Бекор намудани ичозатнома барои истехсоли маводи аудиовизуали такозои замон аст. Амакчонов Зафар, хукукшинос

0
702

Ман таи чанд сол аст, ки бевосита бо ВАО сарукор дорам. Каме њам бошад бо проблема ва душворињои ин соња ошно њастам. Сабаби ба ин соња ру овардани ман иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии Хома буд, ки таи солњои 2007-2008, дар асоси лоињаи махсус дар назди студияњои телевизионии шањру ноњияњои љумњурї вазифаи њуќуќшиносро таъсис намуд. Бевосита дар мањалњо намояндагони ВАО ҷимоячии худро пайдо карданд. Дар асоси лоиња њуќуќшиносон махсус омўзонида шуда, дар назди студияњои телевизионї адои вазифа карданд ва шумораи муайяни онњо бо дастгирии ИЉ Хома, аз љониби Вазорати адлияи ҶТ соњиби иљозатномаи фаъолияти адвокатї низ гаштанд.

Ин ташаббуси хеле хуб буд, чунки аз як тараф њуќуќшносон то як андоза сабабгори баланд гаштани маърифати њуќуќии намояндагони ВАО гардида бошанд, аз тарафи дигар то андозае кори намояндагони ВАО-ро дар самти дуруст ба роњ мондани коргузории истењсолї сабуктар намуданд. Аз тарафи сеюм бошад, чунин мактаби махсусгардонидашуда, ки њуќуќшиносонро барои як соњаи муайян меомўзонад, дар љумњурї, ба фикрам, вуљуд надорад. Ба њар њол, ман низ дар қатори дигар иштирокчиёни ин лоињаи наљиби ТҶ Хома ба доираи масъалањои вобаста ба фазои иттилоотии мамлакатамон ворид шудам.

Ќайд кардан зарур аст, ки новобаста аз камбудињои љойдошта, хизмати ВАО дар назди давлату љомеа хеле бузург аст. Бинобар ин моро имрўз зарур аст, ки ин соњаро дастгирї намоем, барои сифатан бењтар намудани фаъолияташ бевосита мусоидат намоем. Чи хеле ки аллакай ќайд кардам, ман каму беш бо фаъолияти соњаи ВАО аз наздик ошної дорам ва аз њамин сабаб аз њамаи хонандагони гиромї эњтиромона хоњиш мекунам, ки эродњои маро холисона ќабул фармоед.

Пеш аз њама ман ќайд карданї њастам, ки телевизионро њамчун воситаи фароѓат дарк кардан хато аст. Чунки телевизион бояд дар тамоми соња њисса дошта бошад, њам дар сиёсат, њам дар санъат, њам дар тиљорат ва ѓайра. Вале мутаасифона аз сабаби он ки дар соњаи телевизион ва радиошунавонї раќобат вуљуд надорад, тиљорат низ вокеї нест. Сабаби асосї дар он аст, ки мо њарчанд 4 шабакаи давлатї дорем, мањсулоти истењсоли онњо бозоргир нестанд ва харидор њам надоранд…

Проблемае, ки маро имрўз ба ташвиш овардааст, проблемаи нав њам нест. Мутаасифона чандин сол аст, ки он давом мекунад ва њарчанд кушишу чањди зиёде дар роњи њалли он сарф шудааст, то ба њол ин проблема дар ќатори проблемањои њалнашаванда ќарор дорад. Ман дар назар дорам  проблемаи мушкилоти иљозатномадињї ба студияњои телевизионї ва радиошунавониро.Ќайд кардан зарур аст, ки номумкин гардонидани гирифтани иљозатнома дар фаъолияти телевизион ва радиошунавонї танњо бар зарари халќу љомеа буда, дар як ваќт якчанд тарафњои манфии худро низ дорад.

Ман мехостам якчанд хулосањои худро вобаста ба ин гуфта гузарам:

1.Проблемаи аввал њамин аст, ки таъсиси студияи телевизионї чи ќадар мушкил бошад, гирифтани иљозатномаи фаъолияти он боз њам душвортар аст. Њарчанд Ќонуни ЉТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонї» дар моддањои 8 ва 10 фаъолият намудани ду намуди телевизион ва радиошунавониро -телевизион ва радиошунавонии давлатї ва гайридавлатиро ичозат додаст, вале воќеан чунин нест. Аниќтараше ќонун ягон мањдудиятро дар мавриди фаъолияти телевизион ва радиошунавонии њам давлатї ва хам хусусї  муайян накардааст. Яъне мањдудият дар ин самт гуё вуљуд надорад.
Моддаи 17 Ќонуни ЉТ «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намуди фаъолиятњо» бошад, пешбинї кардааст, ки «барои фаъолияти соњаи телевизион ва радиошунавонї ва истењсоли маводи аудиовизуалї иљозатнома зарур аст». Тартиби додани иљозатномаро инчунин «Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намуди фаъолиятњо», ки бо Ќарори Њукумати ЉТ аз 01.09.2005 тасдиќ карда шуда, бо Ќарори Њукумати ЧТ аз 03.04.2007 сол ба он таѓирот ворид шудааст, муайян кардааст.
Яъне, расман давлат тамоми кафолатњоро дар мавриди таъсис ва фаъолияти телевизион ва радиошуданвонї додаст. Хусусан моддаи 12 Ќонуни ЉТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонї» пурра ба масъалаи додани иљозатнома ба ташкилотњои телевизион ва радиошунавонї бахшида шудааст. Ќонунњо чи хеле ки аллакай ќайд карда шуд, њуќуќњои моро гуё мањдуд намекунанд, вале проблемаи асосї дар он аст, ки гирифтани иљозатнома барои фаъолияти телевизион ва радиошунавонї кори нињоят мушкил ва њатто иљронашаванда аст.

