Аҳамият ва таъсири дата-журналистика барои маърифати молиявии аҳолӣ

0
624

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” амаликунонии лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” – ро, идома медиҳад.

23-24 ноябри соли равон семинар таҳти унвони “Хусусияти пешниҳоди маводи иқтисодӣ дар ВАО-и муосир” барои роҳбарони ВАО-и  Тоҷикистон  баргузор шуд. Мақсад аз омӯзиш – иттилоонидани ВАО оид ба аҳамияти пешниҳоди маводи дастрас дар масоили буҷа ва идораи молияи давлатӣ буд.
Дар омӯзиш роҳбарони телевизионҳои давлатию мустақил, нашрияҳои чопию онлайн ва радиоҳо иштирок карданд.

Ба ҳайси тренер рӯзноманигори шинохтаи байналхалқӣ, продюсери лоиҳаҳои чандрасонаӣ ва дата-журналистӣ Артем Галустян таклиф шуда буд, ки оид ба тамоюлҳои асосии ҷаҳонӣ дар соҳаи ВАО маълумоти васеъ дод. Ӯ ба иштирокчиён оид ба зарурати инъикоси мавзӯҳои молиявӣ дар ВАО, тарзи пешниҳоди мавзӯҳо, ташкили кори редаксия ҳангоми сохтани дата-лоиҳаҳо ва нақши роҳбари ВАО дар ташаккулёбии ҷараёнҳои гуногуни редаксионӣ маълумотӣ ҷолиб пешниҳод намуд.

Ҳамзамон бо ҳамроҳии тренер масоили вобаста ба инъикоси идоракунии молияи давлатӣ ва буҷа дар ВАО, аз ҷумла инъикоси ҷараёни ташаккули буҷа, хусусиятҳои пешниҳоди иттилои иқтисодӣ дар шаклҳои мухталифи нашрияҳо, зарурати истеҳсоли маводи иқтисодӣ, нақши ВАО барои рушди кишвар ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин таъсири инъикости масъалаҳои иқтисодӣ ба нуфузи ВАО баррасӣ  шуданд. Барои роҳбарони ВАО мисолҳои зиёде аз фаъолияти ҳамкасбони хориҷӣ дар инъикоси маводи иқтисодӣ ва дата-лоиҳаҳо намоиш дода шуд. Аҳамияти рушди дата-журналистика барои баландшавии маърифати молиявии аҳолӣ таъкид гардид.

Дар доираи омӯзиш оид ба лоиҳаи DFID “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” маълумоти умумиро роҳбари Барномаи идораи давлатӣ DFID Тоҷикистон Азиза Катаева пешниҳод кард. Инчунин намояндагони қисматҳои дигари лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” дар омӯзиш иштирок намуда, ба роҳбарони ВАО аз кори амалинамудаи худ иттиллоъ доданд.

Корманди Вазорати молияи ҶТ Рустам Бобоев ба иштирокчиён маълумоти васеро оид ба ислоҳот дар низоми молияи давлатӣ пешниҳод намуд. Намояндаи барномаи «Дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон” Зарина Мамадалиева корашонро бо Парлумони ҶТ муаррифӣ карданд.

Инчунин намояндаи  ТҶ “Хома” ба иштирокчиён натиҷаи кори яксолаи ташкилотро муаррифӣ кард, ки маҳсули силсилаи тренингҳоро оид ба чандрасонаӣ ва дата-журналистика инъикос менамуд. Ба ҳозирон маводи иқтисодии иштирокчиёни лоиҳа, ки тариқи воситаҳои гуногуни замонавӣ сохта шудаанду дар ВАО ва блогҳои онҳо баромадаанд, намоиш дода шуд. Оид ба иқдомҳом ТҶ “Хома”  баҳри рушди дата-журналистика дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод гардид.

Роҳбарони ВАО инчунин имкон доштанд, ки бо натиҷаи тадқиқи маводи иқтисодӣ дар ВАО таҳти унвони “Тамоюл ва сифати матолиби иқтисодии Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” шинос шаванд, ки онро Хуршед Ниёзов, раиси Шӯрои ВАО ҶТ муаррифӣ намуд.

Лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ” аз ҷониби  Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст. Лоиҳа ба беҳтаршавии идораи молияи давлатӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти буҷаи давлатӣ равона шуда, ҳамзамон барои баландшавии дониши молиявии аҳолӣ тариқи рушди журналистикаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.