Батанзимдарории ҳуқуқии ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ дар қонунгузорӣ

0
1979

Батанзимдарории ҳуқуқии ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ (диффаматсия) дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Мафҳумҳо:

  • диффаматсия- калимаи лотинии “diffamare” (ифшо кардан, беобрӯй кардан, маҳрум сохтан аз номи нек) аз калимаи “fama”- “обрӯ” гирифта шудааст. Аз он калимаи англиссии “demame” (бадном кардан, беобрӯ кардан, ноҳақ гап задан, буҳтон, туҳмат, паст задани шаъну шараф) ва  “diffamation”-и  фаронсавӣ (туҳмат, паҳн кардани маълумоти бадномкунанда дар бораи шахси дигар) ташкил ёфтааст.[1]  Яъне диффаматсия ин паҳн намудани иттилооти бадномкунанда дар васоити ахбори омма (мимбаъд дар матн ВАО)  ва дигар воситаҳо мебошад;
  • туҳма т- дидаву дониста паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад;
  • таҳқир- беодобона ва бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар;
  • шахсияти оммавӣ – килимаи “оммавӣ” аз калимаи лотинии “publikus” сарчашма гирифта маънои умумихалқӣ, ҷамъятиро ифода мекунад. Шахсияти оммавӣ – ин шахсест, ки фаъолияташ аҳамияти муҳими ҷамъиятӣ дорад;
  • шахсони оммавӣ шахсоне мебошанд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муайян доранд, хоҳ дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, санъат, иҷтимоӣ, варзиш ё дар ягон соҳаи дигар. [2]

Асри 21 асри илму техника, асри пешрафту тараққиёт, дар ниҳоят асри иттилоотонӣ ва интернет мебошад. Бо назардошти ин омил зарур аст, ки дастрасии мардум ба иттилоот таъмин карда шуда, дар баробари ин роҳи ҳалли баҳсҳои дар ин самт бавуҷудоянда дар доираи чаҳорчубаи қонун мушаххас ва муайян карда шаванд.

Ба таърих назар кунем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба технологияи интернетӣ ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омад. Декабри соли 1999 аввалин дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет тавассути ширкати “Телеком Технолоҷӣ” ба роҳ монда шуд. Аз ин лиҳоз бо назардошти то андозае нав будани ин омил дар баробари пешрафт камбудиҳо оиди танзими ҳуқуқии баҳсҳои дар шабакаҳои  интернетӣ  бавуҷудоянда низ мушоҳида карда мешавад.

Мафҳуми диффаматсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон оварда нашудааст. Чи тавре, ки дар боло қайд карда гузаштем, диффаматсия ин паҳн намудани иттилооти бадномкунанда дар воситаҳои ахбори омма мебошад, ки онро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд:  

  • дидаву дониста паҳн намудани маълумоти бардурӯғи бадномкунандадиффаматсия ё туҳмати барқастонаи гумроҳкунанда;
  • тасодуфан паҳн намудани маълумоти бардурӯғи бадномкунандадиффаматсияи  бардурӯғ
  • паҳн намудани иттилооти ҳақиқии бадномкунанда-диффаматсияи боэътимод. [3]

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститусия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз карда мешаванд. Аммо ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои дигар инсон набояд халалдор карда шавад, зеро давлат “инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро  арзиши олӣ  эътироф намудадахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст”.

