Вазъи ВАО ва иттилоотрасони дар Бадахшон,Курбон Аламшоев, рузноманигор

0
716

Вазъи ВАО ва иттилоотрасонї дар Бадахшон

Ба наздикї ман дар шахри Санкт-Петербург будам. Дар он љо маѓозаеро дидам бо номи «Водии Бартанг» (Долина Бартанга). Чун бо масъулони маѓоза шинос шудам, маълум шуд, ки онњо ду нафар – зану шавњари љавон, сокинони шањри Санкт-Петербург будаанд. Баъди сўхбат бо онњо фањмидам, ки ин афрод дўстдори Помир будаанд ва чандин бор ба ин диёр омада, дар бораи санъат, мусиќї, њунарњои мардуми ин љо ќариб дањ диск ба нашр расонидаанд. Ман медидам, ки таваљљуњи мардуми Санкт-Петербург ба ин дискњо чи ќадар бузург буд ва муштариён онњоро даста-даста мехариданд. Бехотир ман клиперо ба ёд овардам, ки мо мехостем ду сол пеш дар Маркази матбуоти Помир созем. Мо як даста њофизони мардумиро, ки суруди дойрабазм мехонанд, љамъ кардем. Сценарияи хуб тартиб додем ва онњоро дар љойњои зиёде ба навор гирифтем. Овозашонро дар яке аз студияњо сабт кардем, вале чун кор ба нињояти худ расид, мо дигар натавонистем онро пеш бубарем, зеро тибќи муќарраоти ќонунгузории Тољикиситон барои пеш бурдани фаъолияти истењсоли маводи аудиовизуалї бояд иљозатнома дошт. Баъди кўшишњои зиёде ба хулосае омадем, ки ин иљозатномаро гирифтан амри мањол аст…

Ман њамеша бо таассуф он љуфти љавони санкт-петербургиро ба ёд меорам, ки чї тавр бо захоири њунарї ва аќлонии мардуми мо барояшон капитал љамъ меоранд. Вале мо дар сари чунин ганљ истода, наметавонем онро аќќалан барои пешбурди зиндагии худ истифода кунем…

ВМКБ дар ќаламрави Тољикистон вилоятест, ки бо се кишвар – Хитой, Афѓонистон ва Ќирѓизистон, ки сохти сиёсї ва дараљаи мухталифи инкишофи иќтисодї-иљтимої ва фарњангї доранд, њамсарњад аст. Аз ин кишварњо бе ягон мамоният маводи аудивизуалии зиёде бо нархи хеле арзон вале бо муњтавои ба мо бегона дохил шуда истодааст. Ба замми ин холигии иттилоотии минтаќаро барномањои телевизиону радиои дигар давлатњо пур карда истодаанд, ки ин њам мардумро аз фарњанг ва муќаддасоти миллї дур менамояд.

Дар Бадахшон шаш забони ќадимаи тољикї ва забони ќирѓизї роиљ аст. Бинобар ин корњои тарѓиботиву ташвиќотии сиёсати давлати демократї ва дунявии Тољикистон, њамчунин тарѓиби забони адабии тољикї бояд пеш аз њама дар ин минтаќа ривољ ёбанд. Дар ин кор барои иљрои наќшањои давлат воситањои ахбори оммаи Тољикистон (чи давлатї ва чи ѓайридавлатї) метавонистанд сањми муассир расонанд. Вале тавре аз тањлилоти Иттиходи журналситони Љумњурии Тољикистон бармеояд, вазъи васоити ахбори омма имрўз дар ин вилоят хушнудкунанда нест.

Дар вилоят айни замон 1 газетаи шањрї, 7 газетаи районї, 1 газетаи вилоятї мебарояд. Газетањои шањриву ноњиявї моње як бор бо теъдоди то 1000 дона ва рўзномаи вилоятии Бадахшон бо тиражи 1400 дона ба нашр мерасад. Азбаски шумораи ин рўзномањо хеле кам аст онњо на ба њамаи муштариён мерасанд. Чун дар матбааи вилоятии Хоруѓ ба нашр мерасанд, сифати газетањо хеле паст аст, зеро таљњизоти чопхонаи шањри Хоруѓ марбути солњои 60-уми асри гузашта аст ва барои чопи рўзнома ва дигар маводи чопї бо талаботи имрўза коромад нест.

