Фаъолони ҷамъиятӣ имкониятҳои воситаҳои чандрасонаиро аз худ мекунанд

201

Рӯзи ниҳоии омӯзиш барои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими муқобилият ба ифротгароӣ ва хабарҳои бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” тренер Алишер Примкулов оид ба истифодаи аксу видео ҳангоми инъикоси масоили низоъбарангез маълумоти фароҳ пешкаш намуд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ асосҳои композитсия, равшанӣ дар вақти наворбардорӣ, воситаҳои ёридиҳанда, усулҳои танзим, тарзи сабти тозаи овоз, қоидаҳои аксбардорӣ ва дигар паҳлуҳои инъикоси мавзӯҳоро тариқи воситаҳои чандрасонаӣ омӯхатнд.

Иштирокчиёни омӯзиш на танҳо назария, балки дар доираи корҳои амалӣ мустақилона аксбардорӣ намуданд ва дар наворбардорӣ бо телефони мобилӣ низ малака пайдо карданд.

Алишер Примкулов кор дар барномаҳои гуногуни интернетиро нишон дода, яке аз онҳоро бо номи Open Camera дар телефонҳои мобилии иштирокчиён васл намуданд, то онҳо тавонанад баосонӣ наворҳои гирифтаашонро танзим кунанд.

Ҳамаи иштирокчиёни омӯзиш аз тренерон супоришҳои мушаххас гирифта, то даври дуюми омӯзишӣ аз паи иҷрои корҳои мустақилонаи худ мешаванд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Internews татбиқ мекунад.