Инъикоси мавзӯҳои ифротгароии хушунатбор ва даҳшатафканӣ чи гуна бояд бошад?

0
888

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки технология бо суръати баланд рушд карда истодааст. Технологияҳои муосир, аз он ҷумла барои васоити ахбори омма (ВАО) як қатор усулҳо ва платформаҳои наву гуногунеро барои  паҳн намудани иттилоот  муҳайё гардонид. Маълумот зуд дастраси омма гашта, марзҳо аз байн бардошта шуданд. Аз нуқтаи назари озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот ин албатта хуб аст, аммо чунин имкониятҳо камбудиҳои худро низ доранд. Сухан дар бобати рушди радикализм (тундгароӣ) меравад, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Гурӯҳҳои тундгаро ва террористӣ инчунин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз имкониятҳои техникӣ васеъ истифода мебаранд. Маҳфумҳои наве, аз қабили “медиа терроризм” ва “кибер терроризм” пайдо шуданд.

Медиатерроризм чист?

Медиа-терроризм – ин симбиози (симбиоз-ҳамзистии ду организми гуногун, ки барои мавҷудияти худ аз ҳамдигар истифода мебаранд) терроризм ва васоити ахбори омма буда, ки барои паҳн кардани ҳисси тарсу ҳарос бо мақсади идоракунии шуури ҷомеа сохта шудааст. Яъне, ин «иттифоқ» -и ғайрирасмиест, ки ҳар ду тарафҳо аз он манфиатдоранд. ВАО тавассути паҳн кардани чунин иттилоот миқдори бинандаву шунаванда ва хонандаи худро меафзояд  ва террористон бошанд  ғояҳо, тарс  ва даҳшатро дар ҷомеа паҳн мекунанд.

Бархе аз рӯзноманигорон аз пайи хабарҳои пурҳангома шуда, нофаҳмида худ таблиғгари ақидаҳои гурӯҳҳои террористӣ мегарданд ва чунин амалҳо ҳатман ба нафъи террористон ва экстремистҳо хоҳад буд. Дар бораи онҳо сухан меронанд, дар зеҳни ҷомеа даҳшат ва тарсу ҳаросро мекоранд, ҳукуматро маҷбур мекунанд, ки бо онҳо дар сари мизи музокирот нишинад ва шартҳои онҳоро қабул кунад.

Дар ин ҳолат давлат маҷбур мешавад, ки мутобиқи моддаи 19 қисми 3 банди “б” Паймони байналмиллалӣ оид ҳукуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва амнияти шаҳрвандонаш аз сензура истифода барад.

Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, аз чунин хатар дар канор намонд. Мутаассифона,  кишвари мо низ зери якчанд  ҳамлаи террористӣ қарор гирифта буд, ки оқибатҳои фоҷиавӣ доштанд. Вақтҳои охир чунин хатарҳо дар фазои осоиштаи мо боз ҳам бештар мушоҳида мешавад ва ин наметавонад мо шаҳрвандонро ба ташвиш наорад.

Бо назардошти маълумоти гурӯҳи таҳқиқотии Global Terrorism Index, ки сатҳи фаъолияти террористиро дар кишварҳои ҷаҳон муайян мекунад, Тоҷикистон дар соли 2014 бо индекси 1,99 аз зинаи 68, дар соли 2019 бо индекси 3,95 ба зинаи 50 уми раддабандии кишварҳо баромад. Дар асоси ин маълумотҳо мо дар зер инфографикаеро, ки  сатҳи фаъолияти террористиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, пешниҳод мекунем:

Аз  ин маълумотҳо мо мебинем, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад. Ин боиси нигаронӣ, аз он ҷумла барои ВАО мебошад

       Аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ барои пешгирии ифротгароии хушунатбор ва даҳшатафканӣ, дар кишвар баъзе тадбирҳо андешида шуда буданд. Яке аз ин тадбирҳо қабули як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии муҳим мебошанд. Аз он  ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2020 “Дар бораи мубориза бо экстремизм”.