Аз Душанбе ва дигар шањрњои Точикистон ба сабаби дурии роњ ва бадии роњи њавої рўзномањо хеле дер ва на њама мерасанд. Дар ВМКБ ба ѓайр аз шањри Хоруѓ, ки дар он њамагї як дукони газетафурўшї аст, дигар фурўшгоњњои газетаву журналњо вуљуд надорад.

Радиои давлатии ВМКБ таќрибан фаъолият намекунад. Он се сол пеш ба мављи FM гузашт ва садои онро њоло танњо дар шањри Хоруѓ мешунаванд. Бо сабабњои техникї сифати шунавоии ин радио хеле бад аст ва онро на дар њама љо мешунаванд. Доир ба таъсиси радиои мустаъќил аз тарафи рўзноманигорони мањаллї кўшишњое буданд, вале комиссияи махсуси иљозатномадињии Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ин ташаббусро дастгирї накард.

Барномањои телевизиони мањаллиро њозир фаќат сокинони маркази ВМКБ тамошо карда метавонанд. Барномањои шабакањои давлатии телевизиониро дар марказњои маъмурї ва дењоти калонтарин тамошо карда метавонанд, вале њануз на њамаи ќишлоќњои дурдасти минтаќа ба тамошои он фаро гирифта шудаанд.

Дастрасї ба шабакаи љањонии Интернет танњо дар ш.Хоруѓ вуљуд дорад. Дар ин љо њам танњо як маркази Интернет фаъолият мекунад, ки нархи он хеле гарон (4 сомони барои 1 соат, суръаташ хеле паст) аст ва наметавонад тамоми муштариёнро таъмин кунад.

ВМКБ ягона вилоятест, ки дар ин љо васоити ахбори оммаи мустаќил ба вуљуд наомадаанд. Сабаби асосии ин вазъ, кашшоќии иктисодии вилоят, вуљуд надоштани месенатњо, фаъолият накардани созмонњои имдоди байналмилалї рољеъ ба инкишофи ВАО дар ин минтаќа, дурии ВМКБ аз марказњои саноатї ва иќтисодии кишвар мебошад.

Тамоми ин вазъият ба он оварда мерасонад, ки ќарорњои давлат ва њукумат ба ин минтаќа хеле дер мерасанд, ањолї ба сабаби дастрасї надоштан ба иттилооти фаврї ва њамарўза дар муайян кардани самтњои дурусти иќтисодї ва иљтимоии зиндагии худ ба душворињо рў ба рў мешаванд.

Хавфи дигари чунин вазъ дар он аст, ки сокинони вилоят аз дастрасии бевосита ба забони адабии тољикї дур мемонанд. Дар ноњияи баландкўњи Мурѓоб бошад, вазъи забономўзї боз њам бадтар аст.

Модоме ки яке аз рисолатњои аслии васоити ахбори оммаи тољикзабон ин омўзондани забони адабии тољик, забони давлатии кишвари мо ба тамоми мардуми Тољикистон аст, пас чаро дар самти рушди воситањои элетронии иттилоот ин ќадар монеањо аст? Њол он ки мањз воситањои ахбори оммаи электронї метавонанд дар таблиѓу омўзиши забони давлатии кишвар сањми арзанда гузоранд.

Боварї дорам, ки агар тартиби гирифтани иљозатнома барои истењсоли маводи аудиовизуалї содда карда мешуд ва ё он умуман аз байн мерафт, ВАО-и кишвар, чи давлатї ва чи мустаќил боз њам инкишоф меёфт ва имконияти рушди соњибкорї дар ин самт низ ба миён меомад. Бешубња, мањз ВАО пешрафтаи электронии мамлакат метавонад тавассути пахши барномањои адабї-бадеии сифатнок, иттилооти ба талаботи имрўзаи соња љавобгў фазои иттилоотии мамлакатро пурра фаро гирад ва рисолати сиёсию иќтисодї, иљтимоиву фарњангї ва мадании худро ба ҷо оварад.

Ќурбон Аламшоев, рўзноманигор.