Тартиби таъсиси ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1025

Дар таҳлили мазкур қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби таъсис ва бакайдгирии воситаҳои ахбори оммаро муқарар менамояд, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои такмили қонунгузорӣ, тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ВАО зери чунин мафҳум карор дорад: Воситаҳои ахбори омма ин – матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд, номида мешаванд.

Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон ба ҳар кас ҳуқуқи озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифоди воситаҳои ахборро кафолат додааст. Ба ғайр аз ин дар моддаи 10-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (ЭУҲБ) ва моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ  (ПБҲШС) ба ҳар як инсон ҳуқуқи озодии ақида ва баёнро кафолат медиҳад. Ин ҳуқуқ озодии риояи бемамониаи ақида, ҷустуҷӯ, дарёфт ва интишори иттилоот ва афкорро ба ҳар васила, бидуни мулоҳизоти марзӣ давлатӣ фаро мегирад. Ҳар як маҳдудияте, ки дар ин самт бо воситаи қонунгзорӣ аз ҷонби давлатҳо муайян карда мешаванд, бояд барои эҳтироми ҳуқуқ ва обрӯи ашхоси дигар, ҳифзи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ зарур бошанд. Яъне набояд дар ҳолатҳои дигар ин ҳуқуқҳо маҳдуд ва ё манъ карда шаванд.

Дар Тоҷикистон тартиби таъсиси ВАО-ро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”  аз 19 марти соли 2013, № 961, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз 19 майи соли 2009, № 508 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлати аз 25 феврали соли 2017 № 97 пешбинӣ мекунанд.

Мувофиқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ ба таъсиси ВАО ҳуқуқ доранд.

Қонуни матбуоти даврӣ барои як қатор шахсон ва шахсони ҳуқуқӣ ба таъсиси ВАО ҳуқуқ надодааст:

– шахсони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида ва шахсоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;

– ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст;

– шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

– шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онҳо сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 25 фоизро ташкил медиҳад.

Барои мисол мебинем, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба таъсиси ВАО киҳо ҳуқуқ доранд.

Дар Қазоқистон шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ метавонанд ВАО-ро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва ё ҳамчун зерсохтори шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳанд. Дар Қазоқистон шахсони бешаҳрванд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ наметавонанд аз 20 фоиз зиёд саҳмияи ВАО-ро дошта бошанд.[1]

Дар Қирғизистон бошад онҳое ҳуқуқи таъсиси ВАО-ро надоранд, ки ҳоло ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ иҷрои ҷазо намуда истодаанд ва ё бо қарори суд ғайриқобилӣ амал эътироф шудаанд. Инчунин ба он шахсони ҳуқуқие ҳуқуқи таъсиси ВАО-ро надодааст, ки тибқи қонун фаъолияти онҳо манъ карда шудааст. Дар Қирғизистон мақомоти давлатӣ ва шахси ҳуқуқӣ наметавонанд, ки якҷоя муассиси ВАО бошанд.[2]

Ҷумҳурии Узбекистон ҳуқуқи таъсиси ВАО-ро ба ҳар як шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ додааст. Қонунгузории Узбекистон онҳое, ки ҳуқуқи таъсис додани ВАО-ро надоранд муайян намудааст: а) шахсоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд; б) шахсоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст ва ё дар асоси қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидаанд; в) ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро манъ кардааст; г) он шахси ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавиашон (фонди оинномавӣ) зиёда аз 30 фоиз сармояи хориҷӣ аст.

Тибқи қонунгузории ҷорӣ, дар Туркманистон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Туркманистон фаъолият мебаранд, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида ва иттиҳодияҳои онҳо метавонанд ВАО-ро таъсис диҳанд.

