Саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон

0
189

Дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии “Тавозун”, ки рӯзи 14-уми ноябр баргузор гардид, ҳамкории мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи мониторинги “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар он беш аз намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок ва дар доираи ин мавзуъ мубодилаи афкор намуданд. Маҳфил дар доираи лоиҳаи “Идоракунии босамар барои рушди иқтисодӣ (EGED)” бо дастгирии ташкилоти “ACTED” аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Хома” амалӣ мешавад.

Шаҳло Акобирова, директори “Хома” аз чап якум

Шаҳло Акобирова, директори “Хома” чорабиниро ифтитоҳ карда, аҳамияти ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатиро дар татбиқи самараноки ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ зикр намуд.
Номбурда гуфт, дар татбиқи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” дар бораи саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас дарҷ шудааст ва ин имкон медиҳад, ки созмонҳои ҷамъиятӣ дар раванди мониторинг ва арзёбии он фаъолона иштирок кунанд.

Манучеҳра Мадҷон

Манучеҳра Мадҷон, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар баромади худ саҳми тарфҳои манфиатдор дар татбииқи Стратегияро таъкид кард.
Ӯ дар баромади худ, ки ба “Ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор дар татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бахшида шуда буд, сараввал оид ба баъзе нишонидаҳндаҳои мақсаднок, ки дар доираи ин ҳуҷҷат ба даст омадааст, маълумот дод.
Ин масъули давлатӣ, оид ба дастовардҳо зимни татбиқи Стратегия сухан гуфта, иброз дошт, ки дар давраи татбиқи ин стретегияи миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 335 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ қабул гардид, ки зиёда аз 105-тои он амалӣ шуда, иҷрои 230 адад идома дорад.
Номбурда ҳамчунин, дар бораи дастовардҳои барномаҳои миёнамуҳлат, ки дар асоси ин ҳуҷҷат таҳия ва қабул шуда буданд, маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки дар давраи татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати рушди соли 2016-2020 ва 2021-2025 майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, Тоҷикистон ба Созмони умумии савдо (СУС), Конвенсияи Апостил ва Конвенсияи арбитражи байналхалқӣ ҳамроҳ шуд.
Таъкид гардид, ки зимни татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» суръати рушди миёнасолонаи ММД 7%, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба, ҳаҷми ММД 2,3 маротиба, ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти кшоварзӣ 1,6 маротиба зиёд шуда, 2400 км роҳҳои мошингарди нав ва 219 км роҳи оҳан бунёд гардид, 326 пул сохта шуда, 2 агрегати НБО «Роғун» (260 мегаватт) ба истифода дода шуд.
Дар посух ба суоли журналистон дар бораи мушкилиҳо дар самти татбиқи Стратегия Манучеҳра Мадҷон посух дод, ки мушкили аслӣ, ин ҷалби маблағҳои зарурӣ барои татбиқи ин стратегия аст, ки бо таъсири манфии буҳронҳои ҷаҳонӣ ва пандемияи COVID-19 амалисозии Стратегияро душвор кард.
Ба таъкиди вай, бар асари пандемияи COVID-19 лозим омад, ки восита ва имкониятҳои молиявӣ ба пешгирии вирус равона карда шаванд.
“Бо вуҷуди дар Тоҷикистон таъмин шудани рушди иқтисоди баландтар нисбат ба дигар кишварҳои минтақа (4,5%), ин соли душвор буд”, – гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Манучеҳра Мадҷон, бар асари вазъи душвори сиёсӣ дар ҷаҳон шарикони рушд низ афзалиятҳои худро тағйир дода, барои кишварҳое чун Тоҷикистон ҷалби маблағҳо боз ҳам душвортар шуд.
Ба гуфтаи Мадҷон, ба ҳукумат лозим омад, ки афзалиятҳояшро тағйир дода, маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои аз шарикони рушд ҷалбшударо ба бартараф намудани оқибатҳои пандемия равона кунад.
Ӯ зикр кард, ки талошҳои ҳукумати кишвар ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба амалисозии СМР равона шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар марҳилаи аввал барои амалисозии Стратегия (солҳои 2016-2020) аз 125 млрд сомонии пешбинигардида ҷалби 110 млрд сомонӣ муяссар шуд Аз ҷумла:
– 68 млрд сомонӣ – аз ҳисоби давлат (иҷрои нақша – 99%);
– 31 млрд сомонӣ – аз ҳисоби бахши хусусӣ (69%);
– 11 млрд сомонӣ – аз ҳисоби шарикони рушд (89%).
Дар марҳилаи дуюми татбиқи Стратегия (солҳои 2021-2025) ҳоло танҳо 58%-и маблағҳои зарурӣ – аз 115 млрд сомонии пешбинигардида 62 млрд сомонӣ ҷалб шудааст.
Ба пурсиши дигари журналистон дар бораи сатҳи камбизотӣ ӯ гуфт, ҳоло ин рақам 21,2 фоизро ташкил медиҳад ва дар назар аст, ки дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ то соли 2030 ба 10 фоиз расонида шавад.
Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ дар стратегия гуфта шудааст, ки то соли 2030 сатҳи камбизоатӣ то 15% бояд паст карда шавад.
“Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар паёми охири худ ба ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки сатҳисуръати рушди иқтисодӣ на кам аз 8% таъмин крада шавад ва сатҳи камбизоатӣ дар соли 2030 то 10% расонида шавад. Ин барои ҳамаи мо як масъулияти баланд аст ва ҳама кушишҳоямонро барои ин вазафае, ки дар наздамон гузошта шудааст, боз ҳам сайъ кунем”, – гуфт Манчеҳра Мадҷон.
Ин масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар дар посух ба суоли Сайраҳмон Назриев, рӯзноманигори хабаргузории “Азия-Плюс” оид ба нақши муассири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи мониторинги СМР-2030 гуфт, ки пеш аз ҳама саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани тадқиқот ва мониторингу арзёбиҳои мустақил, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим мебошад, зоҳир мешавад.
“Мақомоти давлатӣ дар танҳоӣ наметавонад, тадқиқотҳову арзёбиҳоро ҳамаҷониба фаро гиранд ё гузаронад. Дар ин ҷо арзёбиҳои мустақил, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ муҳим аст, бояд гузаронида шавад. Чунки дар арзёбиҳои мустақил фикру ақида ва пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираи васеи олимону коршиносони соҳа дарҷ мешавад. Дар ин арзёбиҳо ҳамчунин, дигар намояндагони қишри ҷомеа ва дар маҷмуъ, шаҳрвандон ҷалб мешаванд, ки дар татбиқи ояндаи ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ҳузури онҳо муҳим аст”, – гуфт ӯ.
Манучеҳра Мадҷон гуфт, танҳо тавассути маблағгузорӣ ба татбиқи стратегия ноил шдуан ғайрииимкон аст ва бисёр муҳим аст, ки самараи ислоҳот тавассути ВАО ба тамоми ҷомеа расонида шавад, то ин ки ин шаҳрвандон аз дастоварди ислоҳот огоҳ шаванду онро истифода баранд. Ин пеш аз ҳама ба шаффофият ва ҳамкории созандаи байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ замина мегузорад.

