Анҷоми омӯзиш барои фаъолони ҷамъиятии Суғд доир ба инъикоси масоили ҳассос

145

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд омӯзиш барои фаъолони ҷамъиятии вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи “Таҳкими муқобилият ба ифротгароӣ ва хабарҳои бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” ба кори худ анҷом бахшид.

Таи се рӯз тренерон Нуриддин Қаршибоев ва Ҷамшед Марупов ба иштирокдорон доир ба инъикоси масоили ҳассос ва амнияти рақамию ҷисмонӣ, роҳҳои ҳамкорӣ бо коршиносон, рӯзноманигорону блогерҳо, истифодаи самараноки манбаъҳои иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоӣ, моҳияти васоити ахбори иҷтимоӣ, хусусиятҳои фазои иттилоотии имрӯза ва имкониятҳои қолабҳои чандрасонаӣ дар инъикоси масоили ҳассос маълумот доданд.

Коршиноси масоили динӣ Саидаҳмад Қаландаров тариқи онлайнӣ бо иштирокчиёни омӯзиш пайваст шуда, дар хусуси амнияти иттилоотӣ, мафҳумҳои радикализм, экстремизм ва терроризм, муҳиммияти фазои иттилоотӣ дар марҳилаи кунунӣ, моҳияти исломи сиёсӣ, ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбат карда, ба саволҳои сершумори онҳо ҷавоб доданд.

Рӯзи ниҳоии омӯзиш оид ба истифодаи аксу видео ҳангоми инъикоси масоили ҳассос маълумоти фароҳ пешкаш гардид. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ асосҳои композитсия, равшанӣ дар вақти наворбардорӣ, усулҳои танзим, қоидаҳои аксбардорӣ ва дигар паҳлуҳои инъикоси мавзӯҳоро тариқи воситаҳои чандрасонаӣ омӯхатнд. Ҳамзамон тренерон кор дар барномаҳои Open Camera ва KineMaster-ро ба иштирокдорон тариқи корҳои амалӣ омӯзонданд.

Иштирокчиёни омӯзиш на танҳо назария омӯхтанд, балки мустақилона бо телефонҳои мобилӣ аксбардорӣ ва наворбардорӣ намуда, дар ин самт малака пайдо карданд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Internews татбиқ мекунад.