Рӯзноманигорон низоми андози Тоҷикистонро меомӯзанд

161

Имрӯз дар ТҶ “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” тренинги навбатии назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи “Андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз шуд. Ба омӯзиш 15 нафар рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мустақил аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷалб шудаанд ва давоми панҷ рӯз ба онҳо коршиносон ва мутахассисони соҳаи андоз маълумоти муфассалро оид ба унсурҳои асосии андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, банақшагирӣ, тартиби ҳисоб ва дурнамои  даромадҳои андозии Буҷети давлатӣ, низоми махсуси андозбандӣ, тартиби таҳия намудани дурнамои даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳои маҳаллӣ ба Буҷети давлатӣ ва дигар масоили мубрами низоми андозро пешниҳод мекунанд. Донишҳои назариявии иштирокчиён бо машғулиятҳои амалӣ тақвият бахшида мешаванд ва то охири омӯзиш ҳар як иштирокчии он матлаби мустақилонаи худро омода месозад.

Рӯзи сеюми омӯзиш рӯзноманигорон дар маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун”, ки дар он мавзӯи “Ислоҳотҳо дар низоми андоз ва андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ мешавад, иштирок намуда, бо коршиносону матахассисони идораҳои давлатӣ, ки дар самти  сиёсати андоз ва андозбандӣ фаъолият доранд, шинос мешаванд ва дар муҳокимаҳои маҳфил иштирок мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки иштирокчиёни омӯзиш дониши андухтаашонро мустаҳкам намоянд ва мавзӯи матлаби мустақилонаашонро ба осонӣ интихоб намуда, оид ба он маълумоти бештарро ба даст оранд.

Мақсад аз баргузории тренинг омӯзиши низоми андози Тоҷикистон аз ҷониби рӯзноманигорон ва  инъикоси дурусту босифати масоили вобаста ба он дар ВАО мебошад, ки   ин низом яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети давлатист.

Рӯзи ниҳоии DFID иштирокчиён матлабҳои худро муаррифӣ мекунанд ва соҳиби сертификат мегарданд.

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.