Хайриниссо Расулова

Хайриниссо Расулова, узви Раёсати ТҶ “Арзёбӣ барои рушди устувор” ва Мавзуна Каримова, доктори илмҳои иқтисодӣ дар баромади худ зикр карданд, ки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар арзёбии мустақили дастовардҳо, мушкилот ва монеаҳои татбиқи Стратегия саҳми назаррас гузоранд.
Аз ҷумла, Хайриниссо Расулова, ки созмони онҳо дар мониторинги татбиқи Стартегия ва барномаҳои миёнамуҳлати он саҳм доранд, дар бораи таҷрибаи худ дар рафтаи мониторинг ва арзёбӣ нақл кард.
Ӯ гуфт, ки ҳарчанд гурӯҳҳои корие ки барои мониторинг ва арзёбии стратегия ба барномаҳо корҳои амалӣ мекунанд, вале аз натиҷаи он дар расонаҳо камтар иттилоъ нашр мешавад. Ба ишора ба ин мушкил ӯ пешниҳод кард, ки дар назди гурӯҳҳои корӣ як ё ду журналист ҳам ҷалб крада шавад, то онҳо натҷаи кори гурӯҳҳоро дар расонаҳо нашр кунанд ва ҷомеаи аз рафтаи татбиқи он огоҳ шавад.

