ТАВАҶҶУҲ, ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБ!

404

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP, бо кӯмаки USAID ва Internews озмун барои интихоби ширкаткунандагон ба машғулият дар мавзӯи “Таҳияи матолиб барои ТВ ва шабакаҳои интернетӣ бо харҷи кам” эълон менамояд.

Дар озмун намояндагони шабакаҳои телевизионии мустақил ва давлатӣ, продакш – студияҳо, ВАО-е, ки студияи сабти навор доранд ва журналистони мустақил ширкат карда метавонанд.

Машғулият барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки доир ба таҳияи ток –шоу, намудҳои он, қоидаҳои тилоӣ ҳангоми сохтани ток –шоу, шинохти аудиторияи худ, қоидаҳои мусоҳиба, барномаҳои телевизионии гуногунқолаб дониш ва малака пайдо карданианд. Иштирокчиёни омӯзиш инчунин оид ба барномасозии камхарҷ маълумоти васеъ гирифта, аз дигар мавзӯҳои муҳиме, ки барои таҳияи босифати матолиби видеоӣ кӯмак мекунанд баҳра  мебаранд.

Аз онҳое, ки дар озмун иштирок карданианд, хоҳиш менамоем то 17 ноябр шарҳи ҳоли худ ва матлабе дар мавзӯи “Чаро ман мехоҳам дар ин машғулият иштирок намоям?” навишта, ба мо фиристанд. Дар заминаи матлаби навиштаи Шумо мо хоҳем фаҳмид, ки ба чӣ кор машғулед, чаро мехоҳед дар омӯзиш иштирок намоед ва донишу малакаи гирифтаи худро чӣ гуна амалӣ менамоед?

Шарҳи ҳол ва матлаби навиштаатонро бо суроғаи электронии  E-mail  lolamerganova8@gmail.com  фиристед, ё бо нишонии гузаргоҳи 1, кӯчаи. Академикҳо Раҷабовҳо № 7, идораи ТҶ «Хома» (пушти Вазорати молияи ҶТ) расонед.

Номзадҳо (ғайр аз журналистони мустақил) бояд аз роҳбари идораи худ иҷозатнома барои ширкат дар машғулиятро дошта бошанд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар идораи “Хома” дар шаҳри Душанбе аз 25 то 29 ноябр баргузор мешаванд.

Ба сифати тренерон коргардон ва наворгиранда  – басаҳнагузорандаи собиқадор,  ҷоизадори озмунҳои зиёд дар Россия ва Осиёи Марказӣ Иброҳим Ҳасан-Ахунов (Қирғизистон)  ва коршиноси ВАО, журналисти телевизионӣ Шаҳло Акобирова (Тоҷикистон) даъват шудаанд.

Шитобед, теъдоди ширкаткунандагон маҳдуд аст!
Телефонҳо барои тамос: 227 34 78, 98-526-84-20

Диққат!

Моҳи ноябр машғулият танҳо барои хоҳишмандон аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва НТМ сурат мегирад. Барои хоҳишмандон аз вилояти Суғд машғулият дертар баргузор мешавад ва дархостҳо аз ин вилоятро то 30 ноябр қабул менамоем.

Машғулият дар доираи Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP, бо кӯмаки USAID ва Internews баргузор мешавад. Дар бораи Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP маълумоти бештарро бо пахш кардани линки ЗЕРИН пайдо мекунед.

 

Внимание! Конкурсный отбор!

Общественная Организация «Хома» в рамках Центрально-азиатской программы MediaCAMP при поддержке USAID и Internews объявляет конкурсный отбор на участие в тренинге по теме «Малобюджетное производство на ТВ и онлайн платформах».

В конкурсе могут принять участие представители независимых и государственных телеканалов,  продакшн-студий,  СМИ, которые имеют студии видеозаписи и фрилансеры.

Тренинг предназначен для тех, кто хочет получить знания и навыки по созданию ток-шоу, узнать о его видах, золотых правилах при его подготовке, научится познавать свою аудиторию, освоить технику интервью, познакомится с разноформатными телепрограммами, в том числе с форматами для онлайн, понять что такое  малобюджетное программирование и многое другое, что поможет создавать действительно качественный видео продукт.

Желающих принять участие в конкурсе просим прислать до 17 ноября резюме (CV) и краткое эссе на тему «Почему я хочу участвовать на тренинге?», из которого мы  должны понять, чем вы занимаетесь, почему вы хотите участвовать на тренинге и как вы будете применять полученные знания. Резюме и эссе можно отправить на E-mail  lolamerganova8@gmail.com  или доставить по адресу 1 проезд ул. Академиков Раджабовых № 7, офис ОО «Хома» (ориентир-за Министерством финансов РТ).

Претендентам (кроме фрилансеров) необходимо представить письмо-разрешение своего руководителя на участие в тренинге.

Тренинг пройдет в Душанбе, на базе ОО «Хома» с 25 по 29 ноября.

В качестве главного тренера приглашён  режиссёр и оператор-постановщик с большим стажем Ибрагим Хасан-Ахунов из Кыргызстана, который является лауреатом многих международных фестивалей в Росси и Центральной Азии.

Спешите, число участников ограничено!

Контактный телефон: 227 34 78, 98-526-84-20

Внимание! В ноябре тренинг будет проведён только для желающих из города Душанбе, Хатлонской области и РРП. Для Согдийской области аналогичный тренинг будет проведён позже и заявки мы будем принимать с данного региона до 30 ноября.

Тренинг состоится в рамках Центрально-Азиатской медиапрограммы MediaCAMP при поддержке Агентства США по международному развитию (USAID) и Internews. Подробнее о Центральноазиатской программе MediaCAMP читайте, пожалуйста, здесь.