EGED: рушди журналистикаи иқтисодӣ ва нашри матолиби босифат

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи "Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ" (EGED) се сол, аз моҳи январи соли 2023 то октябри соли 2025 фаъолият кард. Дар доираи ин лоиҳа ҳудуди беш аз 12 рӯзноманигор аввал, ба машғулиятҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, баъдан барои навиштани маводҳои касбӣ машғул гардиданд.

Ҳамчунин, дар доираи он, бо ҳудуди 10 вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла блоки иқтисодӣ ҳамкорӣ карда, дар ин давра аз ҷумла ҳудуди 20 намояндаи масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи андоз, Оҷонсии омор, Палати ҳисоб, парлумони Тоҷикистон, ҳамчунин, созмонҳои байналмилаливу дохилӣ, институтҳои илмӣ, коршиносони мустақилу журналистон барои гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ (тренинг) ва мизҳои гирд ҷалб шуданд.

Дар доираи лоиҳа дар чунин мавзуҳо фаъолият бурдем:

- Механизми таъин ва пардохти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ)”;

- Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ

- Вазъи соҳибкории иҷтимоӣ

- Раванди татбиқи шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон

- Рушди минфи миёна дар Тоҷикистон

- Нақши ҷомеаи шаҳрванӣ дар татбиқи барномаҳои ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ, аз ҷумла СРТ барои то соли 2030 ва барномаҳои миёнамуҳлати он;

- Мубориза бо коррупсия.

Дар ин давра, 4 машғулияти омӯзишӣ, 8 маҳфили иқтисодии “Тавозун” (Дар ҳар яке ҳудуди 40 кас ширкат дошт), 10 ток шоу дар телевизионҳои маҳаллӣ ва беш аз 200 маводи таҳлилии журналистӣ дар жанрҳои гуногун, махсусан дата-мақолаҳои таҳлилӣ, эксплейнер, подкаст, қисса, карточки, видеоӣ дар расонаҳо нашру пахш гардиданд, ки чанде аз онҳо дар расонаҳои дохилӣ ва  минтақавӣ бознашр шуданд. Ҳамчунин, сафари матбуотӣ ба созмонҳое ки бевосита ба мавзуҳои мавриди омӯзиш кор мекраданд, ташкил ва гузаронида шуд.

Ба ғайр аз ин аз натиҷаҳои маҳфили иқтисодии “Тавозун”, ки дар доираи лоиҳа гузаронида шуд, ҳудуди 100 хабару гузориши дигар дар расонаҳо нашру паҳн шуд.

Маводҳои омодашуда дар доираи ин лоиҳаро ҳудуди 4 млн маротиба диданду хонданд.

Натиҷаи асосии лоиҳа пеш аз ҳама омӯзиш ва дастгирии журналистон аст. Дар маҷмуъ, 12 журналист давоми қариб 3 сол на танҳо мавзҳои муҳими иҷтимоиро омӯхтанд, ҳамчунин бо омода ва нашри маводҳои касбӣ дониши гирифтаи худро ба ҷомеа пешниҳод карданд. Бахши дигар, ин омӯзиши журналистон дар бораи ҷамъоварӣ ва омода кардани инфографика буд, ки қабул аз шуруъи лоиҳа қариб ҳеҷ кадоме онҳо аз ин самт огоҳ набуданд. Ҳоло дар раванди кори худ аз ин абзорҳо истифода мекунанд.

Натиҷаҳои воқеӣ ҳам кам набуд. Аз ҷумла, дастгирии молиявии қаҳрамони маводҳои журналистон, боз шудани бахши нав дар сомонаи Кумитаи андоз бо номи “Омор”, дастгирии адвокатсионӣ барои қабули қонуни Тоҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”, таъсири маводҳои рӯзноманигорон дар омода ва қабул кардани “Барномаи таъмини кумаки иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва тартиб додани «Феҳристи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ва ғайр мебошад.

Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз сӯи созмони байналмиллии ACTED дастгирӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир (FCDO) маблағгузорӣ шуд.

 

КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ (КУИ)

 

Мақолаҳои таҳлилӣ:

- КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон ба маблағи 461,4 млн сомонӣ ёрӣ расонида шуд

- Кумакпулӣ пас аз зиндон. Аз ноогоҳии маҳбуси собиқ то “бюрократия” дар пардохти маблағ

- Кумакпулӣ барои дафн. Бархе оилаҳои камбизоат аз он бенасибанд

- Сарбозон: Аз кӯмакпулиҳо баҳраманд нагардидаем!

