Грантҳои президентӣ: кӣ чӣ гирифт?

73

Масъулини Вазорати молияи кишвар мегӯянд, грантҳои президентӣ ба занони соҳибкор, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои қабулгардида, аз ҷумла ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷоийҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд.

Чанде қабл намояндаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила низ дар бораи грантҳои президентӣ гуфта буданд, ки занони собиқ маҳбусшуда низ грант мегиранд. Ва тибқи қарори ҳукумати кишвар тамоми шаҳру ноҳияҳо квотаи худро доранд ва як нафар аз ин шаҳру ноҳияҳо соҳиби грант мешаванд. Боқимондаи грантҳо барои навоварӣ дар ин ё он соҳа масраф мегарданд. Яке аз афзалиятҳо, тибқи қарори ҳукумат, ин фаро гирифтани он заноне мебошанд, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, ё дар оилаашон узви маъюб доранд. Ҳамчунин се соли охир занони собиқ маҳбусшуда низ дастгирӣ меёбанд, ки дар натиҷа онҳо соҳиби шуғл шуда, саҳми худро барои пешбурди зиндагӣ мегузоранд.

Ба инттилои ин ниҳод, тавассути ин грантҳо дигар занон низ ба касбомӯзӣ машғул шуда, саҳми муносиб дар самти ба шуғл фаро гирифтани занони бекор мегузоранд. Хосатан, аз амалигардонии лоиҳаҳо дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ном бурд, ки ба қавлаш хеле муваффақона фаъолият доранд.

Вале Раҷаб Мирзо, журналисти тоҷик, бахшида ба 8-уми март дар маводи таҳлилиаш “Ҳашт мушкили умдаи занони тоҷик” навишта буд, ки агар ба фазои иқтисодии Тоҷикистон, махсусан пас аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ, таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки бонувон дар азнавсозиву рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим, аз ҷумла тиҷорат дар кишварамон саҳми беназир доранд: “Ба ҳар сурат, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ маҳз бонувон буданд, ки дар ин солҳои барои ҳама мушкил аз ночорӣ ба хариду фурӯши молу коло машғул гардиданд. Бар илова, аввалин тоҷирони воридкунандаи мол аз хориҷ (челночный бизнес), хоса Русияву Узбекистон ва Эрон занон ба ҳисоб мераванд. Зеро машғул гардидан ба ин гуна тиҷорат барои мардон хавфи зиёд дошт”.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, ҳукумати кишвар ба ин назар аст, ки бо додани грантҳои президентӣ барои то ҷое ҳал гардидани мушкилоти бархе бонувон мусоидат кардааст. Аммо ин роҳи ҳалли ниҳоӣ нест. Бо ду сабаб:

-ҳаҷми ин грантҳо чандон бузург нестанд;

-маблағи қарзии иловагиро бо он фоизҳои баланди бонкӣ, ки мо дорем, дарёфт кардан номумкин аст.

Зеро ҳолатҳои бо сабаби баланд будани фоизҳои бонкӣ муфлис шудани бонувони соҳибкор кам нестанд. Ҳамчунин баланд будани сатҳи андозу боҷҳои гумрукӣ ба кисаи кампули бонуи соҳибкор таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин замина пешниҳод кардани баъзе аз имтиёзҳо ба бонувони соҳибкор аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар баъзе аз кишварҳои шарқӣ, ки онҳоро “бабрҳои иқтисодӣ” низ меноманд, вуҷуд дорад.

Аммо боз ҳастанд заноне, ки мегӯянд новобаста аз кушишҳои зиёд натавонистаанд соҳиби грантҳои президентӣ гарданд.

Дар соли ҷорӣ қарори ҳукумати кишвар дар бораи грантҳои президентӣ то ҳол қабул нашудааст.

 

Муаллиф: Миҷгона Ҳалимова

Манбаъ: https://datajournalismtj.blogspot.com/

 

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.