Дар “Сароб” Мактаби ҳуқуқи рақамӣбаргузор шуд

0
811

ТҶ “Хома” дар истироҳатгоҳи “Сароб”-и дараи хушманзараи Варзоб барои 20 рӯзноманигору ҳуқуқшиноси ҷавони минақаҳои гуногуни Тоҷикистон Мактаби ҳуқуқи рақамиро баргузор намуд.

Мавзӯи асосии мактаб ба ҳуқуқи рақамӣ вобаста буд. Аз ин рӯ иштирокчиён доир ба ҳуқуқи рақамӣ, ки дастрасӣ, истифода, эҷод ва паҳнкунии васоити рақамӣ ё истифодаю дастрасӣ ба компютер, дигар техникаи электронӣ ё шабакаҳои телекоммуникатсиониро танзим мекунад, маълумоти фароҳ гирифтанд. Акнун онҳо хуб медонад, ки ҳуқуқи рақамӣ бештар барои тавсифи ҳифз ва иҷрои ҳуқуқҳо, аз қабили ҳуқуқ ба дахолатнопазирӣ ё озодии баён дар технологияҳои нави рақамӣ, бахусус интернет истифода мешавад. Дар воқеъ ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет дар як қатор давлатҳо ҳамчун ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.

Таи як ҳафта коршиносони байналмиллалӣ ва миллӣ ба иштирокчиёни омӯзиш инчунин оид ба меъёрҳои байналмилалии озодии сухан ва баёни андеша, ҳуқуқҳои дастрасӣ ба имкониятҳои рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот, баҳсҳои диффаматсионӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон дар ВАО, ҳифзи маълумоти шахсӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ғайра маълумоти васеъ пешниҳод намуданд.

Яке аз устодони Мактаби ҳуқуқии ВАО Умрулло Меликов, доктори илмҳои ҳуқуқ давоми тренинг бобати рушди қонунгузории иттилоотӣ дар Тоҷикистон, моликияти зеҳнӣ, воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ дар фазои рақамӣ, молҳои рақамӣ ва ҳуқуқ ба онҳо ба иштирокчиёни тренинг иттилоъ дод.

Изатманд Саломов, мутахасиси соҳаи ВАО дар мавзӯҳои журналистикаи ҳассос ба низоъ ва далелсанҷӣ, воситаҳои далелсанҷӣ, фейкнюз, забони хушунат ба иштирокчиён маълумот дод.

Бобати амнияти рақамӣ, шаҳрвандии рақамӣ, заифии рақамию аналогӣ, истиқлолияти рақамӣ, худтанзимкунии онлайнӣ Асомиддин Атоев, намояндаи Фонди ҷамъиятии CIIP маълумот ироа кард.

Иноят Иноятов, адвокати Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон вобаста ба танзими ҳуқуқии масъалаи озодии ақида дар интернет, танзими ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ, ҳифзи ҳуқуқи сирри ҳаёти шахсӣ дар интернет, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, ҳифзи шаъну шараф ҳангоми туҳмат ё таҳқир маълумоти лозиму муҳимро пешниҳоди иштирокчиёни Мактаб намуд. Аз ҷумла вобаста ба ҷуброни зарари маънавӣ, таҷрибаи судии Тоҷикистон оид ба баррасии парвандаҳои гражданӣ нисбат ба журналистон ва дигар намояндагони ВАО маълумоти муфассалу ҷолиберо пешниҳод кард.

Иноят Иноятов аз таҷрибаи байналхалқӣ доир ба парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва ҷуброн намудани зарари маънавӣ низ гуфт.

Иштирокчиёни Мактаби ҳуқуқии ВАО маълумоти фаровону зарурӣ гирифтанд ва дар интиҳои омӯзиш барои иштироки фаъолонаашон соҳиби сертификат шуданд.

Мактаби ҳуқуқии ВАО дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои рақамӣ дар Осиёи Миёна» бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Артикл 19” амалӣ гардид.