- Нон зиёду гӯшт кам. Беш аз 20 сол боз аҳолии Тоҷикистон мувофиқи меъёри тавсияшуда маҳсулот истеъмол намекунад

- Кӯмакҳои яквақтаинаи иҷтимоиро кӣ бояд гирад?

- Коҳиши бенавоӣ ва афзоиши гирандагони кумакпулӣ. Доро чӣ гуна “нодор” шуд?

- Чаро ёрипулии иҷтимоӣ камбизоатиро дар Хатлон кам накард?

- Саида кумаки иҷтимоӣ дарёфт накард. Кӣ дастрасӣ ба ин кумакҳо дорад?

 - Как понять, что ты малоимущий?  Инчунин, он дар шумораи №36 (1672)-и рӯзномаи «Азия-Плюс» аз 26 сентябри соли 2024 нашр шуд ва он ҳамчун беҳтарин маводи ҳафта эътироф шуда, дар саҳифаи аввал нашр шуд.

- Чӣ тавр метавон муайян кард, ки шумо камбизоатед?

 

Ток шоуҳо:

-“Механизми таъин ва пардохти КУИ

- Барномаи “ИРТИБОТ” (МЕХАНИЗМИ ТАЪИНУ ПАРДОХТИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ)

 

Эксплейнерҳо:

- Кӣ кумакҳои унвонии иҷтимоиро дарёфт мекунад?

- Кумакпулиро чӣ гуна метавон дарёфт кард?

- Эълони пардохти кумакпулӣ дурӯғ аст!

- Маблағгузорӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ меафзояд. Шаффофият чӣ гуна аст?

- Барои дарёфти кумакпулӣ набояд пора дод!

- Ниҳодҳои ваколатдор дар самти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ

- Имтиёзҳо ба маъюбон. Кӣ аз он истифода мекунад?

- Пешниҳоди пора ё инъом барои дарёфти кумак ҷурм аст

- Киҳо метавонанд зимни расондани КУИ манфиатдор бошанд

- Маблағи хизматрасониҳои тиббиро чӣ гуна пардохт мекунед?

 

Подкастҳо:

- Чаро баъзан афроди доро камбизоат номнавис мешаванд?

- "Фурсати баён": Баррасии бо роҳи тақаллуб ба даст овардани имтиёзҳои тиббӣ

- Пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва санҷишҳои аудитӣ дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумла таъину парохти КУИ

- Шахсони дорои маъюбият чӣ мушкилиҳо доранд ва барои ҳалли он чӣ бояд кард?

- Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ): Пешгирии омилҳои фасод дар механизми таъину пардохти он

 

Карточкаҳо:

- Кто имеет право на получение адресной социальной помощи и что нужно сделать, чтобы ее получить?

- Дар таъину пардохти КУИ набояд омилҳои коррупсионӣ ҷой дошта бошанд!-

 

 

СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ

 

Мақолаҳои таҳлилӣ:

- Даромад аз поккорӣ. Кӣ ба Талабшоҳ кумак кард? -

- “Ҳамааш аз 4 қуттӣ занбӯр оғоз шуд”. Роҳи пуршебу фарози занбӯрпарваре аз Хатлон -

- Коргоҳи духтари афғонистонӣ дар Ваҳдат-

- Дастгирии қишри осебпазир ва коҳиши сарбории буҷет. Чаро cоҳибкории иҷтимоӣ зарур аст?-

- Кумаки Фарҳод ба ҳамқисматонаш дар Тоҷикистон

- Зиндонии собиқ дар Хатлон ба ҳамтақдиронаш кор медиҳад

- Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?

- “Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?

- Кто поддержит социальный бизнес в Таджикистане?

Сомона- (Ин мақола дар шумораи №17 (1653)-и рӯзномаи «Азия-Плюс» 16 майи соли 2024 нашр шуд)

- Вазъи нигаронкунандаи “комбинат”-и нобиноёни Ҳисор

- Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?

- Баъди қабули соҳибкории иҷтимоӣ чӣ тағйир ёфт. Масалан ба корхонаҳо ки маъюбонро ба кор мегиранд имтиёзҳои андозӣ дода шуд.

- Гузориш аз коргоҳи зане ки барои занони хонашин ҷои корӣ фароҳам овардааст.

