Ба фардои журналистика аз имрӯз бояд омода буд!

0
975

Доираи мавзӯъҳои баррасишудаи вохӯрии байни донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва кормандони Ташкилоти Ҷамъиятии “Хома” –ро имкон дорад дар доираи ҳамин тезис маънидод кард.

Вохӯрии мазкур, ки имрӯз дар толори мулоқоти факулта баргузор гардид, давоми мулоқотҳоест, ки садорати факулта бо созмонҳои журналистӣ, расонаҳои хабарӣ ва журналистони саршинос анҷом медиҳад.

Саъдӣ Маҳдӣ декани факултаи журналистикаи ДМТ дар ибтидои мулоқот кормандони “Хома” –ро ба донишҷӯён муаррифӣ намуд ва изҳор дошт, ки аксари кулли онҳо хатмкардаҳои ҳамин факулта мебошанд:

Роҳбари “Хома” Шаҳло Акобирова солҳои тӯлонӣ дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолияти муваффақ дошт. Баъд ҳам, ки ба фаъолиятҳои таълимӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ гузашт ва ҳоло ин корро тариқи созмони ватании “Хома” анҷом медиҳад, дар тарбия ва ташаккули журналистони ҷавон, хоса бахши радиову телевизион нақши муассир дорад.

Лола Мерганова, ки низ дар ин созмон кор мекунад, пештар аз ин дар бахши русии ахбори ТВТ аз кормандони собиқадору ҳирфавӣ маҳсуб меёбад. Раҷаби Мирзо дар журналистикаи тоҷик, ба вижа матбуоти тоҷик ҷойгоҳи хоси худро дорад ва як замон дар факултаи журналистика ба донишҷӯён дарс ҳам медод, – гуфт ӯ ва навбати суханро ба Шаҳло Акобирова супурд.

Роҳбари ТҶ “Хома” дар баробари муаррифии созмони зери роҳбариаш ва фаъолиятҳои бисёрҷабҳаи таълимиву амалии он, ҳамчунин дар бораи майлон ва трендҳои нави журналистика, ки кормандони тамоми Воситаҳои ахбори оммаро дар ҷаҳон ба худ машғул доштаанд, изҳори назар кард:

Ҳоло дар нишасту конфронсҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ ба саволҳои зиёди пайдошуда, ки журналистикаро дар оянда чӣ интизор аст, посух дарёфт кардан мехоҳанд. Масъалаи одӣ нест, чун дар асри фановариҳои ҷадид ҳама шуғлу пешаҳо, аз ҷумла касби мову шумо – журналистика ба майлонҳои тоза рӯ ба рӯ шудааст. Пайдоиши “журналистикаи шаҳрвандӣ”, чандрасонаӣ, дата – журналистика ва ба журналистикаи ихтисосӣ маҳдуд шудани кормандони ВАО воқеиятҳои замони мост. Дар ин сурат танҳо корманд ва идораҳои эҷодие худро эмин ва побарҷо боқӣ мегузоранд, ки фаъолиятҳояшонро ҳамқадами замон карда бошанд.

Чанд сол пеш, агар танҳо мегуфтанд, ки эҳтимол нашрияҳои чопӣ аз байн мераванд, ҳоло ҳамин гуна ҳарфу садо дар бораи радио ва ТВ ҳам ҳаст. Фикр мекунам роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин буҳрон як аст: ташкил намудани журналистикаи конвергентӣ / омехта! Яъне дар як намуди ВАО роҳандозӣ намудани фаъолиятҳои ҳам матбуотӣ, ҳам радиоӣ ва низ телевизионӣ.

“Хома” дар назардошт бо ин тренд ва майлонҳои рӯ ба рӯ машғулиятҳои таълимӣ – амалие то ин замон баргузор кардаву барои оянда ҳам дар назар дорад.

Аз ин хотир, аз шумо журналистшавандаҳои оянда даъват менамоем, ки бо мо ҳамкории бештар дошта бошед. Албатта дар факултаи журналистика устодони собиқадору муваффақ кам нестанд, вале фаромӯш намекунем, ки устодон ҳамеша роҳнамо ва фазосоз буда метавонанд.

Таҷрибаи аслиро танҳо дар кори амалӣ ва дар ҳамбастагӣ гирифтан имконпазир аст. “Хома” ҳамчун як созмони касбӣ худро шарики факулта ҳисобида, омодааст дар тарбияи журналистони ҷавон саҳмгузор бошад.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва суҳбати озоди байни донишҷӯён ва кормандони “Хома” хотима ёфт.