Барои таъсис ва ба кайди давлатӣ мондани ВАО дар аввал мо бояд мувофиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ба “Равзанаи ягона” ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоем:

  • ариза дар барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ (аз рўи шакли тасдиқнамудаи мақомоти андоз);
  • қарори муассис/он, (протоколи маҷлиси муассисон) дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
  • нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқии таъсисёбанда (мисол шиноснома) агар аз ҷониби шахси ваколатдори муассис/он ариза пешниҳод карда шавад- ваколатнома;
  • нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассиси (шахси воқеии) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда (мисол: барои шахси ҳуқуқӣ-шаҳодатнома, барои шахси воқеӣ-шиноснома);
  • хулосаи мақомоти дахлдор (Вазорати фарҳанг);
  • пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ (айни ҳол мувофиқи Фармоиши Раиси Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ситонида намешавад);
  • нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда (барои мисол маълумотнома, шартномаи иҷора).

Ба ғайр аз ин ҳуҷҷатҳо, ҳамчун ҳуҷҷати таъсиси ВАО дар ҳолати ягонагии муассис оиннома ва дар ҳолати ду ва аз он зиёд будани муассисон шартномаи таъсисӣ баста мешавад ва оиннома қабул карда мешавад, ки он ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардан лозим нест. Инчунин қонунгузорӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигарро низ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирӣ зарур намешуморад.

Мисол дар Ҷумҳурии Қирғизистон барои бақайдгирии ВАО ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

  • ариза оиди бақайдгирии давлатии ВАО;
  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муассис/он;
  • маълумот оиди муассис/он (яъне ному насаб, суроға, ҷои кор ва ғайра);
  • нусхаи шиносномаи роҳбари ВАО;
  • қарори муассис/он оиди бақайдгирии таъсиси ВАО;
  • пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ.

Дар Ҷумҳурии Узбекистон бошад барои бақайдгирии ВАО чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешаванд:

  • ариза оиди бақайдгирии давлатии ВАО;
  • ҳуҷҷатҳои таъсисии ВАО;
  • пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ.

Тавре аз рӯйхати ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва мисоли кишвархои ҳамсоя маълум шуд, танҳо барои таъсиси бақайдгирии ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мақомоти дахлдор талаб карда мешавад, ки тартиби соҳиб шудан ба чунин хулоса дар қонунгузории Тоҷикистон  пешбинӣ нашудааст. Дар амалия муассис/он барои он, ки хулосаи мақомоти дахлдорро соҳиб шаванд бояд қарор ва оинномаи қабулнамудааш/онро, инчунин маъулумот оид ба сармуҳаррирро дар мактуб замима карда, ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кунанд ва вазорат дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун бояд ҷавоб диҳад. Вазорат метавонад ҷавоби рад диҳад ва метавонад хулосаи худро пешниҳод кунад. Яъне дар Тоҷикистон бидуни хулосаи мақомоти дахлдор ҳуҷҷатҳо аз тарафи Равзанаи ягонаи мақомоти андоз қабул карда намешавад.

Як ҷиҳати мусбии дигари ин меъёр он мебошад, ки ҳатто мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ (Равзанаи ягона) ҳуқуқи аз ВАО талаб намудани оиннома ва шартномаи таъсисиро надоранд, вале барои як хулоса аз тарафи танзимгарӣ соҳа талаб карда мешавад.

Масалан, қонунгузории ҷории дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро муқаррар мекунанд, барои бақайдгирии давлатии ВАО хулосаи мақомоти дахлдор талаб намекунанд. Меъёри қонуни Тоҷикистон, ки хулосаи мақомоти дахлдорро талаб мекунад, барои амалишавии ҳуқуқи озодии ибрози ақида ва баён мушкилӣ пеш меорад ва ҳуқуқи таъсиси ВАО-ро ки санадҳои соҳавии миллӣ ва байналмилалӣ муқаррар намудаанд, дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад.

Баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба “Равзанаи ягона” дар муддати панҷ рӯз мақомоти андоз бояд қарори дахлдорро қабул намояд (шахси ҳуқуқиро ба қайд гирад ва ё аз ба қайд гирифтан рад кунад). Дар ҳолати ба қайд гирифтан мақомоти андоз ба муроҷиаткунанда Шаҳодатнома медиҳад ва маълумотҳоро оиди таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ворид мекунад. Дар ҳолати рад кардани бақайдгирӣ бояд муроҷиаткунандаро дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ огоҳ намоянд.

Дувум қадаме ки бояд соҳибони ВАО ҳатман иҷро кунанд ин баҳисобгирии ВАО дар назди мақоми танзимкунандаи соҳа мебошад. Баҳисобгирӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даври ва дигар воситаҳои ахбори омма” моддаи 11 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ аз 25 феврали соли 2017, №97 анҷом дода мешавад, ки ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии ВАО Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар гардидааст.

Бояд қайд кард, ки баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ дар асоси моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” амалӣ карда мешавад. Ин санади зерқонун (Қарори Ҳукумат №97) ба фаъолияти ноширӣ ва палиграфӣ равона карда шудааст ва тартиби бақайдгирии ин субъектҳо ва объектҳои соҳаро ба танзим медарорад.

Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма бошад дар ассоси моддаи 11- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ба қайд гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки он талаботҳое, ки дар  тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ (қарори Ҳукумат) муайян карда шудааст, ба мисли:

-ариза дар бораи баҳисобгирӣ (бо нишон додани номи пурраи субъект, мавзӯъ, мақсаду вазифаҳо, самти фаъолият, андоза ва ҳаҷм, забон, даврияти нашр, шумораи эҳтимолии хонандагони имконпазир, суроға ва рақами телефон);

– нусхаи оиннома (барои шахсони ҳуқуқӣ); нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

– нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

– маълумотнома оид ба манбаъҳои маблағгузорӣ;

– маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба матбуоти даврӣ алокамандӣ надоранд ва бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаи ахбори омма мебошанд. Зеро вақто ки қонун ҳамин тартибро ба танзим медарорад, санади зерқонунӣ наметавонад қувваи қонунӣ дошта бошад. 

Ба ғайр аз ин Шаҳодатномае ки Вазорати фарханг ба муҳлати се сол медиҳад характери иҷозатномавӣ дорад ва пас аз гузаштани муҳлат ВАО боз ҳамин равандро бояд гузарад.

Мисол дар соли 2020 дар давраи пеш аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии иттилоотии Азия-плюс мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 4(2) ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аккредитатсия кардан ариза пешниход карданд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ВАО барои додани Шаҳодатнома бо сабаби он ки Шаҳодатномаи баҳисобгирӣ надоштанд, ҷавоби рад дод. Сабаби надоштани ин Шаҳодатнома он буд, ки агентӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ҳуҷҷат пешниҳод карда буд, лекин Вазорат дар муҳлатҳои аз ҷониби қонун муайяншуда агентиро бо Шаҳодатнома таъмин карда натавонист.

Характери иҷозатномавӣ доштани бақайдгирии ВАО мушкилӣ эҷод мекунад ва метавонад ба амалҳои коррупсионӣ шароит фароҳам орад.

Дар дигар кишвархои собиқ шуравӣ бакайдгирии ВАО хусусияти огоҳкунанда (уведомительный) дорад. Яъне, ки ВАО метавонад баъд аз ба қайд гирифтанаш танҳо танзимгари соҳаро хабардор кунад, ки бо чунин ном ВАО дар «Равзанаи ягона” ба қайд гирифта шудааст.

