Журналистон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таъсири COVID19-ро ба идораи молияи давлатӣ меомӯзанд

0
2554

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” барои журналистони минтақаҳои гуногуни мамлакат дар мавзӯи «Таъсири COVID 19 ба идораи молияи давлатии Тоҷикистон» машғулият баргузор менамояд.

Дар пайи паҳншавии вируси COVID 19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, ки Тоҷикистон истисно намонд, зарбаи зиёде ба ҳама соҳаҳо расид. Ба ҷуз талафоти бебозгашти ҷонӣ иқтисоди кишварҳо зиёни бузурге дид.

Зарари расидаи молиявӣ ба Тоҷикистон 650 миллион доллар ҳисоб гардида, ҳоло интиқоли маблағ аз Русия 50 дарсад кам шуда, содирот ва воридоти молу маҳслот ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Бинобар идомаи пандемия ва сар задани мавҷи дуюми ин беморӣ намояндагони ВАО-ро водор мекунад, ки бархурд ба ин мавзӯъ бисёр касбӣ бошад, то ба рӯҳияи ҷомеа таъсири манфӣ нарасад.

Ҳадафи машғулияти “Хома” ҷалби таваҷҷуҳи журналистон ба мавзӯи зери назар буда, тавассути намояндагони мақомоти дахлдор ва коршиносон ба онҳо маълумоти амиқ ва заруриро дар ин замина пешниҳод намудан аст.

Дар давраи омӯзишӣ сабабу омилҳое, ки дар давраи пандемия ба идораи молияи давлатӣ  таъсир расонид, аз ҷониби намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва коршиносони мустақил тавзеҳ дода шуда, барои рӯзноманигорон равишҳои касбии инъикоси масоили молиявӣ дар давраи пандемия нишон дода мешавад. Инчунин ба иштирокчиён маълумот доир ба муҷозоти ҷаримавӣ барои интишори иттилооти носаҳеҳ ва дуруғин  оид ба COVID19 пешниҳод мегардад.

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

 

Журналисты с разных регионов Таджикистана изучают  влияние COVID 19 на управление государственными финансами

Общественная организация «Хома» в рамках проекта «Поддержка управления государственными финансами» проводит тренинг для журналистов из разных регионов страны на тему «Влияние COVID 19 на управление государственными финансами в Таджикистане».

Распространение COVID 19 нанесло тяжелый урон всем секторам экономики  большинства стран мира, и Таджикистан здесь не стал исключением. Помимо невосполнимых человеческих жертв, экономики стран сильно пострадали.

Финансовый ущерб, нанесенный Таджикистану, оценивается в 650 миллионов долларов, денежные переводы из России сократились на 50 процентов, а экспорт и импорт резко снизились.

Продолжающася пандемия COVID19 и вспышки второй волны болезни, объязывают СМИ профессионально подходить к этому вопросу, чтобы не повлиять негативно на настроение общества.

Цель тренингв ОО «Хома» – привлечение внимания журналистов к рассматриваемой теме и предоставление им подробной и необходимой информации через представителей соответствующих органов власти и экспертов.

В ходе тренинга представители Министерства финансов, Агентства государственного финансового контроля и борьбы с коррупцией РТ и независимые эксперты объяснят причины и факторы, повлиявшие на управление государственными финансами во время пандемии. Также участникам представят информацию о наказании и штрафах за публикацию недостоверной информации о COVID19.

Проект реализуется при финансировании Министерства Международного Развития Великобритании (DFID) и поддержке Института «Открытое Общество» – Фонд Содействия в Таджикистане.