Маҷлиси намояндагон самти нави назорати раванди буҷетиро соҳиб шуд

0
2217

Дар маҳфили журналистикаи иқтисодии“Тавозун” “Дастурамал оид ба амалисозии назорати парламентии ташаккулёбӣ ва иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ гашт

Нишасти навбатии маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавзоун”, ки 19 декабри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ доир гашт, ба муаррифии як санади нави муҳим – “Дастурамал оид ба амалисозии назорати парламентии ташаккулёбӣ ва иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуда буд.

Раиси кумитаи парлумон Шариф Раҳимзода, ки ин Дастурамал ва моҳияти онро ба ҳозирин арзёбӣ мекард, гуфт зимни таҳияи ин ҳуҷҷат онҳо таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунёро омӯхта, дар назардошт бо меъёрҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ ва воқеиятҳои Тоҷикистон онро таҳия кардаанд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки Дастурамали мазкур имконоти назоратии парлумонро дар бахши буҷет ва масоили дигари идораи молияи давлатӣ устувор менамояд.

Шариф Раҳимзода ҳамчунин дар бораи вазифаҳои асосии Парлумони Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо нақшаи марҳилаҳои давраи буҷетӣ ва назорати парламентӣ шинос кард.

Гуфта шуд, ки пас аз қабули санади нав вакилони даъвати пешорӯ, ки 1 –уми марти соли 2020 интихоб хоҳанд шуд, самти нав оид ба назорати раванди буҷетӣ дар давраи ташаккулёбии он ва дар ин самт татбиқ намудани амалияи гузарондани муҳокимаҳои пешазбуҷетиро соҳиб хоҳанд шуд.

“Шумо миёнарави миёни мову мардум ҳастед!” гуфт раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ба намояндагони ВАО, ки дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии “Тавозун” иштирок доштанд ва изҳори умед намуд, ки хабарнигорон дар инъикос ва фаҳмонидани моҳияти ин Дастурамал ва дигар масоили вобаста ба идораи давлатӣ, дурусту саривақт расонидани иттилои муҳим ба вакилон кӯмак хоҳанд кард.

Дар охири суханрониаш Шариф Раҳимзода дар робита бо дархостҳои вакилӣ оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсири корҳои анҷомёфта ба индекси шаффофияти буҷет ва механизмҳои беҳтар намудани ҳамкории байни Парламент ва Палатаи ҳисоби ҶТ иттилоъ дода, ҳамчунин ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба мушкилоти вуҷуддошта ҳангоми иҷро шудани буҷаи мамлакат ва роҳҳои ҳалли он посух дод.

Рафкат Хасанов, роҳбари Барномаи «Дастгирии назорати Парламентӣ дар Идоракунии Молияи Давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» ба иштирокчиёни маҳфили “Тавозун” натиҷаҳои Барномаи дастгирии назорати Парламентӣ дар Идоракунии Молияи Давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2016-2019 пешниҳод намуд. Тавре ӯ гуфт, тартиби баргузории муҳокимаҳои парлумонӣ беҳтар шуда, муҳокимаҳои пешазбуҷетӣ ва муҳокимаҳои сайёр оид ба назорати иҷрои буҷет ворид карда шуданд. Рафкат Хасанов вусъат ёфтани иштироки фаъолонаи парлумонро дар марҳилаи ташаккулёбии буҷети давлатӣ таъкид намуда, татбиқи минбаъдаи буҷетикунонии барномавиро асоси ҳамкориҳои самараноки ояндаи Кумитаи иқтисод ва молия бо кумитаҳои дигари парлумонӣ номид.

Дар охири нишаст аз рӯи анъанаи “Тавозун” байни журналистон ва намояндагони вазорату идораҳои марбута саволу ҷавоб сурат гирифт. Саволҳои журналистон бештар ба сабабу омилҳои афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми умумии буҷет, дастрасӣ надоштани намояндагони ВАО ба иттилоъ вобаста ба ҷаласаҳои ҳарсемоҳа оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ ва санҷишҳои Палатаи ҳисоби ҶТ дар ин самт, сабабҳои пастшавии сатҳи иҷроиши нақшаҳои буҷет ва ғайра иртибот доштанд.

Дар маҳфил, ки масъулини Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати илм ва маориф, Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат, Палатаи ҳисоб, Кумитаи андоз, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва дигар идораҳои марбута иштирок доштанд, ба саволҳои хабарнигорон пусох доданд.