Машғулият барои журналистон оид ба таъсири COVID 19 ба идораи молияи давлатӣ анҷом ёфт

0
2429

Имрӯз дар Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” машғулият барои журналистони минтақаҳои гуногуни мамлакат дар мавзӯи «Таъсири COVID 19 ба идораи молияи давлатӣ» анҷом ёфт.

Абдуҷаббори Зарифӣ
Раъно Зайниддинова

Рӯзи аввал барои журналистон аз ҷониби коршиносони Вазорати молияи ҶТ Абдуҷаббори Зарифӣ ва Раъно Зайниддинова доир ба тартиби банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва маблағгузориҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID 19 ва зиёд шудани ҳаҷми хароҷотҳои пешбининашуда дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар давраи пандемия маълумотҳои амиқ пешниҳод гардид.

Умед Давлатзод

Инчунин коршиноси масоили иқтисодӣ Умед Давлатзод ба иштирокдорон ҷанбаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар пасманзари таъсири COVID 19 ва зарфиятҳову имконоти ҷадидро шаҳр дода, ба саволҳои журналистон посух дод. Миёни иштирокчиёну коршинос мубоҳисаи хубе сурат гирифт.

Дар доираи барномаи омӯзишӣ коршиноси ВАО Изатманд Саломов бо журналистон оид ба маълумоти бардурӯғ доир ба коронавирус, кор дар жанрҳои гуногун ҳангоми инъикоси масоили молияи давлатӣ, сохтори маводи журналистӣ ва дигар паҳлуҳои кори ВАО дар шароити пандемия суҳбати тахассусӣ анҷом дод.

Изатманд Саломов

Рӯзи дуюми омӯзиш Абдулло Қурбонов, директор ва яке аз муассисони Алиф Бонк ба журналистон дар мавриди зарурати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар пасманзари пандемия суҳбат намуда, аз таҷрибаи муваффақонаи Алиф Бонк мисолҳо овард. Ҳамзамон, доир ба кори барномасозони ҷавоне, ки барои Алиф Бонк тавонистанд барномаҳои тахассусиеро созанд, маълумот дод.

Абдулло Қурбонов

Мавсуф авлавиятҳои пардохтҳо бо истифодаи рамзи QR ва пардохтҳои ғайринақдиро шаҳр дода, таъкид намуд, ки ин боиси шаффофият дар пардохти андозҳо гардида, аз иқтисоди пинҳонӣ пешгирӣ мекунад.

Инчунин рӯзноманигорон имконият пайдо намуданд, ки ба суолҳои сершуморашон аз Абдулло Қурбонов, директори Алиф Бонк посух бигиранд.

Ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” Ранжет Ятимов доир ба муҷозоти ҷаримавӣ барои интишори иттилооти носаҳеҳ ва дуруғин оид ба Ковид-19 маълумот дода, коршиноси ВАО Хуршед Назаров бо иштирокдорон дар бораи кори журналист дар ҳолати пандемия ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ суҳбат кард.

Ранжет Ятимов

Неъматулло Назарзода, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба иштирокчиён доир ба нақши ин ниҳод дар самти назорати давлатии таъмини хароҷот ва истифодаи сарфакоронаи маблағу воситаҳои барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID-19 маълумот ироа кард.

Неъматулло Назарзода

Ҳадафи машғулияти “Хома” иборат аз он буд, ки тавассути намояндагони мақомоти дахлдор ва коршиносон таваҷҷуҳи журналистонро ба мавзӯи зери назар ҷалб намуда, ба онҳо доир ба сабабу омилҳое, ки дар давраи пандемия ба идораи молияи давлатӣ таъсир расониданд ва назорати давлатии таъмини хароҷот ва истифодаи маблағу воситаҳои ҷудошуда барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ва ҳамзамон равишҳои касбии инъикоси масоили молиявӣ дар шароити COVID19 маълумоти амиқ ва заруриро пешниҳод намоем.

 

Лоиҳа бо маблағгузорӣ аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.