Мавзуна Каримова

Зимнан, Мавзуна Каримова дар бораи он ки то куҷо мониторинг ва арзёбии ҳуфатҳои муҳими стратегӣ, махсусан стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 зарур аст, маъруза кард.
Ӯ аз ҷумла гуфт, мониторинги татбиқи стратегия имкон медиҳад, ки раванди ҳадафҳои гузошташуда дар ҳуҷҷат баҳогузорӣ шаванд, мушкилот ва монеаҳое, ки метавонанд татбиқи стратегияро суст кунанд, маълум кунад ва барои иҷрои самараноки вазифаҳо дар ин самт чораҳои зарурӣӣ пешниҳод кунад.
“Бе мониторинги пайваста ва мустақил, стратегияи давлатӣ метавонад танҳо маҷмӯи ҳадафҳои бузург дар рӯи коғаз боқӣ монад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ зинаи муҳиме дар таъмини шаффофияти ин раванд мебошад”,- гуфт Мавзуна Каримова
Ба таъкиди номбурда, тарафҳои манфиатдор дар маниторинги татбиқи статегия ҳукумат (натиҷаҳоро арзёбӣ мекунад), ҷомеаи шаҳрвандӣ (ҷомеаро бо натиҷаҳо шинос мекунад ва гузоришҳои алтернативӣ пешниҳод кунанд) ва ташкилотҳои байналмилалӣ (рушди лоиҳаҳои ҷорӣ ва натиҷаи онҳоро таҳлил менамоянд) мебошанд.
Мавзуна Каримова дар идома аз чанд мониторинги муваффақи барномаҳои давлатӣ ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шудааст, мисол овард. Яке аз онҳо мониторинги “Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ (КУИ)” аст, ки дар доираи лоиҳаи АКТЕД бо дастгирии FCDO аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Ҷаҳон” дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои маҳаллии ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои мониторинг ба коркард ва пешниҳод намудани маҷмӯи тавсияҳо мусоидат намуданд, ки баъдар ин тавсияҳо барои такмили вазифаҳо, самтҳои рушди барнома ва нақшаи чорабиниҳои нави Барномаи КУИ барои давраи то соли 2030 пешниҳод шуданд.
Аз ҷумла, яке аз тавсияҳои асосӣ таҷдиди назар кардани Методикаи мавҷуда барои муайян кардани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ буд, он дар тағйиру иловаҳо ба Қонуни дар бораи КУИ ворид ва қабул шуд.
Вай аз чанде дигар мониторинги ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, ки аз сӯи ҷомеаи шаҳврандӣ гузаронида шуда, таклифу пешниҳодҳое ки дар натиҷаи гузаронидани он қабул шуданд, ёдоварӣ кард.
Дар идома аз мушкилот ва камбудиҳое, ки дар раванди гузаронидани мениторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои давлдатӣ мушоҳида мешавад, ёдоварӣ шуд ва барои ҳалли онҳо чунин пешниҳодҳо манзур кард:
– Тақвияти рақамикунонӣ: Ташкили платформаҳои онлайн барои ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳо аз шаҳрвандон ва мониторинги мустақил.
– Ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ: Иштирок дар барномаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ.
– Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби давлат: Таъмини маблағгузорӣ ва омӯзиш барои ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки бо мониторинг машғуланд.
Каримова дар охир гуфт, танҳо бо талошҳои муштараки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон ба пешрафти воқеӣ дар иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои СМР 2030 ва расидан ба рушди устувор ноил шуд.

Уктам Ҷумаев

Уктам Ҷумаев, коршинос дар баромади худ усулҳои мониторинг ва арзёбии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушдро муфассал шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки барои арзёбии воқеии натиҷаҳо истифодаи методологияи дуруст ва маълумоти боэътимод муҳим аст.
Ӯ дар маърузаи худ “Оид ба мониторинг ва арзёбии нишондиҳандаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” зир кард, ки барои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумати кишвар қоидаҳои алоҳида тасдиқ шудааст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар асоси он гузаронида мешавнад.
Ҷумаев афзуд, 4 намуди нишондиҳандаи мониторинг ва арзёбӣ амал мекунад, ки барои гузаронидани баҳогузорӣ лозим аст:
– Индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) захираҳои сарфшуда
– Индикаторҳои маҳсулот
– Индикаторҳои натиҷаҳои ниҳоӣ
– Индикаторҳои таъсир
Вай гуфт, дар Барнома ба ду саволи асосӣ – оё татбиқи чорабиниҳои Барнома натиҷа дод? (самаранокӣ ва таъсир) ва оё ин равиш дуруст ва беҳтарин аз имконпазирҳо буд? (принсипи илова кардани натиҷаҳо)ро бояд таҳлил кард.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён мубоҳисаи фаъол баргузор намуда, пешниҳоду дархости мушаххаси худро барои беҳтар намудани ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушд ироа намуданд.
Зимни мубодилаи афкор, аз ҷумла, Абдулазизи Восеъ, рӯзноманигори мустақил гуфт, ки барои татбиқи ҳамаи он корҳое, ки дар СМР-2030 нишон дода шудааст, бахши аз ҳама муҳим дар нақшаву барномаҳои амал ин рушди соҳаи алоқа аст, ки бодя суръати Интрнет бояд хуб бошад, нархаш датсра сбошгад. Вақте ҳамин бахш дар авлавият қарор мегирад, рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, иқтисоди сабзу саноаткунонӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ низ рушд худ аз худ рушд мекунад. Бидуни беҳтар кардани суръати Интернет иҷрои дигар бахшҳо мушкил ва ё суръаташ заиф мешавад.
Дар охир зикр карда шуд, ки рисолати кори журналист ин як навъ арзёбӣ аст. Чунки онҳор ҳамавақт дар омӯзиш, ҷустуҷӯи маълумот, истифодаи сарчашмаҳои муътамад ва таҳлили раванди иҷрои ҳуҷатҳои қабулшуда мебошад. Яъне ҳадафи ниҳоии журналистон маҳз таҳлил, баррасӣ арзёбӣ омӯзиш ва пешкаш кардани иттилои дурусту пурра ва шаффоф аз сарчашмаҳои гуногун (иттилои расмӣ ва алтернативӣ) ба ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ҳуҷҷати муҳими банақшагирии стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро муайян менамояд. Ин санади муҳим таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатиро ҳадафи асосӣ қарор додааст.