Дар баробари ин давлат ба ҳар  кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро озод эътироф намудааст. Яъне тибқи қонун ҳар шахс новобаста аз он ки ӯ дар куҷо карор дорад, ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад. Вале муттасифона имрӯзҳо аксар вақт бархурдҳои ҷиддиро байни ду ҳуқуқи конститутсионӣ мушоҳида мекунем. Яъне байни озодии сухан ва дахлнопазири шаъну шараф ва эътибори корӣ.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ВАО,  журналистон ва дигар шахсон (субеъктони паҳнкунандаи иттилоот), бояд дар вақти  омода ва интишор намудани иттилоот аз паҳн намудани маълумотхое, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро паст мезананд, худдорӣ намоянд ва аз озодии сухан суиистифода накунанд. Чун диффаматсия ин нанг дар матбуот аст.  Зери мафхуми маълумотхое, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуиро паст мезананд чунин маълумотҳое, ки дар матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд, пахши он дар шабакаи Интернет, хамчунин бо истифодаи воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ, тафсир дар тавсифномаи хизматӣ, баромадҳои оммавӣ, аризаҳо, ки ба суроғаи шахсони мансабдор ё ин ки иттилоот дар ҳама гуна шакл, аз чумла ба тариқи шифоҳӣ ақаллан ба як шахс ирсолшуда, фаҳмида мешавад. [4]

Ҳангоми ба вуҷуд омадани чунин мушкилиҳо хатари маҳдуд кардани ҳуқуқ ба озодии сухан ҷой дорад. Зеро ҳуқуқи озодии сухан ҳуқуқи мутлақ набуда, он метавонад, дар ҳолати ба вуҷуд омадани зарурат бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқаррашуда маҳдуд карда шавад (қисми 3, моддаи 14 Конститутсия).

Гарчанде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми диффаматсия ва ҷавобгарӣ барои он дар алоҳидагӣ оварда нашуда бошад ҳам, онро якчанд санадҳои ҳуқуқӣ аз қабили, Кодекси гражданӣ, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва дигар санаду меъёри ҳуқуқӣ ба танзим медароранд. Яъне дар умум қонунгузории амалкунанда ҳифзи судиро ба инсон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ кафолат додааст.

Ҳуқуқ ба ҳифз намудани неъматҳои ғайримоддӣ  ва ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ дар моддаҳои 170, 172, 173, 174, 174 иловаи 1, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ҳуқуқ ба ҳифз намудани шаъну шараф ва эътибори корӣ бошад дар моддаи  174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.  Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ муҳофизат менамояд.

Моддаи 174-и Кодекси гражданӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки раддияи маълумотеро, ки шаъну шараф ва эътибори кории ӯро паст мезананд, дар суд талаб кунанд. Агар чунин маълумот тавассути ВАО паҳн шуда бошад, раддия низ бояд дар ҳамон ВАО паҳн карда шавад. Чунин радкунӣ бояд ройгон сурат бигирад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 174-и Кодекси гражданӣ, ҳифзи шаъну шараф дар ҳолати  туҳмат ва таҳқир, бо тартиби пешбинӣ намудаи моддаҳои, 170 (Неъматҳои ғайримоддӣ), моддаи 171 (Ҷуброни зиёни маънавӣ) моддаи 174 (Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ), сурат мегирад.

Ҳамин тариқ, шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми туҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, беодобона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар (диффаматсия) тибқи талаботи  моддаҳои 170, 171, 174, 174 иловаи 1, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Дар баробари ин Диффаматсия дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун кирдори ҷиноӣ мавриди таъқиб қарор мегирад. То соли 2012 дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳое мавҷуд буданд, ки тибқи онҳо барои  туҳмат (моддаи 135 КҶ ҶТ ) ва  таҳқир (моддаи 136 КҶ ҶТ) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуда буд. Ин моддаҳо соли 2012 аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ карда шуда, ба Кодекси гражданӣ (моддаи 174, иловаи 1) гузаронда шуданд. Минбаъд, ҷавобгарӣ барои туҳмат ва таҳқир дар доираи истеҳсолоти судии гражанӣ баррасӣ карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, дар қонунгузории  ҷиноятии Тоҷикистон барои амалҳои диффаматсионӣ  ҳамчун механизми ҳифзи ҳуқуқ моддаҳои зерин мавҷуданд:

  • моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ;
  • моддаи 137.1. Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ;
  • моддаи 330.Таҳқири намояндаи ҳокимият.

Дар қисмати дуюми диспозитсияи моддаҳои дар боло овардашуда, содир намудани ҳамин кирдорҳо агар бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои интернетӣ сурат гирифта бошад, ҳамчун ҳолати вазнинкунанда эътироф шудааст.

Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ оиди масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ (диффаматсия) ду модда пешбинӣ карда шудааст.

  • моддаи 70 барои фароҳам наовардани имконият барои ба маълумоти омма расонидани раддия ё дигар тавзеҳот оид ба ҳимояи шаъну шараф ё эътибори кории номзад. Барои бо ҳар роҳу усул фароҳам наовардани имконият ҷиҳати ба маълумоти омма расонидани раддия ё дигар тавзеҳоти ҳимояи шаъну шараф ё эътибори кории номзад то ба охир расидани муҳлати тарғиботи пешазинтихоботӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот фароҳам овардани чунин имконият ҳатмӣ мебошад;
  • моддаи 83-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оиди паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи номзад. Бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи интихобот паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихобӣ бо роҳи нашр намудан ё дигар воситаҳо.

Ҳамин тавр, дар вақти таҳлил ва омӯзиши мавзуи мазкур ба хулосае омадан мукин аст, ки дар амалия ва таҷрибаи судии мо асосан шахсони оммавӣ мавриди таҳқиру туҳмат ва танқид карор мегиранд. Ва ба ақидаи мо ин аз як тараф хуб аст, чун дар давлатҳои демократӣ барои таъмини шаффоият ва гуногунандешӣ воситаи асосит. Чи гунае, ки дар банди 9-и Қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти №7 аз 23.12.2011  гуфта шудааст, “шахсони мансабдори давлатӣ оиди тарзи кору фаъолият, таври иҷро кардани вазифаҳои худ метавонанд дар воситаҳои ахбори омма зери танқид қарор гирифта шаванд, чунки ин баҳри таъмини шаффофият ва иҷроиши ваколатҳои масъули онҳо зарур мебошад”.

Қобили қайд аст, ки дар вақти баррасии баҳсҳо оиди паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ (ҳуқуқ ба дахлнопазирии шаъну шараф) ва  озодии сухан, бояд аз тарафи судҳо тавозун риоя карда шавад.  Зеро дар баробари кафолати ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ (шахсӣ), конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст. Аз ин рӯ, ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, судҳо бояд ба он диққат диҳанд, ки мулоҳизаҳои баҳодиҳӣ, фикру ақидаҳо, мавзӯи баҳси судӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ тибқи моддаи 174  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, зеро онҳо ифодаи фикру ақидаи субъективии шахс буда, мавриди санҷиш қарор дода намешаванд. [5]

Ҳамзамон, барои такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти масъалаҳои шаъну шараф ва эътибори корӣ (диффаматсия)  пешниҳод карда мешавад:

  • барои таъмини озодбаёнӣ ва ташаккулу мустақилияти ВАО, дар заминаи Қарори Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳсои то имрӯз бавуҷудомада (таҷрибаи судӣ), барои судҳо аз тарафи мақомоти бо салоҳияти давлатӣ барномаи махсус қабул карда шавад;
  • дар қонунгузории кишвар бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳо мафҳуми диффоматсия ва шахсони оммавӣ  ба тариқи зайл – шахсони оммавӣ шахсоне мебошанд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муайян доранд, хоҳ дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, санъат, иҷтимоӣ, варзиш ё дар ягон соҳаи дигар. “Диффаматсия – ин паҳн намудани иттилооти бадномкунанда, пастзанадаи шаъну шараф, эътибори корӣ ва эътибори шахсӣ дар воситаи ахбори омма мебошад” ҷой дода шавад.

© Зикруллоев  Хусрав

[1] Крысин Л.П., Толковый словарь иноязычных слов, М., 2008 г.

[2] Диффаматсия чист ва чи тавр аз он дурӣ ҷуст? – Душанбе 2021. “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”.

[3] Понятие диффамации, Шабанов Д.С.,

[4] Банди 8 Карори Пленуми Суди Оли тахти №7 аз 23.12.2011 сол

[5] Банди 9 Карори Пленуми Суди Оли тахти №7  аз 23.12.2011 сол.