Марказҳои матбуотӣ — пули эътимод миёни давлат ва ҷомеа
Имрӯз, 26 феврал натиҷаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи "Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО" муаррифӣ гардид. Ин лоиҳа ташаббуси Оҷонсии иттилоотии «Asia-Plus» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ҳадафи лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳо ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ, боэътимод ва пешниҳоди босифати он ба ҷомеа унвон мешавад.
Ба иттилои тадбиқкунандагони лоиҳа, дар марҳилаи дуюм 30 котиби матбуотии ниҳоди давлатӣ дар пойтахт, 40 котиби матбуотӣ дар Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷалб шуданд.
Роҳҳои беҳтари тақвияти ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо расонаҳо, фаъолият дар шароити буҳронӣ, истифода аз тамоюлҳои нав дар рӯзноманигорӣ,ҳуши маснӯӣ ва истифодаи самараноки он дар кори марказҳои матбуотӣ, далелсанҷӣ ва аҳамияти он дар радди саривақтии хабарҳои бардурӯғ ба намояндагони марказҳои матбуотӣ омӯзонда шудааст.
Умед Бобохонов, муассиси гуруҳи расонаҳои Asia Plus мегӯяд, ҳадафи асосии лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.
Радослав Дарски, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш изҳори умедворӣ кард, ки ин лоиҳа инчунин ба рушди шабакаи устувор байни котибони матбуот ва рӯзноманигорон ба манфиати ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мусоидат кард ва ҳамкориионҳо метавонад эътимоди мутақобиларо тақвият диҳад ва роҳро барои пешрафти пойдори Тоҷикистон фароҳам оварад.
Шаҳло Акобирова, директори ТҶ "Хома" мегӯяд, марказҳои матбуотӣ танҳо сохтори техникӣ ё воҳиди исттилоотрасонӣ нестанд. Онҳо пули эътимод миёни давлат ва ҷомеа ҳастанд. Аз касбият ва шаффофияти фаъолияти марказҳои матбуотӣ сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва сиёсати давлатӣ вобаста аст ва агар иттилоъ саривақтӣ дақиқ, ва дастрас бошад, фазои ҷамъият амн хоҳад буд.
"Рисолати Марказҳои матбуотӣ ин - таъмини дастрасии баробар ба иттилооти расмӣ, вокунуши фаврӣ ба саволҳои ҷомеаю журналистон ва пешгирӣ аз маълумоти носаҳеҳ мебошад.",-қайд кард директори ТҶ "Хома".
