Бемор: Барои муайян кардани маъюбият наздики 1000 сомонӣ лозим аст!

370

Хушбахт Ҷобиров, сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, ки духтараш модарзод маъюби гурӯҳи якум дорад, мегӯяд, ҳамасола барои аз ташхис гузаштани духтур ва дубора муайян кардани маъюбии фарзандаш, онҳо наздики 1000 сомонӣ масраф мекунанд.  

Ба гуфтаи ӯ духтараш 9 сол дошта, маъюбии мағзи сар дорад ва яке аз мушкилиҳои аслӣ ин ҳам бистарӣ накардани фарзандаш дар Маркази саломатии ноҳияи Панҷ мебошад, ки наздик ба ҷои истиқомати онҳо аст. Табибони ин марказ наметавонанд фарзанди ӯро бистарӣ кунанд ва роҳхат дода, кӯдакро ба Маркази саломатии ноҳияи Кушониён мефиристанд: “Вақте мо ба Поликлиникаи ноҳияи Панҷ муроҷиат мекунем, мегӯянд, барои бистарӣ кардани чунин маъюбон ҷо надорем ва роҳхат ба ноҳияи Кушониён медиҳанд”.

Хушбахт Ҷобиров мегӯяд бо сабаби набудани Хадамоти ташхиси тиббии иҷтимоӣ ё худ ВТЭК дар ноҳияи Панҷ маҷбур аст, ки фарзандашро тариқи роҳхат ба Маркази саломатии ноҳияи Кушониён бурда, бистарӣ кунад ва танҳо барои роҳкиро наздики 70 сомонӣ масраф мекунад: “Хуб мешуд, ки ҳамин ташхисро як маротиба барои тамоми умр анҷом медоданд, чунки кӯдак модарзодӣ маъюбӣ дорад ва ҳар сол ман наметавонам аз ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Кушониён ӯро бубарам. Барои ташхис ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо дар Маркази саломатии ноҳияи Панҷ, роҳкиро ба ноҳияи Кушониён, баъдан давоми ҳафт рӯз он ҷо бистарӣ шудан наздики 1000-сомонӣ лозим аст. Ин ҳам бидуни хурду хӯрок. Аз ҳисоби ҳуҷҷати камбизоатӣ доштан, ҷои хоб ройгон буд”.

Хадамоти ташхиси тиббии иҷтимоӣ ё худ ВТЭК–ин комиссяе ҳаст, ки аз чор духтур иборат буда, дар дохили баъзе аз Марказҳои саломатии шаҳру навоҳӣ қарор доранд. Вақте, ки бемор муроҷиат мекунад, ин табибон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахс маъюбияшро муайян мекунанд.

Ба гуфтаи Ҷобиров давоми панҷ сол духтарашро дар беморхонаҳои гуногун табобат кардааст, аммо ҳеҷ натиҷа надод, аз ин рӯ тули чор сол аст, ки ба фарзандаш нафақаи маъюбӣ дар ҳаҷми 270 сомонӣ таъин кардаанд: “Вақте соли гузашта, кӯдакро дар беморхонаи ноҳияи Кушониён бистарӣ карданд, 800 сомонӣ танҳо барои доруҳояш масраф гашт. Худ, ки омӯзгор мебошам, чанде аз шогирдонам дар беморхонаҳо фаъолият мекунанд ва дар ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо кумакам мекунанд, вагарна мо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат қарор дошта, тавони масрафи ин ҳамаро надорем. Соҳиби панҷ фарзанд мебошам ва ягона ноновари хона худам ҳастам. Гуфта буданд, ки аз якуми сентябри соли 2020 андозаи нафақаи маъюб 50 фисад боло меравад, аммо то ҳол тағйир наёфтааст. Дар ноҳия фаҳмидем, ки ба дигар оилаҳо маводҳои хӯрока кумак кардаанд, аммо ба оилаи мо аз ин кумакҳо нарасид. Вале 500 сомонӣ дар даврони коронавирус гирифтем”.

Оилаи Ҷобировҳо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат қарор дошта, зиндагии начандон хуб доранд: “Аммо модарам, ки нафақахӯр мебошад, андозаи нафақааш пас аз фармони раисҷумҳур 30 сомонӣ зиёд гаштааст. Вақте аз корманди бонк пурсон шудам, ки чаро нафақаи маъюбии кӯдак тағйир наёфтааст, гуфтанд бояд ба Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Панҷ муроҷиат кунам. Ба он ҷо низ рафтам, дар ҷавоб гуфтанд, ки ин масъала то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст”.

Аз якуми сентябри соли 2020 бар асоси фармони раисҷумҳур–Эмомалӣ Раҳмон маоши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг, идоракунии давлатӣ ва маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа зиёд карда шуд.

Ҳамчунин андозаи стипендияи донишҷӯён барои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД низ зиёд карда шуд. Андозаи нафақаи маъюбӣ то 50% мебояд боло бардошта мешуд.

Новобаст аз он ки аз ин фармон зиёда аз чор моҳ гузашта бошад ҳам, аммо ҳастанд афроде, ки мегӯянд, то ҳол андозаи нафақа ва нафақаи маъюбии онҳо зиёд нагаштааст.

Чунин норозигиҳо ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Оишаи Муҳаммад ном истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар саҳифаи худ навиштааст, ки “як дӯстам маъюби гурӯҳи дуюм аз бемории сили гурда буда, аз моши октбяри соли 2020 нафақаашро гирифта наметавонад. Ҳаргоҳ ба мағоза меравад, корти бонкиаш холӣ нишон медиҳад. Худ фикр кунед, агар аз ҳар нафақагир думоҳа нафақаашонро боздоранд, чӣ қадар маблағ мешавад ва ин маблағ ба кисаи кӣ меравад? Дар ин шароити вазнин мардум ба як сомонӣ муҳтоҷ мебошанд”.

Дар дасти мо ному насаб ва ҷои зисти ин нафақахӯр маҳфуз мебошад.

Аксари онҳое, ки зиндагияшон аз ҳисоби нафақа ва нафақаи маъюбӣ мебошад, мегӯянд дар баробари баланд шудани маошу нафақа, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ низ дар бозорҳои кишвар боло бурда мешавад: “Ҳар вақте, ки андозаи маошро дар кишвар боло бардоштанӣ шаванд, дарҳол тоҷирони “боинсоф”-и мо пешдасти карда, нарху наворо низ боло мебардоранд. Илова бар ин нархи барқу обу партов низ дар баробари зиёд кардани арзиши нафақаву маош низ боло мераванд”-навиштааст, яке аз истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”.

Набудани Хадамоти ташхиси тиббии иҷтимоӣ ё худ ВТЭК дар минтақаҳои дурдаст, кори сокинонро боз ҳам душвор кардааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвр 28 Хадамоти ташхиси тибббии иҷтимоӣ (ВТЭК) фаъолият мекунанд. Ин ҳам 5-то дар вилояти Хатлон, 8-то дар вилояти Суғд, 2-то шаҳри Душанбе ва дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ҷойгир мебошанд.

Мушкинисо Шарипова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Парвози Парасту” дар ноҳияи Кушониён мегӯяд, ҳатто шоҳиди ҳолате буд, ки зане аз ноҳияи Панҷ ҳамроҳи кӯдаки маъюб ба ноҳияи Кушониён барои ташхис гузаронидани фарзандаш омада, шикоят ҳам мекард, ки дар худи ноҳия онҳо надоранд марказе, ки фарзанди ӯро ташхис кунанду ҳуҷҷати маъюбиашро тасдиқ: “Дар ин ҷо барои як зан душвор аст, ки дар даст як кӯдаки маъюбро биёрад, дигар ин ки роҳкиро сарф мешавад. Фикр кунед, ки барои аз ноҳияи Панҷ то маркази ноҳияи Кушониён омадан, ҳатман, ки маблағе лозим аст”.

