Блоги ман-масъулияти ман!

0
238

Блоги ман-масъулияти ман – бо ин шиор омӯзиши 2-рӯзаи навбатиро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор намудем. Рӯзҳои 15-16 май ҳудуди 30 блогери шинохтаи кишвар дар бораи ҳуқуқи инсон ва меъёрҳои ахлоқӣ маълумоти зарурӣ касб карданд.

Мақсад аз омӯзиш кумак ба блогерон дар пешгирӣ аз хатарҳо ҳангоми паҳн кардани иттилоот ва қабули қарор дар ҳолатҳои душвор буд. Зеро, таҷриба нишон дод, ки надонистани ҳуқуқ, бахусус, ҳуқуқи инсон, метавонад барои блогерон мушкилот эҷод кунад.

Блогерон дар раванди омӯзиш қайд намуданд, ки бори аввал дар омӯзише ширкат мекунанд, ки ба онҳо масоили ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ омӯзонда мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодии сухан, забони хушунат, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ аз мавзӯҳои асосии омӯзиш буданд.

Мутахассиси зеҳни сунъӣ роҳҳои беҳтар кардани муҳтаворо ба блогерон омӯзонд то бо истифода аз ин имконият фаъолияти худро рушд диҳанд. 

Блогерон аз натиҷаи омӯзиш изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо бештар бошад то бо истифода аз он малакаи ҳуқуқӣ касб намоянд то дар фаъолияти худ ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд. 

Омӯзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерон дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”  бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) баргузор шуд.