- Маркази пиронсолон дар Бохтар

- “Ягон имтиёз нест”. Баъди қабули қонун, соҳибкорони иҷтимоӣ чӣ ҳол доранд?

- Чӣ гуна худро ҳамчун соҳибкори иҷтимоӣ ба қайд гирифт?

 

 

Эксплейнерҳо:

- Соҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

- Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

 

 

Қиссаҳо:

- Дастгирии лоиҳаи занони осепазир: таҷҳизоти хайётию пӯхтупаз ва чорво

- Ятимбонию кори саҳро, кулчапазӣ ва чанди шуғли дигар

 

Ток шоуҳо:

- “Соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

- “Андози иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

- “Имтиёзҳо барои корхонаҳое, ки маъюбонро ба кор ҷалб мекунанд”

- “Талабот ба фармоишҳои иҷтимоӣ-давлатӣ

 

Подкастҳо:

- Тағйирот дар Кодекси андоз. Имтиёзҳо ба маъюбон ва корхонаҳое ки онҳоро ба кор мегиранд 

- Қабули қонуни соҳибкории иҷтимоӣ. Натиҷаву дастовард ва роҳҳои рушди он.

- Қонун дар мавриди дастгирии соҳибкорони иҷтимоӣ қабул шуд, аммо иҷроиш нест…

 

 

ИСЛОҲОТИ АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Мақолаҳои таҳлилӣ:

- Оё имтиёзҳои андозӣ ба бахши сайёҳӣ ба рушди соҳа кумак карданд?

- 30 дарсад маблағгузорӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ. Хатлон кай худмаблағгузор мешавад?

- АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ БЕ МАСЪУЛИЯТИ ХАТЛОН

- Юан ҷойи рублу долларро мегирад? “Бозӣ”-и асъори хориҷӣ дар даҳсолаи ахир

- “Барои 1 км 60 сомонӣ”. Аз нақлиёт андоз мегиранд, вале барои таъмири роҳ маблағ ҷудо намекунанд (Ин мақола инчунин ба забони русӣ тарҷума ва дар шумораи №38 (1625)-и ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз 12 октябри соли 2023 нашр шуд)

- Афзоиши бақияи қарзи андоз дар Хатлон. Танҳо бо ирсоли огоҳинома онро пурра аз байн бурдан мумкин аст?

- Дастгириву имтиёзҳо кумак накард? Шумораи сайёҳон меафзояд, вале даромад аз ҳисоби онҳо не (Ин мақола дар як қатор расонаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудааст: Имтиёзҳо кӯмак накард? Теъдоди сайёҳон меафзояд, вале даромад аз ҳисоби онҳо не

Число туристов в Таджикистане увеличивается, а доходы от них – нет

Кратный рост числа туристов в Таджикистане не смог превысить уровень доходов от сферы за 2012 год)

- 6 СОЛИ ИМТИЁЗҲО ДАР СОҲАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БА АНҶОМ МЕРАСАД. Чаро нархи тухм ҳанӯз ҳам муътадил нет?

- Афзоиши хонаву мошин ё нишондиҳанда. Чаро қарзи андозҳои молу мулк зиёд мешавад?

- Даромад зиёд шуд, аммо фоизи қарзҳо кам нагардид. Имтиёзҳои андозӣ ба низоми бонкӣ кӯмак накард? (Ин мақола баъдан дар сомонаи  гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бознашр шуд)

 

Эксплейнерҳо

Кӣ андози замин месупораду кӣ аз пардохти он озод аст?

Ҳисоби осони андози амвол

Нобудсозии нақлиёт, хирасозии шиша ва андоз аз нақлиёт чӣ гуна ҳисоб мегардад?

 

 

ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ВА СИНФ (ТАБАҚА)-И МИЁНА

 

Мақолаҳои таҳлилӣ:

- Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?

- Шуғли пурмаҳсул. Чаро хатмкунандагони литсейҳои касбӣ ҷои кор намеёбанд?

- ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?

- «Кор зиёд, маош кам». Чаро сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон кам намешавад?

- Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?

- “Ба як зан сад ҳунар кам”. Чӣ тавр духтарон дар ҷануби Тоҷикистон ҳунари кафшергарӣ меомӯзанд

- Фарогирии ҷавонон ба касбомӯзӣ дар вилояти Хатлон

- Занони мардикорбозор касб намеомӯзанд. Чаро?

- Шуғли пурмаҳсул. Оё квотаи таъмини ҷои корӣ барои маъюбон дастрас аст?

