Мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот кори худро идома медиҳад

289

Дар  ТҶ “Хома” даври омӯзишии дуюми мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртиботи лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ”  шурӯъ шуд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, он тавассути Internews амалӣ мегардад.

Дар тренинги серӯзаи навбатӣ барои журналистон дар асоси меъёрҳои муайян таҳлили маводи аз ҷониби иштирокчиён омодашуда, ки мавзӯҳои онҳо дар тренинги пешин интихоб шуда буданд, гузаронида шуд. Тренерон сифати маводи журналистонро бо назардошти  малакаву донишҳои дар тренингҳои гузашта омӯхтаашон муайян карда, ҳамроҳи иштирокдорон муҳокима карданд.

Дар чаҳорчубаи барномаи омӯзишӣ ба иштирокчиён дар бораи сабабҳои сар задани ифротгароии хушунатомез ва оқибатҳои он, ки ба терроризм оварда мерасонанд ва ҳамкорӣ дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҳамчун омили муқовимат маълумот пешниҳод карда мешавад.

Ба журналистон дар бораи нақши васоити ахбори омма дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез ва терроризм,  инъикоси масъалаҳои мазкур дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дода мешавад. Инчунин тренерон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва амалии инъикоси масоили ифротгароии хушунатомез ва терроризмро баррасӣ намуда, мафҳуми ифротгароиро дар қонунгузории ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ муқоиса мекунанд. 

Тренерон ба иштирокчиён чӣ гуна бе доштани маълумоти махсус анҷом додани таҳлили ҳуқуқии маводи ВАО оид ба ифротгароӣ, амнияти рақамӣ, гузаронидани фактчекинг ва ҳамчун рӯзноманигор ба роҳ мондани ҳамкориро бо коршиносон меомӯзонанд.

Иштирокчиёни тренинг бо кӯмаки тренерон сари маводи нави мустақилона кор хоҳанд кард.

Лоиҳа дар асоси таҷрибаи барномаи қаблӣ “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна” замина гирифта, ба дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, ки ба тақвиятбахшии устувории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ нисбат ба ифротагароӣ ва маълумоти бардурӯғ мусоидат мекунанд, равона шудааст.

Медиашкола миростроительства и коммуникций продолжает свою работу

В ОО «Хома» начался второй этап Медиашколы миростроительства и коммуникций в рамках проекта «Усиление устойчивости к радикализации и дезинформации в Центральной Азии», финансируемого Европейским Союзом и реализуемого Internews.

В начале очередного трёхдневного тренинге для журналистов исходя из определённых критерий был проведён анализ подготовленных участниками журналистских материалов, темы которых они выбрали в предыдущем тренинге. Тренера оценили на сколько журналисты создали качественные материалы исходя из полученных навыков и знаний предыдущего обучения.

В рамках программы обучения участникам представят информацию о причинах и последствиях насильственного экстремизма и радикализации, ведущих к терроризму (НЭРВТ) и взаимодействии координации действий, как принципе противодействия. Журналистам также расскажут о роли СМИ в профилактики и противодействию НЭРВТ, об освещении вопросов НЭРВТ в прессе и социальных сетях, коснутся правовых и практических аспектов освещения вопросов насильственного экстремизма и терроризма и сравнят законодательные определения экстремизма в каждой стране Центральной Азии.

Опытные тренера обучат участников как провести, не имея юридического образования, правовой анализ медиа материала по экстремизму, как освоить цифровую безопасность, каким образом провести фактчекинг и как работать журналисту с экспертами.

Участники тренинга будут работать над новыми самостоятельными материалами, в создании которых им будут помогать тренера и эксперты.

Проект основан на опыте предыдущего проекта «Содействие стабильности и миру в Центральной Азии» и нацелен на поддержку национальных и региональных инициатив, способствующих усилению устойчивости граждан Центральной Азии к радикализму и дезинформации, ведущим к насильственному экстремизму.