Муҳокимаи модули дарсии ҳуқуқи ВАО

0
1160

Муҳокимаи модули дарсии ҳуқуқи ВАО оғоз шуд. Дар ин чорабинии чаҳоррӯза, ки аз санаи 2 июли соли равон дар Осоишгоҳи “Баҳористон” оғоз гардида, ҳуқуқшиносон, устодони факултаҳои рӯзноманигорӣ, ки аз ҳуқуқи ВАО дарс мегӯянд, гирд омадаанд.

Дар омӯзиш инчунин мавзӯҳои худтанзимкунии онлайнӣ ва худтанзимнамоӣ дар  соҳаи ВАО, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, унсурҳои асосии ҳуқуқии мавҷудияти ВАО, дастгирии давлатии ВАО, озодии сухан, роҳ надодан ба сӯъистифода аз озодии сухан, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ВАО-ро танзим мекунад, вазъи ҳуқуқии редаксияи  ВАО, мафҳум ва шаклҳои редаксияи ВАО ва таъсиси он, мақомоти идоравии редаксияи ВАО, бақайдгирии ВАО, боздошт ва қатъи он, вазъи ҳуқуқии редаксияи  ВАО, мафҳуму шаклҳои редаксияи ВАО ва таъсиси он, мақомоти идоравии редаксияи ВАО, иҷозатнома ва иҷозатҳо дар фаъолияти ВАО, иҷозатнома дар фаъолияти  редаксияи ВАО, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  дар фаъолияти  редаксияи ВАО, масъалаҳои умумии моликияти зеҳнӣ ва ВАО, ҳуқуқҳои муаллиф ва ВАО, рақобат ва реклама дар ВАО, танзими  рақобат ва маҳдуд намудани фаъолияти инҳисорӣ дар соҳаи ВАО, реклама дар ВАО, забони адоват, тавсифи умумии муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба  истифодаи технологияҳои рақамӣ ва дигар мавзӯҳо шарҳу тавзеҳ дода мешавад.