Натиҷаҳо аз нишасти матбуотии Вазорати молияи ҶТ

557

Санаи 13-уми феврал нишасти матбуотии Вазорати молия баргузор гардид. Бори чандум аст, ки бахши “Дата-Журналистика”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” тасмим мегирад суол ва посухҳои нишасти хабарии Вазорати молияро дар шакли матн ва садо ба хонандагони худ пешкаш намояд:

Далер Мерганов, Садои мардум:
Зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия чанд супориш доданд. Аз ҷумла, Вазорати молия вазифадор шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳо санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокии имтиёзҳо таҳия ва ба Ҳукумати кишвар манзур созад. Бигӯед, ки барои иҷрои ин супоришҳои Пешвои миллат чӣ корҳо иҷро шудаанд?

Эътироф бояд кард, ки то кунун пардохти ғайринақдӣ миёни мардум маъмул нест. Шумо дар нишасти қаблӣ ҳавасмандиатонро барои пешниҳоди имтиёз ба соҳибкорон –моликони нуқтаҳои савдо барои насби POS –терминалҳо иброз дошта будед. Чанде пеш дар заминаи ворид намудани тағйиру илова ба қонунгузории соҳа барои онҳое, ки аз тариқи нақдӣ амалиёт анҷом медиҳанд, имтиёз дода шуд. Ин иқдом то чӣ андоза шуморо қаноатманд мекунад?
Пешвои миллат ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Дар робита ба ин бамаврид ва муфид нест, ки дар назди Донишкадаи молия ва иқтисод омӯзишгоҳ ё литсей ташкил карда шавад?

Мутриба Туйчиева, Маҷаллаи Тоҷикистон:
Бо ибтикори Пешвои миллат китоби Тоҷикон нашр гардида, ба ҳар як хонадон тақдим шавад. Вазорати молия яке аз масъулони чопи китоби мазкур мебошад, лутфан мегуфтед, ки барои нашри ин китоб чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Рухшона Ҳакимова, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори мустаъқили Тоҷикистон:
Давоми се сол дар Тоҷикистон чанд ширкат аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуданд ва ин маблағҳо чӣ қадар мебошанд?
Бо кадом критерияҳо ин ширкатҳо аз падохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд?
Назари Шумо ба интиқоде, ки гӯё ширкатҳои иазкур ба хотири робитаи мустаҳкам доштани ашхоси баландмақоми кишвар аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд. Фикр намекунед, ки озод кардани як ширкат аз андоз рақобати носолимро ба миён меорад?

Абдураҳими Абдуқаҳҳор, хабарнигори Радиои Ховар:
Дар паёми соли ҷорӣ роҳбари давлат барои таъсиси як бонк гуфта буданд ва масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ зикр карданд, ки бонки мазкур дар заминаи Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ таъсис меёбад. Агар ин бонк таъсис ёбад, чӣ тағйироте ба вуҷуд меояд, меъёри фоизҳо паст мешавад ё чӣ қадар сармоя хоҳад дошт ин бонк?
Феълан марҳилаи навбатии зиёд шудани музди маош ва нафақа мебошад, то куҷо Вазорати молия сарчашмаҳои ин масъаларо муайян кардааст?

Саиди Ҳайдар, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон
Имсол якбора дар ду миллиард нақшаҳои буҷетӣ зиёд шуданд. Оё базаҳои иқтидорие, ки ҷумҳурӣ дорад барои ин басандагӣ мекунад? Зеро нақшабандӣ аз ҷониби Вазорати молия ва Вазорати иқтисод ва савдо буда, иҷроиши он бар зиммаи Кумитаи андоз аст, ки мушкилоти зиёдро ба ин кумита овардааст.
Инқадар маблағҳое, ки мо қарз мегирем аз дига кишварҳо, оё манбаҳои захиравие дар Тоҷикистон мавҷуд ҳаст ва барои ин басандагӣ мекунад? Ё иқтидорҳое ҳастанд, ки ин қарзҳо пардохт карда шаванд?
Дар 28 соли охир дар Бадахшон ягон корхонае, ки ҳади ақал 100-200 нафарро бо ҷои кор таъмин кунад, нест, чӣ бояд кард барои рушди Бадахшон?

Муллораҷаб Юсуфӣ, Радиои Озодӣ
Прокуратураи шаҳри Турсунзода, як гурӯҳ аз муҳосибони ширкати Талкоро боздошт кардааст, ки онҳо бо номи коргарони собиқ санад тартиб дода, маош мегирифтаанд. Оё Вазорати молия дар ин бора маълумот дорад, ки онҳо чӣ қадар маблағи буҷаро аз худ кардаанд?
Як муҳаққиқи амрикоӣ соли гузашта гуфт, ки Тоҷикистон аз Чин аз меъёр зиёд қарз гирифтааст ва қарзҳои зиёд Тоҷикистонро вобастаи Чин мекунад, посухи Шумо ҳамчун вазири молия ба ин интиқодҳо чӣ аст? Ва қарзҳои Тоҷикистон аз Чин чӣ қадар мебошад?
Ҳоло дар Чин вируси нав пайдо шудааст (корона вирус) ва коршиносон мегӯянд, вирус аллакай ба иқтисодиёти ин кишвар ва ба доду гирифти ҳамсоякишварҳо таъсир расонидааст, пешбинии Шумо чӣ гуна мебошад?

Сафарбек Кабиров, Радиои Тоҷикистон:
Додани иҷозаи заршӯӣ ба шахсонӣ воқеӣ натиҷаи мусбат дод?
Вазорати саноат ва техналогияҳои нав мегӯяд, ҳамагӣ 2,5 кг тилло аз ҷониби усто ё заргарҳо харидорӣ шудааст. Сабаби кам харидорӣ гардидани тилло дар чист: бо қимати биржа пешниҳод шудани тилло ё зиёд қочоқ ворид шудани маснуоти заргарӣ ба кишвар?

Шоистаи Аҳмад, Радиои Тоҷикистон
Ба андешаи Шумо то кадом андоза Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ асос гузошта метавонад?
Фаъолияти гурӯҳи корие, ки дар назди Вазорати молия барои таҳлили Кодекси андоз таъсис дода шудааст кай ба анҷом мерасад ва фаъолнокии андозсупорандагони вазорату идораҳо то ба имрӯз чӣ гуна мебошад?

Пайрав Чоршанбиев, Азия Плюс
Дар Палатаи болоии парлумон гуфта шуд, ки ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун”
беш аз як миллиард сомонӣ қарздор мебошад ва гуфта шуд, ки ҷамъият дар дигар минтақаҳо дороиҳо дорад, ки истифодаи бевоситаи онҳо ғайри имкон мебошад, мегуфтед, ки гап сари кадом дороиҳо рафта истодааст ва ин дороиҳо дар куҷо ҳастанд?

Дар мавриди заршӯиҳо мегуфтед, ки минтақаҳо мушаххас шуданд ё на?
Тоҷикистон имрӯз аз кадом кишварҳо бо кадом маблағ қарздор мебошад?
Ва чӣ қадар маблағи буҷа аз қарзи беруна мебошад?

Бег Раҳмонӣ, Радиои Овози тоҷик
Дар оянда метавонем дар минтақаҳои кӯҳистонӣ музди маоши мардумро нисбат ба он ҷойҳое, ки замини корам, замини президентӣ, боғи хубу бозори наздик доранд бештар кунем?

Мижгона Ҳалимова