Омӯзиш оид ба маҳорати наворбардорӣ ва танзими видео дар Хуҷанд ҷамъбаст шуд.

123

Дар Хуҷанд машғулияти амалӣ оид ба маҳорати наворбардорӣ ва танзими видео ба кори худ анҷом бахшид. ТҶ “Хома” ба омӯзиш наворбардорон ва танзимгарони навкори шабакаҳои телевизионӣ, журналистон, студияҳои сабти навори ВАО ва факултаҳои рӯзноманигории мактабҳои олии вилояти Суғдро ҷалб намуда буд.

Давоми 5 рӯз иштирокчиён бо омӯзиш фаро гирфта шуданд ва рӯзи охирини машғулият корҳои амалии худро муарифӣ карда, бо устодон муҳокима намуданд.

Аз даври омӯзиши иштирокчиён чиро аз худ карданд дар навор бинед.
Машғулият дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews амалӣ гардид.