2.Проблемаи дигар њамин аст, ки мањз бо сабаби он ки гирифтани иљозатнома кори нињоят мушкил аст, студияњои шахсии сабти навор ва овоз маљбур њастанд, ки ба фаъолияти ѓайрилегалї машѓул шаванд. Аљиб он аст, ки мањсулоти аудиовизуалии студияњои иљозатнаома нагирифта аз мањсулоти студияњои иљозатномадошта ба маротибњо босифаттар аст. Айни замон дар њудуди љумњурї агар њамаи ин студияњо ба њисоб гирфта шаванд, маълум мешавад, ки давлат аз чї ќадар маблаѓи даромад мањрум шудааст.

Њадафи асосии ман, ин аз байн бардоштани монеањои сунъї њангоми гирифтани иљозатнома аст. Аз як тараф соњиби таъсири баланд будани Кумитаи телевизион ва радиошунавонї ва аз тарафи дигар паст будани дарачаи маърифати њуќуќии худи журналистон ба он оварда расонида истодааст, ки боз як проблемаи нихоят вазнин, яъне пур гаштани фазои холии иттилоотї бо мављњои радиостансияњо ва телевизионњои давлатњои хориљї ба миён омадааст. Ин њолат боиси коста гаштани маънавиёти љомеа шуда истодааст. Инчунин бевосита сабабгори ба вуљуд омадани боз як проблема – яъне проблемаи таъсири манфї ба тарбияи ватандустии љавонон, паст гаштани њисси миллї гашта истодааст. Пўшида нест ва ин њолатро њама хуб медонанд, ки дар шањру ноњияњои наздисарњадии Љумњуриамон мављњои радиостансияњо ва телевизиони давлатњои њамсоя  љомеаи мањаллро ба зери таъсири фарњанг ва  сиёсати худ гирифта истодаанд. Магар ин проблема нест? Бар замми ин бо сабаби мунтазам аз љоними ин давлатњо намоиш додани барномањои босифат, филмномањои замонавї, барномањои фароѓативу истироњатии дилчаспу рангоранг сокинони мањалњои наздисарњадї танњо њамин барномањоро гуш ё тамошо мекунанд. Масалан намоишњои каналњои телевизионии Ёшлик, НТВ, Фарѓона, мављњои радиошунавонии Эхо долины, Ёшлар ва ѓайрањои Узбекистон, барномањои телевизионии канали КТР, мављњои радиошунавонии  давлати Ќирѓизистон ќариб њар рўз аз тарафи ањолии наздисарњадї фаровон тамошо ё гуш карда мешаванд. Албатта ин њолат ба љомеа таъсири манфии худро расонида истодааст ва агар пеши роњи он гирифта нашавад, оќибаташ чї мешуда бошад, ман намедонам. Шояд давлатњои њамсарњад воситањои ахбори њам давлатї ва њам мустакилашонро њамчун як фишанги таъсиррасонї ба маданияту фарњанг ва њисси милии мо моњирона истифода карда истода бошанд!? Дар њамин замина таъсири идеологияи онњо ба љомеаи мо дар мањалњои наздисарњадї албатта бештар аст, ки ин хам як проблемаи бузург аст.

 Мутаасифона дар њолати љойдошта сањми бевоситаи Кумитаи телевизион ва радиошунавонї хеле калон аст. Дар њамин нуќта ман ќайд карданиам, ки шояд дар њудуди давлатамон телевизионњои хусусї тамоман фаъолият намекунанд ва агар чунин стансияњо бошанд њам шумораи онњо нињоят кам будагист.

Имрўз њама бояд як њолатро дарк кунем, ки дар мањалњо мањбубияти халќ ба телевизиони мањаллї нисбат ба телевизионњои марказї бештар аст, чунки мањз њамин студияњо тавонистанд, ки бо халќ наздиктар шаванд, дарди мардумро бисёртар ифода кунанд, барномањои љолиб ва диданибоб намоиш дињанд ва халќ низ ин студияњоро њамчун як воситаи ниёзаш истифода мебарад.

