Дар ТҶ “Хома” омӯзиш оид ба маҳорати наворбардорӣ ва танзими видео шурӯъ шуд

159

Дар ТҶ “Хома” машғулияти амалӣ оид ба маҳорати наворбардорӣ ва танзими видео оғоз гардид. Ба омӯзиш наворбардорон ва танзимгарони навкори шабакаҳои телевизионӣ, студияҳои сабти навори ВАО ва факултаҳои рӯзноманигории мактабҳои олии мамлакат,  журналистони мустақил ва блогерҳо ҷалб шудаанд.

Устодони ботаҷриба Марат Содиқов (Қазоқистон) ва Маҳрам Холов (Тоҷикистон) рӯзи аввали машғулият асосҳои композитсия,  гирифтани акси достонӣ, саҳнасозӣ, наворгирии гузоришӣ, андозаҳои кадр, тақсимбандии кадрҳо дар вақти танзим, гирифтани видео бо истифода аз смартфону танзими матлабро дар он ба иштирокчиён тариқи корҳои амалӣ нишон доданд.

Давоми 5 рӯз иштирокчиён бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд ва рӯзи охирини машғулият корҳои амалии худро муаррифӣ карда, бо устодон онро муҳокима менамоянд.

Машғулият дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оид ба барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед.