Журналистика намемирад, агар эътимод боқӣ монад

0
669

Кадом роҳҳои ҳифз кардани журналистика ҳамчун касб боқӣ мондааст?

Дар ҷараёни мулоқоти байни роҳбарияти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, Internews Network ва устодону донишҷӯёни кафедраи журналистикаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки 17 январ баргузор гардид, на танҳо масоили вобаста ба имрӯзи журналистикаи кишвар, балки ояндаи он ҳам баррасӣ гардид.

Мудири кафедраи журналисткаи донишгоҳ Дилбар Самадова дар оғози вохӯрӣ меҳмононро ба донишҷӯён муаррифӣ намуда, сипас суханро ба онҳо дод.

Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО, ТҶ “Хома” зимни суханронии худ вобаста ба майлонҳои нави журналистика дар ҷаҳон ва таъсири онҳо ба журналистикаи миллӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ, стандартҳои нави ҷаҳонӣ ва масоили вобаста ба он маълумот дод:

Дар бархе кишварҳои мутамаддин меъёрҳои ахлоқиву стандартҳои пазируфташуда дар дунё, ҳатто аз меъёрҳои қонунгузорӣ бартарӣ ва афзалиятноку таъсирнок ба назар мерасанд. Риоя шудани онҳо ҳамкасбони мову Шуморо аз бархӯрдҳои мухталифи ҳуқуқӣ ҳифз менамояд ва аз ҳама муҳимаш рисолати касбии онҳоро рӯшантар менамояд. Бубинед, ҳоло баҳси ояндаи журналистика дар ҷаҳон ва буду набуди он мавриди баррасиҳост. Назарияҳое низ вуҷуд доранд, ки гӯё дар оянда журналистикаи хабарӣ аз байн меравад. Ҳатто бархеҳо ояндаи журналистикаро номаълум маънидод мекунанд. Аммо, ба андешаи ман, журналистика, аз ҷумла журналистикаи хабарӣ низ боқӣ хоҳад монд. Вале шеваи пешниҳоди матолиб ҳатман иваз мешавад ва аз ин хотир мо бояд майлонҳои нави пайдошударо ҳатман омӯзем, истифода намоем. Он чи ки ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва стандартҳои пазируфташуда дар дунё дахл дорад, онҳо ивазнашавандаанд, чун рисолати воқеии журналистиро ифода мекунанд. Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар ин замина тасмимҳои бунёдие дорад ва мо аз ҳамаи ҳамкасбон даъват ба амал меоварем, ки дар роҳандозии онҳо кӯмаки худро дареғ надоранд, – гуфт Шаҳло Акобирова.

Узви Раёсати Шӯрои ВАО, журналисти шинохта Неъматулло Мирсаидов донишҷӯёнро бештар ба омӯзиши таҷрибаи устодони касби худ ташвиқ намуд:

Журналистика нозукиҳои зиёдро фаро мегирад. Онҳоро дар фурсати кӯтоҳ омӯхтан имкон надорад. Маҳз таҷрибаи устодону журналистони варзида барои дарки дурусти моҳияти касбӣ ва махсусиятҳои он мусоидат мекунад. Худи ман, ки хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгориам, саршавии фаъолияти журналистии телевизиониамро ҳамеша ба хотир меорам. Зеро танҳо омӯхтани ин таҷрибаҳо  як “касби бегона”-ро дар муддати кӯтоҳ барои ман ошно намуд, -хулоса кард Неъматулло Мирсаидов.

Узви Раёсати Шӯрои ВАО, муҳаррири бахши “Дата –журналистика”-и ТҶ “Хома” Раҷаб Мирзо суҳбатро бештар ба ояндаи журналистика ва назарияҳои мавҷуда дар ин бора иртибот дод:

Дирӯз дар “Ҳамоиши журналистон” дар Кохи Рӯдакии Хуҷанд ин мавзӯъ бисёр гарм баррасӣ шуд ва бархеҳоро ба ҳолати яъсу ноумедӣ низ бурд. Аммо таҳлили ин мавзӯъ ба хотири тарс нест, чун имрӯз ин масъала тамоми журналистони тамоми дунёро ба худ машғул доштааст. Агар пештар мегуфтанд, ки эҳтимолан нашрияҳои чопӣ барҳам мехӯранд, ҳоло назарияҳое ҳам вуҷуд дорад, ки босуръат шакл гирифтани интернет ин хавфро барои радиову телевизон низ рӯ ба рӯ мекунад. Аз ҳамин хотир, пажӯҳишгарон пешгӯӣ мекунанд, ки танҳо ривоҷ ёфтани журналистикаи конвергентӣ (омехта) ҳама намудҳои Воситаҳои ахбори оммаро ҳифз карда метавонад. Саволи дигар: оё шабакаҳои иҷтимоӣ имкон доранд ҷои журналистикаи касбиро бигиранд? Албатта бархе махсусиятҳои касбӣ, назири фаврият ва роҳ ёфтани василаҳои тасвириву садоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шояд ин назарияро тақвият бахшанд. Вале фикр мекунам, агар мо як журналистикаи сифатнок ва боэътимодро дар назардошт бо воқеиятҳои имрӯз ташкил намоем, метавонем касби худро барои оянда нигаҳ дорем, – изҳор намуд Раҷаб Мирзо.

Абдумалик Қодиров, роҳбари Internews Network дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сифати таълим дар факултаҳои журналистии мамлакат ҷалб намуд:

Албатта факултаву шӯъбаҳои журналистӣ дар таълиму тарбияи насли нав хизмати арзанда мекунанд, вале дар замони зудтағйирёбандаи имрӯз танҳо такя ба барномаҳои таълимии онҳо имкон надорад. Зеро майлонҳои касбӣ, тавре гуфта шуд ба суръати кайҳонӣ рушд мекунанд. Пас зарур аст, ки ҳар замон дар ҷараён буд. Созмонҳои касбии журналистӣ, чӣ ватанӣ ва чӣ байналмилалӣ дар замина семинар, нишастҳо, машғулиятҳои гуногун ташкил мекунанд. Ҳамчунин ҳоло коршиносони зиёд вебинарҳо баргузор мекунанд, ки омӯхтан аз онҳо ба нафъи ҳамагон хоҳад буд, – гуфт Абдумалик Қодиров.

Воқеан, масъалаи таълими сифатнок дар шӯъбаву факултаҳои журналистӣ мавзӯи муҳими мавриди муҳокимаи мулоқоти мазкур гардид. Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО ва ТҶ “Хома” дар ин замина гуфт, онҳо дар ин замина бархе тасмимгириҳо доранд:

Моҳе қабл мо дар гурӯҳи журналистии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мулоқоти ҷолибе доштем. Пешниҳодҳое садо доданд, ки дар мавзӯи ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо дар шӯъбаву факултаҳои журналистӣ барномаҳое рӯи даст гирифта шаванд. Ҳоло мо сари онҳо фикр дорем ва бовар дорем дар ин доира ба ягон муваффақият ноил хоҳем гашт. Аз ҷумла, дар як шабака сарҷамъ кардани факултаву шӯъбаҳо ва ба ин васила шиносоиву иртиботи байниҳамии донишҷӯёни устодон дар назар гирифта шудааст.

Дар охири мулоқот донишҷӯён бо саволҳое, ки аз суҳбатҳо баромада буд, муроҷиат карданд ва посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳайати меҳмонон аз студияҳои телевизиониву радиоӣ дидан намуда, барномаҳои таҳиянамудаашонро тамошову гӯш карданд ва ба натиҷаи маҳсули меҳнати бачаҳо дар нашрияи “Адолат” –и онҳо баҳо доданд.