Инъикоси масоили ҳассос ба низоъ чун василаи пешгирии ифротгароӣ

43

Имрӯз 20 феврал дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон омӯзиши серӯзаи амалӣ барои журналистон шурӯъ шуд ва он ба мавзӯи “Инъикоси масоили ҳассос ба низоъ чун василаи пешгирии ифротгароӣ” бахшида мешавад. Омӯзиш дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна” амалӣ мегардад.

Дар доираи омӯзиш ба иштирокдорон оид ба мушкилиҳои инъикоси терроризм дар ВАО, таҷрибаи инъикоси амалҳои террористӣ дар ВАО хориҷӣ, махсусиятҳои фаъолияти журналистӣ дар шароити ихтилофҳои мусаллаҳона ва усулҳои касбии пахши матолиб маълумот медиҳанд.

Дар ҷараёни омӯзиш ҳамчунин оид ба ташкилотҳои ифротии дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ, Қонунгузории ҶТ оид ба терроризм ва ифротгароӣ маълумоти васеъ дода мешавад.

Барномаи омӯзиш иборат аз лексияҳои хурд бо презентатсияҳо, бозиҳои интерактивии мантиқӣ, усулҳои мустаҳкамнамоии дониши андӯхта иборат аст, ки ба журналистон имкон медиҳад баробари гирифтани маълумоти нав онро дар зеҳну хотираи худ хубтар нигоҳ доранд.

Омӯзиш амалӣ аст ва ҳар як штирокчӣ мавзӯи матлаби мустақилонаи худро муайян карда, бо устодон сохтору тарзи пешниҳоди онро таҳррезӣ мекунанд. 

Лоиҳа ба тақвияти  талошҳо, чӣ дар минтақа ва чи дар кишварҳо, ба хотири  пешгирӣ аз тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва дастгирии Интернюс амалӣ мегардад.