- “Пули таҳсилро корфармо медиҳад”. То куҷо кордиҳандаҳо ба ҷалби мутахассисон ҳавасманданд

- Дар бораи синфи миёнаи аҳолӣ чи медонед?

- Мутобиқ набудан ба бозори меҳнат ва паст будани сифати таҳсил. Сабаби ҷои кор наёфтани хатмкунандаҳо

- “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” то куҷо ба ҳалли мушкили соҳаи шуғл мусоидат мекунад?

- Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?

- Скоро граждане Таджикистана станут богаче. Или скатятся в бедность

- Чаро табақаи миёна дар минтақаҳо ҳисоб карда намешавад?

- Табақаи миёна — коҳишдиҳандаи нобаробарии иқтисодӣ ва таъминкунандаи субот дар ҷомеа

- Чӣ гуна марказҳои рушди маллакаҳои касбӣ дар Хатлон мутахассис омода мекунанд?

- Дунёе бе садо. Шахсони ношунаво дар Тоҷикистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

- Орзуи Сарвинозро кӣ амалӣ мекунад? Наврасони маъюбиятдошта дар касбомӯзӣ ва гирифтани маълумоти олӣ чӣ мушкилӣ доранд? (Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” №47 (1950))

 

 

Подкастҳо:

- Қишри осебпазир чаро пайдо кардани ҷоий кор барои маъюбон мушкил аст?

- Ташаккули синфи миёна ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон

- Синфи миёна: вазъият, дурнамо ва имкониятҳо. Ин барномаи зинда дар “Радиои Тоҷикистон” пахш шудааст

Ҳанӯз ҳам коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ ҳамчун ҷаримагоҳ барои иддае аз хонандаҳои мактабанд? («Дарсро хон вагарна ба ПТУ меравӣ“)

 

Карточкаҳо:

- Ба табақаи миёна кӣ шомил асту чаро онҳо ба ҷомеа заруранд?

 

Ток шоуҳо:

- “Синфи миёна дар Тоҷикистон ва омилҳои боздорандаи рушди он”

 

 

БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ:

 

Подкастҳо:

- Барномаи миллии рушди Тоҷикистон 2026-2030 чиро дар бар мегирад?

- Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” аз барномаҳои пешин чӣ фақр дорад ва самтҳои афзалиятнокаш кадомҳоянд?   

- Саҳми ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

 

Эксплейнерҳо:

- Афзалиятҳои Барномаи нав: рақамикунонӣ, рушди саноату зеҳни сунъӣ…

- Барномаи миллии рушд таҳия шуд. 206 млрд. сомонӣ барои тадбиқи он зарур аст

 

 

МУБОРИЗА БО ФАСОД

 

Мақолаҳои таҳлилӣ:

- Расонаҳо дар пешгирии фасод чӣ нақш дошта метавонанд?

- «Пораи маро ғайринақдӣ диҳед». Оё тағйири соли 2023 ба коҳиши фасод сабаб гашт?

- Маоши хуб метавонад фасод (коррупсия) - ро аз байн барад?

Маблағ барои таъмир ва дигар хароҷоти мактаб аз буҷет чӣ гуна ҷудо ва тақсим мешавад?

То куҷо пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи фасодро дар хидматрасонии мақоқмоти адлия коҳиш дод? (дар маҷҷаллаи “Сафо” нашр шудааст)

 

 

Подкастҳо:

- Бо вуҷуди муборизаи ҷиддиву муҷозотҳои сангин, порагириву порадиҳӣ барои баъзеҳо гуё кори маъмулӣ шудааст

 

 

Эксплейнерҳо:

- Андешаи иштирокчиёни тадқиқоти сотсиологӣ: коррупсия ба як ҳолати муқаррарии ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишвар табдил ёфтааст

- Вазорати тандурустӣ чӣ гуна бо фассод мубориза мебарад?

- Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ омилҳои коррупсионро кам мекунад

- Тадқиқотҳои сотсиологӣ: дарёфти роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия

- Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Чаро он муҳим аст?

 

Бояд гуфт, ки қисме аз маводҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва радио пахш гардиданд, ки фарогирии онҳо 98% қаламрави кишварро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, баъзе аз маводҳо дар ҳафтаномаҳо низ нашр шуданд, ки теъдоди чопи онҳо аз 5 000 то 120 000 нусха мебошад.