Инъикоси масоили вобаста ба ифротгароӣ дар ВАО

67

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” роҳандозии лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна”-ро идома медиҳад.

Омӯзиши серӯзаи навбатии амалӣ барои журналистон имрӯз 6 феврал дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд ва он ба мавзӯи “Инъикоси масоили вобаста ба ифротгароӣ дар ВАО” бахшида шудааст.
Дар доираи омӯзиш ба иштирокдорон маълумоти густурда доир ба таърих ва мафҳуми “терроризм”, мушкилиҳои инъикоси ин падидаи номатлуб дар ВАО, таҷрибаи инъикоси амалҳои террористӣ дар ВАО хориҷӣ, махсусиятҳои фаъолияти журналистӣ дар шароити ихтилофҳои мусаллаҳона ва усулҳои касбии пахши матолиб маълумот медиҳанд.

Дар ҷараёни омӯзиш ба иштирокчиён ҳамчунин оид ба ташкилотҳои инфротии дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ, Қонунгузории ҶТ оид ба терроризм ва ифротгароӣ маълумоти амиқ дода мешавад.

Тамоми иштирокдорон бо матлабҳои худ мустақилона кор мекунанд ва пас аз анҷоми омӯзиш дар муддати як моҳ онҳо бояд матлабро дар ВАО ба нашр расонанд. 

Лоиҳа ба тақвияти  талошҳо, чӣ дар минтақа ва чи дар кишварҳо, ба хотири  пешгирӣ аз тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии  Интернюс амалӣ мешавад.