Албатта дар қонунгузории дилхоҳ кишвар баҳисобгирии ВАО ҷой дорад, вале  тартибу талаботҳояшон фарқкунанда мебошад. Масалан дар Ҷумҳурии Қазоқистон баҳисобгирии ВАО хело осон аст. Шахси ҳуқуқии таъсисёфта, метавонад, ки бо пешниҳоди аризаи электронӣ бо замима кардани пардохтномаи боҷи давлатӣ ва қабули уҳдадорӣ барои нигоҳ доштани сабтҳои пахши телевизионӣ ва радиоӣ дар муддати шаш моҳ, инчунин маълумот оиди моликияти муассис бақайдгириро гузараду соҳиби Шаҳодатномаи бемуҳлат шавад, ки ин хусусияти иҷозатдиҳӣ надорад, балкӣ хусусияти огоҳкунанда дорад.

Бо назардошти таҳлилҳои боло, тавсияҳои худро оид ба беҳтар намудани ҷараёни таъсиси ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунем:

  • Моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” танҳо барои таъсиси ВАО хулосаи мақомоти дахлдорро пешбинӣ намудааст. Меъёри мазкур, ки хулосаи мақомоти дахлдорро талаб мекунад, барои амалишавии ҳуқуқи озодии ибрози ақида ва баён мушкилӣ пеш меорад ва ҳуқуқи таъсиси ВАО-ро ки санадҳои соҳавии миллӣ ва байналмилалӣ муқаррар намудаанд, дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад. Мавриди зикр аст, ки талаби хулосаи мақомоти дахлдор дар ягон кишварҳои пасошӯравӣ дида намешавад. Тавсия дода мешавад, ки меъёри мазкур аз қонун хориҷ карда шавад.
  • Дар масъалаи баҳисобгирии ВАО Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даври ва дигар воситаи ахборӣ омма” дар моддаи 11 тартиби бақайдгириро ба танзим медарорад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №97 равона шудааст барои бақайдгирии соҳаи таъбу нашр ва ин санади зер қонуни бар хилофи талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даври ва дигар воситаи ахборӣ омма” буда, наметавонад ба ВАО истифода бурда шавад. Бақайдгири бояд характери огоҳномавӣ дошта бошад на иҷозатномавӣ. Агар танзимгарӣ соҳа таҷрибаи доданӣ Шаҳодатномаро нигоҳ доштани бошанд, дар ин хусус Шаҳодатнома аз рӯзи баҳисоб гирифтан бояд бемуҳлат дода шавад.

Вақто, ки муассис ё мавқеи ҷойгиршавии ВАО иваз шавад, танҳо танзимгари соҳаро тариқи электронӣ ё хаттӣ дар ин бора хабардор кардан лозим мешавад. Таҷриба ва қонунгузории  кишварҳои Қазоқистон ва Қирғиистон дар ин бора бисёр содда мебошад.

Бо назардошти таҷрибаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳлилӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тавсия дода мешавад, ки тартиби баҳисобгирии давлатии ВАО-ро осон намуда, дар моддаи 11-и қонуни мазкур тартиби баҳисобгирии ВАО ба таври зайл пешбинӣ карда шавад:

  1. Баҳисобирии воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди ариза (онлайн ё офлайн) аз ҷониби муассиси шахси ҳуқуқӣ ва ё шахси ваколатдори ӯ амалӣ карда шавад. Муассис барои дурустии маълумотҳо, ки дар ариза нишон дода мешаванд ҷавобгар мебошад.

Ба ариза замима карда шавад:

а) – Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

  1. b) – иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
  2. c) – пардохтнома, ки миқдори он аз ҷониби қонун муқарар карда мешавад;
  3. Барои баҳсобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма, талаб намудани ҳуҷҷатҳои дигар манъ аст.
  4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг пас аз гирифтани ариза, дар муддати то се рӯзи корӣ баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро амалӣ намуда ба муроҷиаткунанда ба муҳлати номуайян Шаҳодатнома медиҳад.
  • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мураттаб карда шуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” қабул карда шавад.

Муаллиф: Ҳуқуқшинос Фахриддин Фузайлов

[1] Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” аз 23 июли соли 1999, № 451-I

[2] Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи васитаҳои ахбори омма” аз 2 июли соли 1992, №938-XII