Зарфияти продакшн – студияҳо ҳанӯз истифода нашудаанд

0
521

Зарфияти продакшн – студияҳо ҳанӯз истифода нашудаанд”

Ҳарчанд онҳо имкон доранд дар тақвияти контенти миллӣ ва амнияти иттилоотӣ нақши муҳим бозанд

Мулоқоти роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо роҳбарони продакшн – студияҳои фаъол дар шаҳри Хуҷанд хеле аз масоили вуҷуддошта дар ин бозорро маълум намуд. Ин вохӯрӣ 18 январ дар доираи нақша – чорабиниҳое баргузор гардид, ки гуруҳи кории таъсисдодаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳбарияти “Хома” дархост намуда буд.

Ин гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, ки барои стратегияи рушди истеҳсолоти аудиовизуалӣ, Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон бозори мазкурро дар кишвар омӯзад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа намояд. Дар ин замина, дар назар гирифта шудааст, ки таҳлили стратегияи давлатии рушди контенгенти миллӣ сурат гирад. Аз ин хотир, бояд ҳар як ҷузъи ин контент, аз ҷумла фаъолияти продакшн – студияҳо таҳлил шавад. Мо қаблан дар пойтахт мулоқоти ҳамчунинро бо роҳбарони продакшн –студияҳои шаҳри Душанбе анҷом додем ва пешниҳод гардид, ки як вохӯрии кории онҳоро бо роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ташкил намоем. Хушбахтона, ин пешниҳод аз ҷониби раиси кумита бо қаноатмандӣ пазируфта шуд ва дар ҷараёни ин мулоқот бархе аз масъалаҳои вуҷуддошта ҳалли худро пайдо намуданд ва қисме дар ҳоли баррасианд. Аз ҷумла, 3 продакшн – студия соҳиби иҷозатнома гардид. Бояд махсус таъкид намоям, ки ин вохӯрии корӣ дар таърихи кумита бори нахуст амалӣ шуд.

Ҳадафи гуруҳи корӣ аз чӣ иборат аст? Роҳбарияти кумита мехоҳанд зарфиятҳои бозорро ба пуррагӣ омӯзанд, то аз имконоти онҳо истифода намоянд. Агар дар фаъолият ва муҳити корӣ мушкилоте боқӣ монда бошанд, барои ҳалли онҳо мусоидат намоянд. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён зимни мулоқот бо роҳбарони продакшн –студияҳо гуфтанд, ки хоҳони ҳамкории бештар бо онҳоанд ва аз ин роҳ мехоҳанд шабакаҳои телевизионии аз ҷумла миллиро бо маҳсулоти сифатнок пурра намоянд. Воқеан, дар дунёи мутамаддин истифода аз нерӯи продакшн – студияҳо дигар воқеияти рӯз аст. Шабакаҳои телевизионӣ ба ҷои кормандони зиёд ҳоло тариқи қарордодҳои барои ҳам муносиб аз барномаҳои продакшн – студияҳо истифода менамоянд. Чунин равиши кор, агар аз як ҷониб сарфаи маблағ барои онҳо бошад, аз сӯи дигар дар заминаи рақобат барномаҳои сифатноки касбиро рӯи кор овардаанд. Бар илова, дастгириву кӯмак ба бозори аудиовизуалии миллӣ хоҳад буд. Бубинед, дар Ӯзбекистони ҳамсоя, ки мисли мо ҳанӯз продакшн – студияҳо ба воситаи иҷозатномаи махсус фаъолият доранд, теъдоди чунин ширкатҳо бештар аз 1600 аст. Ҳол он ки ҳатто дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ  продакшн –студияҳо бидуни иҷозатнома ва танҳо бо пардохти андоз фаъолият мекунанд – гуфт роҳбари ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова.

Сардори идораи “Тоҷиккино” дар вилояти Суғд Муҳаммадназар Маҳкамов дар бораи вазъи феълии продакшн –студияҳо дар шимоли мамлакат маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар тамоми вилоят дар соли гузашта 3 студияҳои ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ ва  217 нафар ба нусхабардорӣ ва фурӯши маҳсулоти онҳо машғул будаанд.

Бояд гуфт теъдоди мушаххаси чунин нафаронро маълум кардан осон нест, чун онҳо вобаста ба имконоти худ каму зиёд мешаванд. Шояд бархеҳо ба рақобат тоб намеоранд, баъзеи дигар шояд ба мушкилоти дигар гирифтор шудаву як муддат аз фаъолият бозмемонанд ва пас аз чанде аз нав фаъолияти худро роҳандозӣ мекунанд. Бар замми ин ҳоло назорати марказҳои интернетӣ ва наворбардорӣ ҳам ба уҳдаи мост ва дар ин рӯйхат ҳамроҳанд, -гуфт ӯ.

Масъулини продакшн –студияҳои “Суғдвидео”, “Муҳаммад”, “Фаридун”, ки литсензия барои истеҳсол ва фурӯш доранд, дар ин мулоқот ҳузур доштанд, андешаву пешниҳодоти худро иброз намуданд. Ба ғайри онҳо, ҳамчунин роҳбарони студияҳое ҳам ба вохӯрӣ ҳозир шуда буданд, ки танҳо ба фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ машғуланд.

Зимни баррасиҳо дар бораи якбора афзоиш ёфтани арзиши иҷозатномаҳо барои нусхабардорӣ ва истеҳсол изҳори нигаронӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки ин литсензия соли 2009 – 330 сомонӣ арзиш дошт, соли 2014- 647 сомонӣ, аммо аз соли 2016 якбора ба 5000 сомонӣ расид, ки хеле гарон аст. Ҳол он ки ин литсензияҳо барои як сол дода мешаванд. Литсензия барои фурӯш 800 сомонӣ, регистр барои ҳар як мавод – 600 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳоло продакшн –студияҳо вобаста аз самти фаъолият бояд барои истеҳсол, фурӯш, нусхабардорӣ, намоиши оммавӣ ва наворбардорӣ бояд иҷозатнома гиранд.

Дар ҷараёни баррасиҳо ҳамчунин изҳори нигаронӣ гардид, ки вақти фурӯш масъалаи формати маҳсулоти аудиовизуалӣ вуҷуд надорад, чун дар ин замина қонунгузорӣ талабот пеш нагузоштааст.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио дар вилояти Суғд Мунира Раҳимзода, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, ба иштирокчиён дархости ҳамкорӣ намуд, агар онҳо матолиби барои онҳо муносиб пешниҳод карда тавонанд.  Абдумалик Қодиров, роҳбари Internews Network дар Тоҷикистон низ ба онҳо гуфт, ташкилоти онҳо имкон дорад дар заминаи портали ягона дар интернет маҳсулоти продакшн –студияҳоро ба шабакаҳои мустақили телевизонӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон пешниҳод намояд, ки барои шинохти онҳо мувофиқат мекунад.

Сухангӯи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов низ  аз ҷойгоҳи продакшн –студияҳо дар ҷаҳони муосир сухан карда, гуфт мутаассифона ин ширкатҳо дар Тоҷикистон барномаҳои касбии телевизионӣ надоранд, ҳол он ки дар дунё фаъолияти онҳо ҷойгоҳи бархе журналистонро танг карда, рақобатро шиддат бахшидаанд. Пас продакшн –студияҳои мо низ бояд ба бозомӯзии кормандони худ машғул бошанд, агар мехоҳанд дар ин бозор мавқеи устувор пайдо намоянд.