники пройдут второй курс обучения по модулю «Мультимедиа и финансовая грамотность».  Журналисты, студенты, блоггеры,  гражданские активисты и представители государственных и неправительственных учреждений продолжат изучение вопросов управления государственными финансами, бюджетирования, освоение методов анализа государственных расходов, а так же инструментов мультимедиа. Опытные отечественные тренера в частности расширять знания участников по экономическим вопросам, таким как бюджетная система, процессы прогнозирования макроэкономических показателей, планирование и прогнозирование доходов государственного бюджета на среднесрочный период, формирование бюджета, проведения финансовых расчетов, анализ налоговых и неналоговых доходов бюджета и многое другое.

Большое внимание будет уделяться специфике написания экономических материалов и практическим работам с мультимедийными инструментами. В рамках очередного тренинга участники изучат возможности программы GoogleDrive, интерактивной инфографики в Infogr.am, создание инфографики на Piktochart и Easel.ly, а так же ознакомятся с TimeLine и Mеп–Инфографикой. Участникам на мобильные телефоны будут установлены программы Bambuser, Ustream.tv и Livestream для улучшения их работы над информацией и качественного освещения своих материалов.

Так же в рамках обучения участники закрепят знания и навыки по нелинейному аудио и видеомонтажу. Широко будут использовать разные мультимедийные инструменты в создании материалов по вопросам бюджетирования, управления государственными финансами и другим экономическим проблемам. По изученным экономическим вопросам для участников будет проведена учебная пресс-конференция, которая поможет не только закрепить пройденный материал, но и способствует укрепить навыки по аудиозаписи, видеосъёмкам, фотографии и написанию текстов.

 

Омӯзиши масъалаҳои иқтисодӣ ва инъикоси онҳо тариқи воситаҳои чандрасонаӣ идома меёбад

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии  Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон  ва Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» -ро идома медиҳад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур аз 4 то 8 апрел иштирокчиёни барнома даври дуюми омӯзишро аз рӯи модули «Чандрасонаӣ ва дониши молиявӣ» мегузаранд. Рӯзноманигорон, донищҷӯён, блоггерон, фаъолони ҷамъиятӣ ва намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ масъалаҳои идораи молияи давлатӣ, буҷа, усулҳои таҳлили хароҷоти давлатӣ ва инчунин воситаҳои чандрасонаиро меомӯзанд.

Тренерони ботаҷрибаи ватанӣ дониши иштирокчиёнро дар масоили иқтисодӣ васеъ намуда, аз ҷумла ба онҳо системаи буҷавӣ, ҷараёни дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, банақшагирӣ ва дурнамои даромадҳои буҷаи давлатӣ барои марҳилаи миёнамӯҳлат, ташаккулёбии буҷа, гузаронидани ҳисоботҳои молиявӣ, таҳлили даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷа ва дигар мавзӯҳои муҳимро аз худ хоҳанд кард.

Дар ҷараёни омӯзиш ба хусусиятҳои навишти маводи иқтисодӣ ва корҳои амалӣ бо воситаҳои чандрасонаӣ диқкати хосса дода мешавад. Дар доираи тренинги навбатӣ иштирокчиён бо барномаҳои TimeLine ва Mеп–Инфографик шинос шуда, ҳамзамон имкониятҳои барномаи GoogleDrive меомӯзанд ва сохтани инфографикаро дар Piktochart, Easel.ly ва Infogr.am аз худ мекунанд.

Ба телефонҳои мобилии иштирокчиён барномаҳои Bambuser, Ustream.tv ва Livestream васл карда мешаванд, то онҳо бо маълумотҳо беҳтар кор кунанд ва имконияти инъикоси босифати мавзӯҳоро дошта бошанд.

Инчунин дар доираи омӯзиш иштирокчиён донишу малакаи худро дар танзими маъмулӣ ва компютерии овоз ва видео такмил медиҳанд. Инчунин онҳо бо истифодаи васеи воситаҳои чандрасонаӣ оид ба масъалаҳои буҷа, идораи молияи давлатӣ ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ мавод омода мекунанд.

Аз рӯи масъалаҳои иқтисодии дар тренинг баррасишуда барои иштирокчиён нишасти матбуотии таълимӣ баргузор мешавад, ки ин барои мустаҳкам намудани мавзӯҳои омӯхташуда ва ҳамзамон такмил додани малакаи сабти овозу видео, аксбардорӣ ва навиштани матн кӯмак мерасонад.