 Њамин нуќтаро бояд ба њисоб гирифт, ки узвияти љумњуриамон дар созмонњои байналмилалї, хусусан дар созмони бонуфузи байналхалќии САЊА моро масъул кардааст, ки барои амалишавии талаботњои меъёрњои байналхалќї дар самти озодии сухан ва риояи њуќуќњои васоити ахбори омма кушиш ва ѓайрат кунем. Бинобар ин моро зарур аст, ки як њолати реалиро дарк намоем, яъне ки ВАО бояд иштирокчии фаъоли бозор бошад. Бояд байни студияњои телевизионї раќобати солим пайдо шавад ва бигузор бозори мањсулоти аудиовизуалї ѓанї гардад. Студияњо бояд дар асоси раќобат фаъолият кунанд ва ба бозор – яъне ба тамошобин мањсулоти худро пешкаш намоянд. Ман имони комил дорам, ки то он даме ки чунин бозор ба амал наояд, вазъ дар соњаи ВАО электронии мамлакат бењтар нахоњад шуд. Модоме ки чунин аст, ин њолат боз як проблемаи дигарро тавлид мекунад, яъне аз паи студияњои телевизионї ва стансияњои радиошуданвонии дигар давлатњо рафтани шунаванда ва бинандаи тољик. Чунки шабакањои давлатии мо бо шабакањои дигар давлатњо раќобат карда наметавонанд, аниќтараш мо намоишњои хуб надорем, ки тамошобин онро бо завк тамошо кунад.

Ҳарчанд мављњои телевизионї ва радиошунавонї гуё пурќувват карда шудаанд ва фазои иттилоотї ќисман бо мављњои шабакањои худї пур шудаанд, аљоибии њолат дар он аст, ки тамошобин бо воситаи мањвора боз њам њамон шабакањои хориљиро тамошо мекунад. Яъне пурќувват кардани мављњо, пур кардани фазои иттилоотї бо мављњои худї проблемаро њал карда наметавонад. Сабаби асосї дар он аст, ки аксарияти шабакањои мо бо сифати маводи аудиовизуалии шабакањои дигар давлатњо на танњо раќобат карда наметавонанд, балки ба бозори раќобат дохил шуда њам наметавонанд. Бинобар ин, ба андешаи ман, соддатар намудани тартиби додани иљозатнома, бештар намудани шумораи студияњои телевизионї ва радиошунавонї дар мањалњо ва кушодани роњи васеъ барои фаъолияти онњо сабаби пайдо шудани бозори раќобат мегардад ва албатта тамошобин интихоби дурусти худро мекунад. Дар натиља њам давлат манфиатдор мешавад ва аз њама муњим мардуми тољик барои тамошо шабакањои телевизионї ва радиои ватаниро интихоб менамояд.

Ин љо ман мехостам нисбат ба як њолати аљоиб сухан кунам. Ба касе пўшида нест, ки рўзномаву маљаллањои мо аз љињати реклама, мазмуну ѓоя ва њам аз љињати ороишї хеле пеш рафтаанд. Байни онњо бозори солими раќобат ва истењсол пайдо шудааст ва њар як рўзнома, њафтавор ё маљалла кўшиш дорад, ки мањсулоти вай ќимматтар равад ва бозоргир бошад. Ман боварї дорам, ки рўзномањои хусусї талабгори бештар доранд, њатто афзалияти онњо аз студияњои телевизионї бештар аст. Сабаби асосии чунин њолат дар он аст, ки дар соњаи матбуот ягон хел девори сунъї вучуд надорад ва тартиби таъсис додани рўзномаву њафтавор нисбат ба таъсиси телевизион ва радиошунавонї содда ва ба маротибхо осонтар аст. Худи љой доштани воќеияти бозоргир будани рўзнома ва њафтаворњои шахсию љамъиятї нисбат ба нашрияњои давлатї ин гуфтањоро бебањс тасдиќ мекунанд.

Вобаста аз гуфтањои болои ман чунин хулоса мекунам, ки агар фаъолияти комиссияи иљозатномадињї шаффоф карда шавад, имконияти гирифтани иљозатномањо васеъ гардад, барои таъсиси студияњои телевизионї ва стансияњои радиошунавонии ѓайридавлатї шароит фароњам оварда шавад, барои ба вуљуд омадани бозори солим ва раќобатнок байни студияњои телевизионї ва радиошунавонї замина гузошта шавад тамоми проблемањои ќайдшуда, оњиста аз байн мераванд. Дар натиља, бешубња фаъолияти студияњои телевизионї ва радиостансияњои давлатї ва мустакил босифат ва бозоргир мешаванд ва сифати хизматрасониии онњо хубтар мегардад.

Имрўз бояд дарк кард, ки сифати барномањо бояд ба андозае баланд карда шаванд, ки раќобати солим байни шабакањои телевизион ва радио ба вуљуд ояд ва тамошобини тољик хамеша интизори пахши барномањои расонањои электронии ватанї бошад.

Амакчонов Зафар, њуќуќшинос  25.09.2009