Тавассути телевизион шахси аввали ҳукумат ба вазорату идораҳо оид ба беҳтар шудани фаъолияти соҳаи мушаххас ё қабули барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳои гуногун дастур медиҳад, вале на ҳамеша иҷро мегаранд. Дар чунин ҳолат ҷавобгарӣ барои иҷро накардани дастур ё талаби сарвари давлат пешбинӣ шудааст?

76

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон сухан гӯяд. Моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарвари давлат ваколатҳои муайянеро вогузор кардааст. Дар мавриди итоат накардани сарвари давлат ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ вуҷуд надорад, аммо сарвари давлат ҳуқуқ дорад онҳоеро, ки талаби қонунии ӯро иҷро намекунанд, аз кор озод намояд.  Агар ошкор гардад, ки амалҳои ғайриқонунӣ ё дигар ҳаракатҳо ҷой доранд, метавонад далеле барои боз намудани парванда шавад.

Дар Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурӣ моддае ба пешвои миллат бахшида шудааст. Моддаи  4791  “монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”  ном дорад.

Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  буда, меъёри мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурӣ 14 ноябри соли 2016 ворид гардида, барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, — ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” Ранжет Ятимов

 

 

По телевизору мы часто слышим, как первое лицо государства дает поручения Министерствам и ведомств по улучшению тои или иной отрасли, или принимают различные программы, концепции, стратегии, которые не всегда исполняют. В таких случаях какие есть санкции, когда не исполняют требования главы государства?

На основании Конституции РТ форма правления Республикой Таджикистан является президентской, и Президент РТ вправе выступать от имени всего народа Таджикистана. Статья 69 Конституции РТ наделила определёнными полномочиями главу государства, и при исполнение своих полномочий они должны быть исполнены. Так каково за непослушание главы государства нет административной или уголовной ответственности, но глава государства имеет право снять с должности тех лиц, которые не выполняют его законные требования. А если будет обнаружено, что были и незаконные какие не будь другие действия то могут возбудить уголовное дело. В Кодексе об административных правонарушениях РТ есть статья, посвящённая Основателю мира и национального единства – Лидера нации. Это статья 479(1) где говорится об Воспрепятствование законной деятельности или невыполнение законных требований Основателя мира и национального единства – Лидера нации. На данный момент Президент страны он же и Основатель мира и национального единства – Лидера нации. Данную норму ввели в административный Кодекс РТ 14 ноября 2016 года за что нарушителя ждет штраф на физических лиц в размере от двадцати до сорока и на должностных лиц от восьмидесяти до ста показателей для расчетов.

Юрист ОО “Хома” Ранжет Ятимов