Ба гуфтаи хонум Шарипова, ҳатто ҳаст ҳолатҳое, ки надонистани ҳуқуқҳои афроди маълул сабаб мешавад, ки табибон аз ин тоифа маблағ ситонанд, ин дар ҳолест, ки ташхиси тиббии иҷтимоӣ (ВТЭК) ройгон барои маъюбон фаъолият мекунанд: “Ҳатто ин сабаб шуда буд, ки зане аз надоштани маблағ ва тарс аз он, ки дар беморхона барои маъюбии фарзандашро муайян кардан, пул меситоданд, фарзандашро ташхис намекард. Нафақаи онҳо на онқадар калон аст, аз ин рӯ беҳтар мешуд, ки дар ноҳияҳои дурдаст низ чунин марказҳои саломатӣ таъсис медоданд ё ин корро тариқи мобилӣ анҷом медоданд. То ин ки ин тоифа одамон бемалол ба саволҳо ҷавоб дода, маъюбияти худро муайян мекарданд”.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз медоранд, ки дар баъзе ноҳияҳо аз сабаби кам будани муроҷиати солона аз ҷониби афроди маъюб, комиссияҳои сайёр фаъолият мекунанд: “Оилаҳое ки имконият доранд, дар як сол як маротиба ба маркаҳои саломатии ноҳияҳои наздиктарин омада, ташхис мегузаранд. Аммо онҳое, ки имконияти омадан надоранд, тавассути маркази саломатӣ дархост мекунанд, табибон рафта, дар манзилҳои истиқоматии онҳо ташхис мегузаронанд. Ташхис вобаста аз беморӣ мебошад, яъне беморе, ки имкони роҳ гаштан надорад, кормадони соҳаи тиб онҳоро дар хона ҳарсол як маротиба ташхис мекунанд”-гуфт Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.

Қудратулло Қурбонов

Дар мавриди муайян кардани маъюбияти шахс ва мушкилиҳо дар ин ҷода, Қурбонов иброз дошт, ки ин бисёр кори мураккаб буда, ҳастанд бемориҳое, ки ба шахс хуруҷ карда, дар сурати табобат, шахс сиҳат мешавад. Аз ҷумла бемориҳои сил, қанд, саратон, узвҳои ҳозима, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои гурда, такягоҳ ва хун, бемориҳои системаи асаб, рӯҳӣ ва ғайра: “Духтурон маъбияти шахсро бақайд мегиранд, давоми як ё ду сол, яъне то сиҳат шуданаш. Шахс низ дар ин давра табобатро гирифта, сиҳат мешавад ва аз ҳаққи гирифтани нафақаи маъюбӣ маҳрум мегардад: “Ҳастанд афроде, ки дар ҳолати як ё ду сол гирифтани нафақаи маъюбӣ, дигар бо ҳар баҳонаҳо мехоҳанд ин маблағро гиранд, вале духтурон метавонанд муайян кунанд, ки дар асл шахс шифо ёфтааст ё не”-қайд кард Қурбонов.

Ба суоли он ки оё имкон дорад ташхис бо роҳи мобилӣ муайян карда шавад, чун ҳукумати электронӣ дар тамоми кишварҳо рушд кардааст, Қурбонов гуфт “не, имкон надорад, зеро духтур бояд набз ва дигар бемориҳои беморро дақиқ кунад”.

Хонандаи гиромӣ, мехоҳем бароятон рӯйхати ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кунем, ки барои Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ (ВТЭК) барои муоина лозиманд:       

а)   роҳхат (шакли – 088/б), ки муассисаи тиббӣ тартиб додаст;

б)   нусхаи шиноснома ва ё дигар  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

в)   нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

г)   иқтибос аз таърихи беморӣ;

д)  иқтибос аз варақаи дармонгоҳӣ;   

е)  роҳхат аз Агентии сугуртаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо;

ж) аризаи шаҳрванд.

                        Ба ғайр аз ин ба Хадамот:

а)  шахсони бори аввал роҳхатгирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди бемориҳо, захмҳо, осебҳо, контузия, ҳуҷҷатҳои тиббӣ-ҳарбӣ, шаҳодатномаи беморӣ ё маълуматнома оид ба хизмат дар мақомоти ҳарбиро пешниҳод менамоянд;

б) шахсони бори аввал роҳхат гирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди осебҳои истеҳсолӣ  тартибдодашударо дар бораи ҳодисаи нохуш дар ҷљои кор (ё дигар ҳуҷҷати расмии ивазкунандаи он)-ро пешниҳод мекунанд;

в) шахсони бори аввал роҳхатгирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди бемориҳои касбӣ хулосаи Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбиро пешниҳод менамоянд;

г) Шахсони бори аввал роҳхатгирифта барои бо фоиз муайян намудани қобилияти меҳнатии касбияшон, роҳхати маъмурият ё қарори мақомоти судиро пешниҳод менамоянд.

Бояд гуфт, ки гирифтани ҳуҷҷати ВТЭК ройгон буда, дар ҳолати қонуншиканиҳо метавонед ба телефонҳои боварӣ муроҷиат намоед:

239-06-84––231-58-33––231-55-72

Муаллиф: Мижгона Ҳалимова

Манбаъ: https://datajournalismtj.blogspot.com/

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.