       Дар ин мақола мо кӯшиш мекунем, ки дар бораи як қатор меъёрҳое, ки бавосита ё бевосита инъикоси мавзӯҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканиро ба танзим медароранд, ба шумо маълумот диҳем.

Чӣ гуна рӯзноманигор бояд дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи экстремизм ва терроризмро инъикос карда ва ҳамзамон ба нақзи  қонунгузорӣ роҳ надиҳад?

Сараввал, рӯзноманигор бояд таърифи ҳуқуқии мафҳумҳои «экстремизм» ва «терроризм» -ро донад.

Экстремизм (ифротгароӣ) чист?

Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”. Моддаи 1, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”

Терроризм (даҳшатафканӣ) чист?

« Терроризм – яьне зӯроварӣ ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё тахдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектхои моддии шахсони воқеьӣ ва хуқуқӣ, ки боиси хавфи халокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани ахолӣ ё расонидани таьсир ҷихати аз ҷониби мақомоти хокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатхои ғайрихуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онхо, инчунин таҷовуз ба хаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, хамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба хаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи хокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онхо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷихати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин хамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии тахти химояаи  байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба бинохои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки тахти химояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин харакатхо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатхои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад”. Моддаи 3, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”

Мо шарҳи ҳуқуқии мафҳумҳоро дида баромадем ва акнун дар асоси таҳлили қонунгузории миллӣ, бобати инъикос кардани чунин мавзӯҳои ҳассос ва ба қонунвайронкунӣ роҳ надодан аз тарафи рӯзноманигорон,  мухтасар маълумот хоҳем дод:

а) Пеш аз навиштан дар бораи як созмони мушаххас, санҷед, ки оё он ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ шомил карда шудааст ё не. Пайванди зерин барои тафтиш:  https://www.cisatc.org/1289/134/160/1268

б) Агар шумо дар маводи худ номи як гурӯҳи мамнӯи террористиро истифода мебаред, ҳатман дар қавс нишон диҳед, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар кишвари  мо мамнӯъ аст.

в) Агар барои омода кардани мавод ё матолиби таҳқиқотӣ  ва маълумоти оморӣ дар бораи маҳкумшудагон ниёз доред, шумо метавонед ба таври хаттӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ҳадафи худ муроҷиат кунед.

Агар мақсад доред сомонаҳои гуногунро барои омода кардани мавод истифода баред, пас аввал ин пайвандро санҷед – https://mvd.tj/old/index.php/ru/glavnaya/7875-spisok-sajtov-zapreshchennykh-zakonodatelstvom-respubliki-tadzhikistan ки оё ин сомона масдуд нашудааст.

г) Қонун истифодаи рамзҳо ва атрибутҳои гурӯҳҳои мамнӯи террористӣ ва экстремистиро қатъиян манъ мекунад.
д) Мутаассифона, мо то ҳол рӯйхати адабиётҳои мамнӯи экстремистиро дар кишварамон надорем. Аз ин рӯ, пеш аз овардани иқтибосе аз ин ё он сарчашма , ҳатман бо мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат кунед.

е) Дар маводҳои худ аз сафед кардани ҳар гуна амал ё беамалии гурӯҳҳои террористии мамнӯъ ва ё пуштибонӣ аз ақидаҳои онҳо худдорӣ кунед.

ж) Маводҳоеро , ки хусусияти экстремистӣ ва даъват ба терроризмро доранд, паҳн накунед (аксҳо, видео, буклетҳо ва ғайра).

ж) Дар маводҳои худ, пайвандҳои(линк)  ба торномаҳои гурӯҳҳои мамнуӣ дахлдоштаро нагузоред, аз нуқтаи назари қонун, ин ҳамчун паҳн ва таблиғи ин манбаъҳо тафсир карда мешавад.

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшинос